Sad( ص)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ ص ۚ وَالقُرءانِ ذِى الذِّكرِ(1)
Сод. Савганд ба Қуръони шарифи соҳиби панд,(1)
بَلِ الَّذينَ كَفَروا فى عِزَّةٍ وَشِقاقٍ(2)
ки кофирон ҳамчунон дар саркашиву зиддият(2)
كَم أَهلَكنا مِن قَبلِهِم مِن قَرنٍ فَنادَوا وَلاتَ حينَ مَناصٍ(3)
Чӣ бисёр мардумеро, ки пеш аз онҳо ба ҳалокат расонидем. Онон фарёд мебароварданд, вале гурезгоҳе набуд.(3)
وَعَجِبوا أَن جاءَهُم مُنذِرٌ مِنهُم ۖ وَقالَ الكٰفِرونَ هٰذا سٰحِرٌ كَذّابٌ(4)
Дар тааҷҷуб шуданд аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон бархост. Ва кофирон гуфтанд: «Ин ҷодугаре дурӯғгӯст.(4)
أَجَعَلَ الءالِهَةَ إِلٰهًا وٰحِدًا ۖ إِنَّ هٰذا لَشَيءٌ عُجابٌ(5)
Оё ҳамаи худоёнро як худо гардонида аст? Ва ин чизе аҷиб аст!»(5)
وَانطَلَقَ المَلَأُ مِنهُم أَنِ امشوا وَاصبِروا عَلىٰ ءالِهَتِكُم ۖ إِنَّ هٰذا لَشَيءٌ يُرادُ(6)
Бузургонашон ба роҳ афтоданду гуфтанд: «Биравед ва бар парастиши худоёни худ пойдорӣ кунед, ки ин аст чизе, ки аз шумо хоста шуда.(6)
ما سَمِعنا بِهٰذا فِى المِلَّةِ الءاخِرَةِ إِن هٰذا إِلَّا اختِلٰقٌ(7)
Мо дар ин охирин дин чунин сухане нашунидаем ва ин ғайри дурӯғ ҳеҷ нест.(7)
أَءُنزِلَ عَلَيهِ الذِّكرُ مِن بَينِنا ۚ بَل هُم فى شَكٍّ مِن ذِكرى ۖ بَل لَمّا يَذوقوا عَذابِ(8)
Оё аз миёки ҳамаи мо ваҳй бар ӯ нозил шудааст?» Балки онҳо аз ваҳйи Ман дар шубҳаанд ва ҳанӯз азоби Маро начашидаанд.(8)
أَم عِندَهُم خَزائِنُ رَحمَةِ رَبِّكَ العَزيزِ الوَهّابِ(9)
ё он ки хазинаҳои раҳмати Парвардигори ғолиби бахшандаат дар назди онҳост?(9)
أَم لَهُم مُلكُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَما بَينَهُما ۖ فَليَرتَقوا فِى الأَسبٰبِ(10)
Ё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он дуст, аз они онҳост? Пас бо нардбонҳое худро ба осмон кашанд.(10)
جُندٌ ما هُنالِكَ مَهزومٌ مِنَ الأَحزابِ(11)
Он ҷо лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи (бар зидди пайрамбарон) ҷамъшуда.(11)
كَذَّبَت قَبلَهُم قَومُ نوحٍ وَعادٌ وَفِرعَونُ ذُو الأَوتادِ(12)
Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн, ки мардумро ба чаҳормех мекашид, паёмбаронро дурӯғ мебароварданд.(12)
وَثَمودُ وَقَومُ لوطٍ وَأَصحٰبُ لـَٔيكَةِ ۚ أُولٰئِكَ الأَحزابُ(13)
Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка аз он ҷамоъатҳо буданд.(13)
إِن كُلٌّ إِلّا كَذَّبَ الرُّسُلَ فَحَقَّ عِقابِ(14)
Аз инҳо касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғ набаровард ва уқубати Ман воҷиб омад.(14)
وَما يَنظُرُ هٰؤُلاءِ إِلّا صَيحَةً وٰحِدَةً ما لَها مِن فَواقٍ(15)
