Muhammad( محمد)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ الَّذينَ كَفَروا وَصَدّوا عَن سَبيلِ اللَّهِ أَضَلَّ أَعمٰلَهُم(1)
Худо амалҳои касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд, ботил сохтааст.(1)
وَالَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ وَءامَنوا بِما نُزِّلَ عَلىٰ مُحَمَّدٍ وَهُوَ الحَقُّ مِن رَبِّهِم ۙ كَفَّرَ عَنهُم سَيِّـٔاتِهِم وَأَصلَحَ بالَهُم(2)
Худо гуноҳи касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда, — ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон, — имон овардаанд, аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард.(2)
ذٰلِكَ بِأَنَّ الَّذينَ كَفَرُوا اتَّبَعُوا البٰطِلَ وَأَنَّ الَّذينَ ءامَنُوا اتَّبَعُوا الحَقَّ مِن رَبِّهِم ۚ كَذٰلِكَ يَضرِبُ اللَّهُ لِلنّاسِ أَمثٰلَهُم(3)
Ва ин ба он сабаб аст, ки кофирон ба ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, ба ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин мисол меорад.(3)
فَإِذا لَقيتُمُ الَّذينَ كَفَروا فَضَربَ الرِّقابِ حَتّىٰ إِذا أَثخَنتُموهُم فَشُدُّوا الوَثاقَ فَإِمّا مَنًّا بَعدُ وَإِمّا فِداءً حَتّىٰ تَضَعَ الحَربُ أَوزارَها ۚ ذٰلِكَ وَلَو يَشاءُ اللَّهُ لَانتَصَرَ مِنهُم وَلٰكِن لِيَبلُوَا۟ بَعضَكُم بِبَعضٍ ۗ وَالَّذينَ قُتِلوا فى سَبيلِ اللَّهِ فَلَن يُضِلَّ أَعمٰلَهُم(4)
Чун бо кофирон рӯбарӯ шудед, гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ ё ба миннат озод кумед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост, аз онон интиқом мегирифт, вале хост то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, амалҳояшонро ботил намекунад.(4)
سَيَهديهِم وَيُصلِحُ بالَهُم(5)
Ба зуди, ки ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад.(5)
وَيُدخِلُهُمُ الجَنَّةَ عَرَّفَها لَهُم(6)
Ва ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад.(6)
يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُركُم وَيُثَبِّت أَقدامَكُم(7)
Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид.(7)
وَالَّذينَ كَفَروا فَتَعسًا لَهُم وَأَضَلَّ أَعمٰلَهُم(8)
Ҳалокату шӯрбахтӣ бод бар кофирон. Худо амалҳояшонро ботил кардааст.(8)
ذٰلِكَ بِأَنَّهُم كَرِهوا ما أَنزَلَ اللَّهُ فَأَحبَطَ أَعمٰلَهُم(9)
Зеро онон чизеро, ки Худо нозил кардааст, нохуш доранд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард.(9)
۞ أَفَلَم يَسيروا فِى الأَرضِ فَيَنظُروا كَيفَ كانَ عٰقِبَةُ الَّذينَ مِن قَبلِهِم ۚ دَمَّرَ اللَّهُ عَلَيهِم ۖ وَلِلكٰفِرينَ أَمثٰلُها(10)
Оё дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чӣ гуна будааст? Худо ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате ончунон хоҳанд дошт.(10)
ذٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ مَولَى الَّذينَ ءامَنوا وَأَنَّ الكٰفِرينَ لا مَولىٰ لَهُم(11)
