Az-Zukhruf( الزخرف)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ حم(1)
Ҳо, мим.(1)
وَالكِتٰبِ المُبينِ(2)
Савганд ба ин китоби равшангар!(2)
إِنّا جَعَلنٰهُ قُرءٰنًا عَرَبِيًّا لَعَلَّكُم تَعقِلونَ(3)
Мо ин китобро Қуръоне арабӣ қарор додем, бошад, ки ба ақл дарёбед.(3)
وَإِنَّهُ فى أُمِّ الكِتٰبِ لَدَينا لَعَلِىٌّ حَكيمٌ(4)
Ва он дар уммулкитоб аст дар назди Мо: китобе арҷманду ҳикматомез.(4)
أَفَنَضرِبُ عَنكُمُ الذِّكرَ صَفحًا أَن كُنتُم قَومًا مُسرِفينَ(5)
Оё ба он сабаб, ки мардуме аз ҳад гузашта ҳастед, аз шумо рӯй гардонем ва Қуръонро аз шумо дареғ дорем?(5)
وَكَم أَرسَلنا مِن نَبِىٍّ فِى الأَوَّلينَ(6)
Ба миёни пешиниён паёмбарони бисёре фиристодем.(6)
وَما يَأتيهِم مِن نَبِىٍّ إِلّا كانوا بِهِ يَستَهزِءونَ(7)
Ва ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода намешуд, ки масхарааш накарда бошанд.(7)
فَأَهلَكنا أَشَدَّ مِنهُم بَطشًا وَمَضىٰ مَثَلُ الأَوَّلينَ(8)
Онҳоро, ки аз онҳо боқувваттар буданд, ҳалок кардем. Ва достони пешиниён гузашт.(8)
وَلَئِن سَأَلتَهُم مَن خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ لَيَقولُنَّ خَلَقَهُنَّ العَزيزُ العَليمُ(9)
Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Мегӯянд: «Онҳоро он ғолиби доно офаридааст!»(9)
الَّذى جَعَلَ لَكُمُ الأَرضَ مَهدًا وَجَعَلَ لَكُم فيها سُبُلًا لَعَلَّكُم تَهتَدونَ(10)
Он ки заминро бисоти шумо сохт ва бароятон роҳҳо дар он падид овард, бошад, ки ҳидоят шавед.(10)
وَالَّذى نَزَّلَ مِنَ السَّماءِ ماءً بِقَدَرٍ فَأَنشَرنا بِهِ بَلدَةً مَيتًا ۚ كَذٰلِكَ تُخرَجونَ(11)
Ва он ки аз осмон об фиристод ба миқдор. Ва ба он сарзамини мурдаро зинда кардем. Шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун оварда шавед(11)
وَالَّذى خَلَقَ الأَزوٰجَ كُلَّها وَجَعَلَ لَكُم مِنَ الفُلكِ وَالأَنعٰمِ ما تَركَبونَ(12)
ва он ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид. Ва бароятон аз киштиҳо ва чорпоён маркабҳо сохт, ки савор шавед.(12)
لِتَستَوۥا عَلىٰ ظُهورِهِ ثُمَّ تَذكُروا نِعمَةَ رَبِّكُم إِذَا استَوَيتُم عَلَيهِ وَتَقولوا سُبحٰنَ الَّذى سَخَّرَ لَنا هٰذا وَما كُنّا لَهُ مُقرِنينَ(13)
Ва чун бар пушти онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Пок аст он кас, ки инҳоро роми мо кард, вагарна моро тавони он набуд.(13)
وَإِنّا إِلىٰ رَبِّنا لَمُنقَلِبونَ(14)
Ва мо ба сӯи Парвардигорамон бозмегардем».(14)
وَجَعَلوا لَهُ مِن عِبادِهِ جُزءًا ۚ إِنَّ الإِنسٰنَ لَكَفورٌ مُبينٌ(15)
Ва барон Ӯ аз миёни бандагонаш фарзанде қоил шуданд. Одамӣ ба ошкоро носипос (ношукр) аст!(15)
أَمِ اتَّخَذَ مِمّا يَخلُقُ بَناتٍ وَأَصفىٰكُم بِالبَنينَ(16)
Оё Ӯ аз миёни махлуқонаш барои Худ духтарон баргирифта ва писаронро хоси шумо кардааст?(16)
وَإِذا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِما ضَرَبَ لِلرَّحمٰنِ مَثَلًا ظَلَّ وَجهُهُ مُسوَدًّا وَهُوَ كَظيمٌ(17)