Инҳо низ бонге сахтро интизори доранд, чунон ки онро дигар таваққуфе (бозистодане) набошад.(15)
وَقالوا رَبَّنا عَجِّل لَنا قِطَّنا قَبلَ يَومِ الحِسابِ(16)
Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!»(16)
اصبِر عَلىٰ ما يَقولونَ وَاذكُر عَبدَنا داوۥدَ ذَا الأَيدِ ۖ إِنَّهُ أَوّابٌ(17)
Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун. Ва аз бандаи Мо Довуди қудратманд, ки ҳамеша ба даргоҳи Мо тавба мекард, ёд овар!(17)
إِنّا سَخَّرنَا الجِبالَ مَعَهُ يُسَبِّحنَ بِالعَشِىِّ وَالإِشراقِ(18)
Мо кӯҳҳоро ром кардем ва кӯҳҳо ҳар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мекарданд.(18)
وَالطَّيرَ مَحشورَةً ۖ كُلٌّ لَهُ أَوّابٌ(19)
Ва паррандагон бар ӯ ҷамъ меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд.(19)
وَشَدَدنا مُلكَهُ وَءاتَينٰهُ الحِكمَةَ وَفَصلَ الخِطابِ(20)
Фармонравоияшро устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем.(20)
۞ وَهَل أَتىٰكَ نَبَؤُا۟ الخَصمِ إِذ تَسَوَّرُوا المِحرابَ(21)
Оё хабари он хусуматкунандагонро шунидаӣ, он гоҳ ки аз девори қаср ба масҷид даромаданд?(21)
إِذ دَخَلوا عَلىٰ داوۥدَ فَفَزِعَ مِنهُم ۖ قالوا لا تَخَف ۖ خَصمانِ بَغىٰ بَعضُنا عَلىٰ بَعضٍ فَاحكُم بَينَنا بِالحَقِّ وَلا تُشطِط وَاهدِنا إِلىٰ سَواءِ الصِّرٰطِ(22)
Бар Довуд дохил шуданд. Довуд аз онҳо тарсид. Гуфтанд: «Матарс, мо ду даъвогар ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёни мо ба ҳақ довари кун ва пой аз адолат берун манеҳ ва моро ба рохи рост ҳидоят кун.(22)
إِنَّ هٰذا أَخى لَهُ تِسعٌ وَتِسعونَ نَعجَةً وَلِىَ نَعجَةٌ وٰحِدَةٌ فَقالَ أَكفِلنيها وَعَزَّنى فِى الخِطابِ(23)
Ин бародари ман аст. Ӯро наваду нӯҳ меш (гӯсфанд) аст ва маро як меш. Мегӯяд: «Онро ҳам ба ман бидеҳ» ва дар даъво бар ман ғалаба ёфтааст».(23)
قالَ لَقَد ظَلَمَكَ بِسُؤالِ نَعجَتِكَ إِلىٰ نِعاجِهِ ۖ وَإِنَّ كَثيرًا مِنَ الخُلَطاءِ لَيَبغى بَعضُهُم عَلىٰ بَعضٍ إِلَّا الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ وَقَليلٌ ما هُم ۗ وَظَنَّ داوۥدُ أَنَّما فَتَنّٰهُ فَاستَغفَرَ رَبَّهُ وَخَرَّ راكِعًا وَأَنابَ ۩(24)
Довуд гуфт: «Ӯ, ки меши туро аз ту мехоҳад то ба мешҳои худ бияфзояд, ба ту ситам мекунад. Ва бисёре аз шарикон ғайри касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд — ва инҳо низ андак ҳастанд — бар якдигар ситам мекунанд». Ва Довуд донист, ки ӯро озмудем. Пас аз Парвардигораш бахшоиш хост ва ба руқӯъ дарафтоду тавба кард. (Саҷда).(24)
فَغَفَرنا لَهُ ذٰلِكَ ۖ وَإِنَّ لَهُ عِندَنا لَزُلفىٰ وَحُسنَ مَـٔابٍ(25)