Ин ба он сабаб аст, ки Худо ёвари 'касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ ёваре нест.(11)
إِنَّ اللَّهَ يُدخِلُ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ جَنّٰتٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ ۖ وَالَّذينَ كَفَروا يَتَمَتَّعونَ وَيَأكُلونَ كَما تَأكُلُ الأَنعٰمُ وَالنّارُ مَثوًى لَهُم(12)
Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо аз он порист, дохил хоҳад кард. Ва кофирон аз ин ҷаҳон баҳраманд мешаванд ва чун чорпоён мехӯранд ва ҷойгоҳашон оташ аст.(12)
وَكَأَيِّن مِن قَريَةٍ هِىَ أَشَدُّ قُوَّةً مِن قَريَتِكَ الَّتى أَخرَجَتكَ أَهلَكنٰهُم فَلا ناصِرَ لَهُم(13)
Чӣ қарияҳое (деҳаҳое), ки мардумаш аз мардуми қарияи ту, ки аз он берунат карданд, хеле пурқувваттар буданд, ки ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд.(13)
أَفَمَن كانَ عَلىٰ بَيِّنَةٍ مِن رَبِّهِ كَمَن زُيِّنَ لَهُ سوءُ عَمَلِهِ وَاتَّبَعوا أَهواءَهُم(14)
Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касонест, ки кирдори бадашон дар назарашон ороста шуда ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд?(14)
مَثَلُ الجَنَّةِ الَّتى وُعِدَ المُتَّقونَ ۖ فيها أَنهٰرٌ مِن ماءٍ غَيرِ ءاسِنٍ وَأَنهٰرٌ مِن لَبَنٍ لَم يَتَغَيَّر طَعمُهُ وَأَنهٰرٌ مِن خَمرٍ لَذَّةٍ لِلشّٰرِبينَ وَأَنهٰرٌ مِن عَسَلٍ مُصَفًّى ۖ وَلَهُم فيها مِن كُلِّ الثَّمَرٰتِ وَمَغفِرَةٌ مِن رَبِّهِم ۖ كَمَن هُوَ خٰلِدٌ فِى النّارِ وَسُقوا ماءً حَميمًا فَقَطَّعَ أَمعاءَهُم(15)
Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз шароб, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ бахшоиши Парвардигорашон. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе ҷӯшон меошомананд, чунон ки рудаҳояшон тика-тика мешавад?(15)
وَمِنهُم مَن يَستَمِعُ إِلَيكَ حَتّىٰ إِذا خَرَجوا مِن عِندِكَ قالوا لِلَّذينَ أوتُوا العِلمَ ماذا قالَ ءانِفًا ۚ أُولٰئِكَ الَّذينَ طَبَعَ اللَّهُ عَلىٰ قُلوبِهِم وَاتَّبَعوا أَهواءَهُم(16)
Баъзе ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандон мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки мегуфт?» Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва аз паи ҳавоҳои худ рафтаанд.(16)
وَالَّذينَ اهتَدَوا زادَهُم هُدًى وَءاتىٰهُم تَقوىٰهُم(17)
Онон, ки ҳидоят ёфтаанд, Худо ба ҳидояташон меафзояд ва парҳезгорияшон ато мекунад.(17)
فَهَل يَنظُرونَ إِلَّا السّاعَةَ أَن تَأتِيَهُم بَغتَةً ۖ فَقَد جاءَ أَشراطُها ۚ فَأَنّىٰ لَهُم إِذا جاءَتهُم ذِكرىٰهُم(18)
Оё танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳар оина (Албатта) нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашонро чӣ фоида?(18)
فَاعلَم أَنَّهُ لا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَاستَغفِر لِذَنبِكَ وَلِلمُؤمِنينَ وَالمُؤمِنٰتِ ۗ وَاللَّهُ يَعلَمُ مُتَقَلَّبَكُم وَمَثوىٰكُم(19)