Ва чун ба яке аз онҳо муждаи таваллуди ҳамон чизеро диҳанд, ки ба Худои раҳмон нисбат дода, рӯяш сиёҳ гардад ва пур аз хашм шавад.(17)
أَوَمَن يُنَشَّؤُا۟ فِى الحِليَةِ وَهُوَ فِى الخِصامِ غَيرُ مُبينٍ(18)
Оё он ки ба ороиш парвариш ёфта (яъне духтар) ва дар ҳангоми ҷидол ошкор намегардад, аз они Худост?(18)
وَجَعَلُوا المَلٰئِكَةَ الَّذينَ هُم عِبٰدُ الرَّحمٰنِ إِنٰثًا ۚ أَشَهِدوا خَلقَهُم ۚ سَتُكتَبُ شَهٰدَتُهُم وَيُسـَٔلونَ(19)
Ва фариштагонро, ки бандагони Худоянд, зан пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офаринишашон он ҷо ҳозир будаанд? Ба зудӣ ин шоҳидиашонро менависанд ва аз онҳо бозхост мешавад.(19)
وَقالوا لَو شاءَ الرَّحمٰنُ ما عَبَدنٰهُم ۗ ما لَهُم بِذٰلِكَ مِن عِلمٍ ۖ إِن هُم إِلّا يَخرُصونَ(20)
Гуфтанд: «Агар Худои раҳмон мехост, мо фариштагонро намепарастидем». Он чӣ мегӯянд, аз рӯи нодонист ва ғайри ба дурӯғ сухан намегӯянд.(20)
أَم ءاتَينٰهُم كِتٰبًا مِن قَبلِهِ فَهُم بِهِ مُستَمسِكونَ(21)
Оё пеш аз Қуръон китобе барояшон нозил кардаем, ки акнун ба он ҷанг мезананд? (пайравӣ мекунанд).(21)
بَل قالوا إِنّا وَجَدنا ءاباءَنا عَلىٰ أُمَّةٍ وَإِنّا عَلىٰ ءاثٰرِهِم مُهتَدونَ(22)
На, мегӯянд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо аз паи онҳо меравем».(22)
وَكَذٰلِكَ ما أَرسَلنا مِن قَبلِكَ فى قَريَةٍ مِن نَذيرٍ إِلّا قالَ مُترَفوها إِنّا وَجَدنا ءاباءَنا عَلىٰ أُمَّةٍ وَإِنّا عَلىٰ ءاثٰرِهِم مُقتَدونَ(23)
Ва он тавр пеш аз ту ба кадом деҳае бимдиҳандае фиристодем, мутанаъимонаш (соҳибнеъматонаш) гуфтанд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо ба амалҳои онҳо иқтидо (панравӣ) мекунем».(23)
۞ قٰلَ أَوَلَو جِئتُكُم بِأَهدىٰ مِمّا وَجَدتُم عَلَيهِ ءاباءَكُم ۖ قالوا إِنّا بِما أُرسِلتُم بِهِ كٰفِرونَ(24)
Гуфт: «Ҳатто агар барои шумо чизе биёварам, ки аз он чӣ падаронатонро бар он ёфта будед, ҳидояткунандатар бошад?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки шуморо ба он фиристодаанд, беимонем».(24)
فَانتَقَمنا مِنهُم ۖ فَانظُر كَيفَ كانَ عٰقِبَةُ المُكَذِّبينَ(25)
Пас аз онҳо интиқом гирифтем. Ва бингар, ки оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст?(25)
وَإِذ قالَ إِبرٰهيمُ لِأَبيهِ وَقَومِهِ إِنَّنى بَراءٌ مِمّا تَعبُدونَ(26)
Ва Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Ман аз он чӣ шумо мепарастед, безорам,(26)
إِلَّا الَّذى فَطَرَنى فَإِنَّهُ سَيَهدينِ(27)
ғайри он ки маро офарида, ки Ӯ роҳнамоиям хоҳад кард».(27)
وَجَعَلَها كَلِمَةً باقِيَةً فى عَقِبِهِ لَعَلَّهُم يَرجِعونَ(28)
Ва ин суханро дар фарзандони худ сухане поянда кард, бошад, ки ба Худо бозгарданд.(28)
بَل مَتَّعتُ هٰؤُلاءِ وَءاباءَهُم حَتّىٰ جاءَهُمُ الحَقُّ وَرَسولٌ مُبينٌ(29)
Ва Ман инҳову падаронашонро аз зиндагӣ баҳраманд кардам, то он гоҳ ки ҳақ ва паёмбаре равшангар ба сӯяшон омад.(29)