Мо ин хатояшро бахшидем. Ӯро ба даргоҳи Мо тақарруб (наздикӣ) аст ва бозгаште некӯ.(25)
يٰداوۥدُ إِنّا جَعَلنٰكَ خَليفَةً فِى الأَرضِ فَاحكُم بَينَ النّاسِ بِالحَقِّ وَلا تَتَّبِعِ الهَوىٰ فَيُضِلَّكَ عَن سَبيلِ اللَّهِ ۚ إِنَّ الَّذينَ يَضِلّونَ عَن سَبيلِ اللَّهِ لَهُم عَذابٌ شَديدٌ بِما نَسوا يَومَ الحِسابِ(26)
Эй Довуд, Мо туро халифаи рӯи замин гардонидем. Дар миёни мардум ба ҳақ довари кун ва аз паи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Худо бероҳ созад. Онон, ки аз роҳи Худо каҷрав шаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро аз ёд бурдаанд, ба азобе сахт гирифтор мешаванд.(26)
وَما خَلَقنَا السَّماءَ وَالأَرضَ وَما بَينَهُما بٰطِلًا ۚ ذٰلِكَ ظَنُّ الَّذينَ كَفَروا ۚ فَوَيلٌ لِلَّذينَ كَفَروا مِنَ النّارِ(27)
Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ба ботил наёфаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас вой бар кофирон аз оташ.(27)
أَم نَجعَلُ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ كَالمُفسِدينَ فِى الأَرضِ أَم نَجعَلُ المُتَّقينَ كَالفُجّارِ(28)
Оё касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, монанди фасокунандагон дар замин қарор хоҳем дод? Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон?(28)
كِتٰبٌ أَنزَلنٰهُ إِلَيكَ مُبٰرَكٌ لِيَدَّبَّروا ءايٰتِهِ وَلِيَتَذَكَّرَ أُولُوا الأَلبٰبِ(29)
Китобе муборак аст, ки онро бар ту нозил кардаем, то дар оятҳояш бияндешанд ва хирадмандон аз он панд гиранд.(29)
وَوَهَبنا لِداوۥدَ سُلَيمٰنَ ۚ نِعمَ العَبدُ ۖ إِنَّهُ أَوّابٌ(30)
Сулаймонро ба Довуд ато кардем. Чӣ бандае некӯе буд ва рӯй ба Худо дошт.(30)
إِذ عُرِضَ عَلَيهِ بِالعَشِىِّ الصّٰفِنٰتُ الجِيادُ(31)
Он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезравро, ки истода буданд, ба ӯ нишон доданд,(31)
فَقالَ إِنّى أَحبَبتُ حُبَّ الخَيرِ عَن ذِكرِ رَبّى حَتّىٰ تَوارَت بِالحِجابِ(32)
гуфт: «Ман дӯстии ин аспонро бар ёди Парвардигорам бигзидам, то офтоб дар пардаи ғуруб пушида шуд (яъне намози аср қазо шуд),(32)
رُدّوها عَلَىَّ ۖ فَطَفِقَ مَسحًا بِالسّوقِ وَالأَعناقِ(33)
он аспонро назди ман бозгардонед». Пас ба буридани соқҳо ва гарданашон оғоз кард.(33)
وَلَقَد فَتَنّا سُلَيمٰنَ وَأَلقَينا عَلىٰ كُرسِيِّهِ جَسَدًا ثُمَّ أَنابَ(34)
Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро афкандем ва ӯ рӯй ба Худо овард.(34)
قالَ رَبِّ اغفِر لى وَهَب لى مُلكًا لا يَنبَغى لِأَحَدٍ مِن بَعدى ۖ إِنَّكَ أَنتَ الوَهّابُ(35)