Пас бидон, ки ҳеҷ худое ҷуз Оллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин бахшоиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб ба куҷо меоромед,(19)
وَيَقولُ الَّذينَ ءامَنوا لَولا نُزِّلَت سورَةٌ ۖ فَإِذا أُنزِلَت سورَةٌ مُحكَمَةٌ وَذُكِرَ فيهَا القِتالُ ۙ رَأَيتَ الَّذينَ فى قُلوبِهِم مَرَضٌ يَنظُرونَ إِلَيكَ نَظَرَ المَغشِىِّ عَلَيهِ مِنَ المَوتِ ۖ فَأَولىٰ لَهُم(20)
Касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Худо сурае нозил намешавад?» Чун сурае аз муҳқамот нозил шавад, ки дар оя сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон маразе ҳаст, бинӣ, ки чун касе, ки беҳушии марг бар ӯ ғолиб шуда, ба ту менигаранд. Пас барояшоя шоистатар(20)
طاعَةٌ وَقَولٌ مَعروفٌ ۚ فَإِذا عَزَمَ الأَمرُ فَلَو صَدَقُوا اللَّهَ لَكانَ خَيرًا لَهُم(21)
фармонбардорист ва сухани некӯ гуфтан. Ва чун тасмим ба ҷанг гирифта шуд, агар бо Худо садоқат кунанд, барояшон беҳтар аст.(21)
فَهَل عَسَيتُم إِن تَوَلَّيتُم أَن تُفسِدوا فِى الأَرضِ وَتُقَطِّعوا أَرحامَكُم(22)
Оё агар ба ҳукумат расидед, мехоҳед дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред?(22)
أُولٰئِكَ الَّذينَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فَأَصَمَّهُم وَأَعمىٰ أَبصٰرَهُم(23)
Инҳоанд, ки Худо лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро кару чашмонашонро кӯр сохтааст.(23)
أَفَلا يَتَدَبَّرونَ القُرءانَ أَم عَلىٰ قُلوبٍ أَقفالُها(24)
Оё дар Қуръон намеандешанд ё бар дилҳояшон қуфлҳост?(24)
إِنَّ الَّذينَ ارتَدّوا عَلىٰ أَدبٰرِهِم مِن بَعدِ ما تَبَيَّنَ لَهُمُ الهُدَى ۙ الشَّيطٰنُ سَوَّلَ لَهُم وَأَملىٰ لَهُم(25)
Шайтон амалҳои касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва бозгаштанд, дар назарашон биёрост ва орзуяшон дароз кард.(25)
ذٰلِكَ بِأَنَّهُم قالوا لِلَّذينَ كَرِهوا ما نَزَّلَ اللَّهُ سَنُطيعُكُم فى بَعضِ الأَمرِ ۖ وَاللَّهُ يَعلَمُ إِسرارَهُم(26)
Ва ин ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки оёти Худоро нохуш медоштанд, мегуфтанд: «Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем. Ва Худо аз розашон огоҳ аст.(26)
فَكَيفَ إِذا تَوَفَّتهُمُ المَلٰئِكَةُ يَضرِبونَ وُجوهَهُم وَأَدبٰرَهُم(27)
Чӣ гунаанд, он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар рӯ ва пуштҳояшон мезананд?(27)
ذٰلِكَ بِأَنَّهُمُ اتَّبَعوا ما أَسخَطَ اللَّهَ وَكَرِهوا رِضوٰنَهُ فَأَحبَطَ أَعمٰلَهُم(28)
Ин ба ҷазои он аст, ки ба он чӣ Худоро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва ба он чӣ хушнудаш месохта, бадбинӣ доштаанд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард.(28)
أَم حَسِبَ الَّذينَ فى قُلوبِهِم مَرَضٌ أَن لَن يُخرِجَ اللَّهُ أَضغٰنَهُم(29)
Оё онон, ки дар дилашон маразест, мепиндоранд, ки Худо кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ошкор нахоҳад кард?(29)