وَلَمّا جاءَهُمُ الحَقُّ قالوا هٰذا سِحرٌ وَإِنّا بِهِ كٰفِرونَ(30)
Чун ҳақ бар онҳо ошкор шуд, гуфтанд: «Ин ҷодуст ва мо ба он имон намеоварем».(30)
وَقالوا لَولا نُزِّلَ هٰذَا القُرءانُ عَلىٰ رَجُلٍ مِنَ القَريَتَينِ عَظيمٍ(31)
Гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар марде аз бузургмардони он ду деҳа нозил нашудааст?»(31)
أَهُم يَقسِمونَ رَحمَتَ رَبِّكَ ۚ نَحنُ قَسَمنا بَينَهُم مَعيشَتَهُم فِى الحَيوٰةِ الدُّنيا ۚ وَرَفَعنا بَعضَهُم فَوقَ بَعضٍ دَرَجٰتٍ لِيَتَّخِذَ بَعضُهُم بَعضًا سُخرِيًّا ۗ وَرَحمَتُ رَبِّكَ خَيرٌ مِمّا يَجمَعونَ(32)
Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Хол он ки мо рузии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба болотар аз баъзе дигар қарор додаем, то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд. Ва раҳмати Парвардигорат аз он чӣ онҳо ҷамъ меоваранд, беҳтар аст.(32)
وَلَولا أَن يَكونَ النّاسُ أُمَّةً وٰحِدَةً لَجَعَلنا لِمَن يَكفُرُ بِالرَّحمٰنِ لِبُيوتِهِم سُقُفًا مِن فِضَّةٍ وَمَعارِجَ عَلَيها يَظهَرونَ(33)
Ва агар на он буд, ки ҳамаи мардум як уммат намешуданд, сақфҳои хонаҳои касонеро, ки Худои раҳмонро бовар надоранд, аз нуқра мекардем ва бар онҳо нардбонҳое, мениҳодем, то бар он боло раванд.(33)
وَلِبُيوتِهِم أَبوٰبًا وَسُرُرًا عَلَيها يَتَّكِـٔونَ(34)
Ва барои хонаҳояшон низ дарҳое аз нуқра мекардем ва тахтҳое, ки бар онҳо такя зананд(34)
وَزُخرُفًا ۚ وَإِن كُلُّ ذٰلِكَ لَمّا مَتٰعُ الحَيوٰةِ الدُّنيا ۚ وَالءاخِرَةُ عِندَ رَبِّكَ لِلمُتَّقينَ(35)
ва аз ҳар гуна зинат. Ва ҳамаи инҳо баҳрамандии ночизи дунявист, ҳол он ки охират дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст.(35)
وَمَن يَعشُ عَن ذِكرِ الرَّحمٰنِ نُقَيِّض لَهُ شَيطٰنًا فَهُوَ لَهُ قَرينٌ(36)
Ҳар кас, ки аз ёди Худои раҳмон рӯй гардонад, шайтоне бар ӯ обаста мекунем,, ки ҳамеоша ҳамроҳаш бошад.(36)
وَإِنَّهُم لَيَصُدّونَهُم عَنِ السَّبيلِ وَيَحسَبونَ أَنَّهُم مُهتَدونَ(37)
Ва он шайтонҳо ононро аз роҳи Худо бозмегардонанд, вале пиндоранд, ки ҳидоятёфтагонанд.(37)
حَتّىٰ إِذا جاءَنا قالَ يٰلَيتَ بَينى وَبَينَكَ بُعدَ المَشرِقَينِ فَبِئسَ القَرينُ(38)
То он гоҳ ки назди Мо ояд, мегӯяд: «Эй кош, дурии ману ту (мисли) дурии машриқу мағриб буд. Ва ту чӣ ҳамроҳи баде буди».(38)
وَلَن يَنفَعَكُمُ اليَومَ إِذ ظَلَمتُم أَنَّكُم فِى العَذابِ مُشتَرِكونَ(39)
Чун ситам кардед, он рӯз пушаймонӣ фоида накунад ва ҳар ду дар азоб шарик бошед.(39)
أَفَأَنتَ تُسمِعُ الصُّمَّ أَو تَهدِى العُمىَ وَمَن كانَ فى ضَلٰلٍ مُبينٍ(40)
Оё ту мехоҳӣ ба карон сухан бишунавонӣ ё курон ва онҳоеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ нишон диҳӣ?(40)
فَإِمّا نَذهَبَنَّ بِكَ فَإِنّا مِنهُم مُنتَقِمونَ(41)
Ва агар туро бибарем, аз онҳо интиқом мегирем.(41)
أَو نُرِيَنَّكَ الَّذى وَعَدنٰهُم فَإِنّا عَلَيهِم مُقتَدِرونَ(42)