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро мулке ато кун, ки пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ту бахшояндаӣ».(35)
فَسَخَّرنا لَهُ الرّيحَ تَجرى بِأَمرِهِ رُخاءً حَيثُ أَصابَ(36)
Пас бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо, ки мехост, ба фармони ӯ мерафт.(36)
وَالشَّيٰطينَ كُلَّ بَنّاءٍ وَغَوّاصٍ(37)
Ва девонро, ки ҳам бинокор буданду ҳам ғаввос (шиновар).(37)
وَءاخَرينَ مُقَرَّنينَ فِى الأَصفادِ(38)
Ва гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд.(38)
هٰذا عَطاؤُنا فَامنُن أَو أَمسِك بِغَيرِ حِسابٍ(39)
Ин атои беҳисоби Мост, хоҳӣ онро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор.(39)
وَإِنَّ لَهُ عِندَنا لَزُلفىٰ وَحُسنَ مَـٔابٍ(40)
Ӯрост назди Мо тақаррубу (наздик шудану) бозгаште некӯ.(40)
وَاذكُر عَبدَنا أَيّوبَ إِذ نادىٰ رَبَّهُ أَنّى مَسَّنِىَ الشَّيطٰنُ بِنُصبٍ وَعَذابٍ(41)
Ва аз бандаи Мо Айюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо кард, ки маро шайтон ба ранҷу азоб афканда аст.(41)
اركُض بِرِجلِكَ ۖ هٰذا مُغتَسَلٌ بارِدٌ وَشَرابٌ(42)
«Поятро бар замин бикӯб: ин обест барои шустушӯй ва сард барои ошомидан».(42)
وَوَهَبنا لَهُ أَهلَهُ وَمِثلَهُم مَعَهُم رَحمَةً مِنّا وَذِكرىٰ لِأُولِى الأَلبٰبِ(43)
Ва ба ӯ хонаводааш ва ҳамчанди он аз дигар ёронро ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарзе (панде).(43)
وَخُذ بِيَدِكَ ضِغثًا فَاضرِب بِهِ وَلا تَحنَث ۗ إِنّا وَجَدنٰهُ صابِرًا ۚ نِعمَ العَبدُ ۖ إِنَّهُ أَوّابٌ(44)
«Дастае аз чубҳои борик ба даст гир ва бо он (занатро) бизан ва савганди худро машикан». Ӯро бандае собир ёфтем, Ӯ, ки ҳамеша рӯй ба даргоҳи Мо дошт, чӣ некӯ бандае буд!(44)
وَاذكُر عِبٰدَنا إِبرٰهيمَ وَإِسحٰقَ وَيَعقوبَ أُولِى الأَيدى وَالأَبصٰرِ(45)
Бандагони Мо Иброҳиму Исҳоқ ва Яъқуб он мардони қудратманду бо илмро ёд кун!(45)
إِنّا أَخلَصنٰهُم بِخالِصَةٍ ذِكرَى الدّارِ(46)
Ононро хислати покдилӣ бахшидем, то ёди қиёмат кунанд.(46)
وَإِنَّهُم عِندَنا لَمِنَ المُصطَفَينَ الأَخيارِ(47)
Онҳо дар назди Мо интихобшудагону неконанд.(47)
وَاذكُر إِسمٰعيلَ وَاليَسَعَ وَذَا الكِفلِ ۖ وَكُلٌّ مِنَ الأَخيارِ(48)
Ва Исмоил ва Алясаъ ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз неконанд.(48)
هٰذا ذِكرٌ ۚ وَإِنَّ لِلمُتَّقينَ لَحُسنَ مَـٔابٍ(49)
Ин Қуръон пандест ва парҳезгоронро бозгаште некӯст;(49)
جَنّٰتِ عَدنٍ مُفَتَّحَةً لَهُمُ الأَبوٰبُ(50)
бихиштҳои ҷовидон, ки дари он ба рӯяшон кушода аст,(50)
مُتَّكِـٔينَ فيها يَدعونَ فيها بِفٰكِهَةٍ كَثيرَةٍ وَشَرابٍ(51)