وَلَو نَشاءُ لَأَرَينٰكَهُم فَلَعَرَفتَهُم بِسيمٰهُم ۚ وَلَتَعرِفَنَّهُم فى لَحنِ القَولِ ۚ وَاللَّهُ يَعلَمُ أَعمٰلَكُم(30)
Агар бихоҳем, онҳоро ба ту менамоёнем ва ту онҳоро ба симояшон 'ё аз шеваи суханашон хоҳӣ шинохт ва Худо аз амалҳоятон огоҳ аст.(30)
وَلَنَبلُوَنَّكُم حَتّىٰ نَعلَمَ المُجٰهِدينَ مِنكُم وَالصّٰبِرينَ وَنَبلُوَا۟ أَخبارَكُم(31)
Ва шуморо меозмоем, то муҷоҳидон ва собиронатонро маълум дорем ва хабарҳоятонро ошкор кунем.(31)
إِنَّ الَّذينَ كَفَروا وَصَدّوا عَن سَبيلِ اللَّهِ وَشاقُّوا الرَّسولَ مِن بَعدِ ما تَبَيَّنَ لَهُمُ الهُدىٰ لَن يَضُرُّوا اللَّهَ شَيـًٔا وَسَيُحبِطُ أَعمٰلَهُم(32)
Касоне, ки имон наёварданд ва аз роҳи Худо рӯйгардон шуданд ва бо он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, бо паёмбар мухолифат намуданд, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳанд расонид ва Худо амалҳояшонро нобуд хоҳад кард.(32)
۞ يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا أَطيعُوا اللَّهَ وَأَطيعُوا الرَّسولَ وَلا تُبطِلوا أَعمٰلَكُم(33)
Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо итоъат кунед ва ба паёмбар итоъат кунед ва аъмоли худро ботил масозед.(33)
إِنَّ الَّذينَ كَفَروا وَصَدّوا عَن سَبيلِ اللَّهِ ثُمَّ ماتوا وَهُم كُفّارٌ فَلَن يَغفِرَ اللَّهُ لَهُم(34)
Худо касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва дар куфр мурданд, ҳаргиз нахоҳад бахшонд.(34)
فَلا تَهِنوا وَتَدعوا إِلَى السَّلمِ وَأَنتُمُ الأَعلَونَ وَاللَّهُ مَعَكُم وَلَن يَتِرَكُم أَعمٰلَكُم(35)
Сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо бартар ҳастед ва Худо бо шумост ва аз подошҳоятон (мукофотҳоятон) нахоҳад кам кард,(35)
إِنَّمَا الحَيوٰةُ الدُّنيا لَعِبٌ وَلَهوٌ ۚ وَإِن تُؤمِنوا وَتَتَّقوا يُؤتِكُم أُجورَكُم وَلا يَسـَٔلكُم أَموٰلَكُم(36)
Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозичаву беҳудагист. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Худо мукофотҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо молҳоятонро наметалабад.(36)
إِن يَسـَٔلكُموها فَيُحفِكُم تَبخَلوا وَيُخرِج أَضغٰنَكُم(37)
Агар аз шумо моле талабад ва бардавом ҳам талабад, он гоҳ бахилӣ мекунед ва кинаҳои пинҳонатонро ошкор месозад.(37)
هٰأَنتُم هٰؤُلاءِ تُدعَونَ لِتُنفِقوا فى سَبيلِ اللَّهِ فَمِنكُم مَن يَبخَلُ ۖ وَمَن يَبخَل فَإِنَّما يَبخَلُ عَن نَفسِهِ ۚ وَاللَّهُ الغَنِىُّ وَأَنتُمُ الفُقَراءُ ۚ وَإِن تَتَوَلَّوا يَستَبدِل قَومًا غَيرَكُم ثُمَّ لا يَكونوا أَمثٰلَكُم(38)
Огоҳ бошед ки шуморо даъват мекунанд то дар роҳи Худо садақа кунед. Баъзе аз шумо бахили мекунанд, ва ҳар кас ки бахилӣ кунад, дар ҳаққи худ бахилӣ кардааст. Зеро Худо беҳоҷат аст ва шумо ҳоҷатмандонед. Ва агар рӯй бартобед, ба ҷои шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз мисли шумо набошанд.(38)