Дар он ҷо такя задаанд ва ҳар гуна меваву нӯшиданӣ, ки бихоҳанд, металабанд.(51)
۞ وَعِندَهُم قٰصِرٰتُ الطَّرفِ أَترابٌ(52)
Заноне ҳамсол аз он гуна, ки ғайри шӯи худ ба касе назар надоранд, назди онҳоянд.(52)
هٰذا ما توعَدونَ لِيَومِ الحِسابِ(53)
Ин аст он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда додаанд.(53)
إِنَّ هٰذا لَرِزقُنا ما لَهُ مِن نَفادٍ(54)
Ин ризқи Мост, ки поён наёфтанист,(54)
هٰذا ۚ وَإِنَّ لِلطّٰغينَ لَشَرَّ مَـٔابٍ(55)
чунин аст. Ва саркашонро бадтарин бозгаштхост.(55)
جَهَنَّمَ يَصلَونَها فَبِئسَ المِهادُ(56)
Ба ҷаҳаннам мераванд, ки бад ҷойгоҳест.(56)
هٰذا فَليَذوقوهُ حَميمٌ وَغَسّاقٌ(57)
Бояд оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бинӯшанд.(57)
وَءاخَرُ مِن شَكلِهِ أَزوٰجٌ(58)
Ва азобҳои дигар аз ҳар навъ.(58)
هٰذا فَوجٌ مُقتَحِمٌ مَعَكُم ۖ لا مَرحَبًا بِهِم ۚ إِنَّهُم صالُوا النّارِ(59)
Ин гурӯҳ бо шумо (эй гумроҳкунандаҳо) ба оташ медароянд. Хушомадашон мабод, ки ба оташ меафтанд.(59)
قالوا بَل أَنتُم لا مَرحَبًا بِكُم ۖ أَنتُم قَدَّمتُموهُ لَنا ۖ فَبِئسَ القَرارُ(60)
Гӯянд: «На, хушомад шуморо набод. Шумо ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест!»(60)
قالوا رَبَّنا مَن قَدَّمَ لَنا هٰذا فَزِدهُ عَذابًا ضِعفًا فِى النّارِ(61)
Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, ҳар кас, ки ин азобро пешопеш барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон зиёда кун!»(61)
وَقالوا ما لَنا لا نَرىٰ رِجالًا كُنّا نَعُدُّهُم مِنَ الأَشرارِ(62)
Ва гӯянд: «Чаро мардонеро, ки аз ашрор (бадкорон). мешумурдем, акнун намебинем?(62)
أَتَّخَذنٰهُم سِخرِيًّا أَم زاغَت عَنهُمُ الأَبصٰرُ(63)
Ононро ба масхара мегирифтем. Оё аз назарҳо дур мондаанд?»(63)
إِنَّ ذٰلِكَ لَحَقٌّ تَخاصُمُ أَهلِ النّارِ(64)
Ин баҳсу ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар чизест, ки ба ҳақиқат воқеъ шавад.(64)
قُل إِنَّما أَنا۠ مُنذِرٌ ۖ وَما مِن إِلٰهٍ إِلَّا اللَّهُ الوٰحِدُ القَهّارُ(65)
Бигӯ: «Фақат ҳамин аст, ки ман бимдиҳандае ҳастам ва ҳеҷ худое ғайри Худои яктои каҳҳор нест.(65)
رَبُّ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَما بَينَهُمَا العَزيزُ الغَفّٰرُ(66)
Он пирӯзманду бахшоянда, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост».(66)
قُل هُوَ نَبَؤٌا۟ عَظيمٌ(67)
Бигӯ: «Ин хабаре бузург аст,(67)
أَنتُم عَنهُ مُعرِضونَ(68)
ки шумо аз он рӯй мегардонед,(68)
ما كانَ لِىَ مِن عِلمٍ بِالمَلَإِ الأَعلىٰ إِذ يَختَصِمونَ(69)
Ҳангоме ки бо якдигар ҷидол (баҳс) мекарданд, ман хабаре аз сокинони олами боло надоштам.(69)
إِن يوحىٰ إِلَىَّ إِلّا أَنَّما أَنا۠ نَذيرٌ مُبينٌ(70)
Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае равшангар ҳастам».(70)
إِذ قالَ رَبُّكَ لِلمَلٰئِكَةِ إِنّى خٰلِقٌ بَشَرًا مِن طينٍ(71)
Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башареро аз гил меофаринам.(71)
فَإِذا سَوَّيتُهُ وَنَفَختُ فيهِ مِن روحى فَقَعوا لَهُ سٰجِدينَ(72)
Чун тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед!»(72)
فَسَجَدَ المَلٰئِكَةُ كُلُّهُم أَجمَعونَ(73)
Ҳама фариштагон саҷда карданд,(73)
إِلّا إِبليسَ استَكبَرَ وَكانَ مِنَ الكٰفِرينَ(74)
Ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд.(74)
قالَ يٰإِبليسُ ما مَنَعَكَ أَن تَسجُدَ لِما خَلَقتُ بِيَدَىَّ ۖ أَستَكبَرتَ أَم كُنتَ مِنَ العالينَ(75)
Гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чӣ Ман бо ду дасти худ офаридаам, манъ кард? Оё бузургӣ намудӣ ё мақоме арҷманд доштӣ?»(75)
قالَ أَنا۠ خَيرٌ مِنهُ ۖ خَلَقتَنى مِن نارٍ وَخَلَقتَهُ مِن طينٍ(76)
Гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам. Маро аз оташ офаридаи ва ӯро аз гил».(76)
قالَ فَاخرُج مِنها فَإِنَّكَ رَجيمٌ(77)
Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, ки ту рондашудаӣ.(77)
وَإِنَّ عَلَيكَ لَعنَتى إِلىٰ يَومِ الدّينِ(78)
Ва то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар туст».(78)
قالَ رَبِّ فَأَنظِرنى إِلىٰ يَومِ يُبعَثونَ(79)
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки аз нав зинда шаванд, мӯҳлат деҳ»(79)
قالَ فَإِنَّكَ مِنَ المُنظَرينَ(80)
Гуфт: «Ту аз мӯҳлатёфтагонӣ,(80)
إِلىٰ يَومِ الوَقتِ المَعلومِ(81)
то он рӯзи муъайяни маълум».(81)
قالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغوِيَنَّهُم أَجمَعينَ(82)
Гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ки ҳамагонро гумроҳ кунам,(82)
إِلّا عِبادَكَ مِنهُمُ المُخلَصينَ(83)
ғайри онҳо, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд».(83)
قالَ فَالحَقُّ وَالحَقَّ أَقولُ(84)
Гуфт: «Ҳақ аст ва он чӣ мегӯям, рост аст,(84)
لَأَملَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكَ وَمِمَّن تَبِعَكَ مِنهُم أَجمَعينَ(85)
ки ҷаҳаннамро аз туву аз ҳамаи пайравонат пур кунам».(85)
قُل ما أَسـَٔلُكُم عَلَيهِ مِن أَجرٍ وَما أَنا۠ مِنَ المُتَكَلِّفينَ(86)
Бигӯ: «Ман аз шумо музде наметалабам ва нестам аз онон, ки ба дурӯғ чизе бар худ мебофанд».(86)
إِن هُوَ إِلّا ذِكرٌ لِلعٰلَمينَ(87)
Ва ии ғайри панде барои мардуми ҷаҳон нест.(87)
وَلَتَعلَمُنَّ نَبَأَهُ بَعدَ حينٍ(88)
Ва ту баъд аз ин аз хабари он огох хоҳӣ шуд!(88)