Ё он азоберо, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем, ки Мо бар онҳо тавоно ҳастем.(42)
فَاستَمسِك بِالَّذى أوحِىَ إِلَيكَ ۖ إِنَّكَ عَلىٰ صِرٰطٍ مُستَقيمٍ(43)
Пас дар он чӣ ба ту ваҳй шудааст, ҷанг бизан, (пайравӣ кун), ки ту бар роҳи рост ҳастӣ.(43)
وَإِنَّهُ لَذِكرٌ لَكَ وَلِقَومِكَ ۖ وَسَوفَ تُسـَٔلونَ(44)
Ва Қуръон сабаби баландовоза гаштани ту ва қавми туст ва ба зудӣ бозхост шавед.(44)
وَسـَٔل مَن أَرسَلنا مِن قَبلِكَ مِن رُسُلِنا أَجَعَلنا مِن دونِ الرَّحمٰنِ ءالِهَةً يُعبَدونَ(45)
Аз паёмбарони Мо, ки пеш аз ту фиристодаем, бипурс: «Оё ғайри Худои раҳмон дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?»(45)
وَلَقَد أَرسَلنا موسىٰ بِـٔايٰتِنا إِلىٰ فِرعَونَ وَمَلَإِي۟هِ فَقالَ إِنّى رَسولُ رَبِّ العٰلَمينَ(46)
Ва албатта Мӯсоро ҳамроҳ бо оёти Худ бар Фиръавн ва раисони қавмаш фиристодем ва гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам!»(46)
فَلَمّا جاءَهُم بِـٔايٰتِنا إِذا هُم مِنها يَضحَكونَ(47)
Чун оёти Моро бар онон арза дошт, ба ногоҳ ҳама аз он ба ханда афтоданд.(47)
وَما نُريهِم مِن ءايَةٍ إِلّا هِىَ أَكبَرُ مِن أُختِها ۖ وَأَخَذنٰهُم بِالعَذابِ لَعَلَّهُم يَرجِعونَ(48)
Ва ҳар мӯъҷизае, ки ба онҳо нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар азимтар буд. Он гоҳ ҳамаро ба азоб гирифтор кардем, бошад, ки бозгарданд.(48)
وَقالوا يٰأَيُّهَ السّاحِرُ ادعُ لَنا رَبَّكَ بِما عَهِدَ عِندَكَ إِنَّنا لَمُهتَدونَ(49)
Гуфтанд: «Эй ҷодугар, Парвардигоратро бо он номҳое, ки бо ту ваҳй кардааст, баром мо бихон, ки мо ҳидоятшудагонем».(49)
فَلَمّا كَشَفنا عَنهُمُ العَذابَ إِذا هُم يَنكُثونَ(50)
Чун азобро аз онҳо бардоштем, паймони худро шикастанд.(50)
وَنادىٰ فِرعَونُ فى قَومِهِ قالَ يٰقَومِ أَلَيسَ لى مُلكُ مِصرَ وَهٰذِهِ الأَنهٰرُ تَجرى مِن تَحتى ۖ أَفَلا تُبصِرونَ(51)
Фиръавн дар миёни мардумаш нидо дод, ки эй қавми ман, оё подшоҳии Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пои ман ҷорӣ ҳастанд, аз они ман нестанд? Оё намебинед?(51)
أَم أَنا۠ خَيرٌ مِن هٰذَا الَّذى هُوَ مَهينٌ وَلا يَكادُ يُبينُ(52)
Оё ман беҳтарам ё ин марди хори залил, ки дуруст сухан гуфтан натавонад?(52)
فَلَولا أُلقِىَ عَلَيهِ أَسوِرَةٌ مِن ذَهَبٍ أَو جاءَ مَعَهُ المَلٰئِكَةُ مُقتَرِنينَ(53)
Чаро дастҳояшро ба дастбандҳои тилло наёростаанд? Ва чаро гурӯҳе аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?(53)
فَاستَخَفَّ قَومَهُ فَأَطاعوهُ ۚ إِنَّهُم كانوا قَومًا فٰسِقينَ(54)
Пас Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ба ӯ итоъат карданд, ки мардуме табаҳ кор буданд!(54)
فَلَمّا ءاسَفونَا انتَقَمنا مِنهُم فَأَغرَقنٰهُم أَجمَعينَ(55)
Чун Моро ба хашм оварданд, аз онҳо интиқом гирифтем ва ҳамагонро ғарқ сохтем.(55)
فَجَعَلنٰهُم سَلَفًا وَمَثَلًا لِلءاخِرينَ(56)
Ононро дар шумори гузаштагон ва достон барои ояндагон кардем.(56)
۞ وَلَمّا ضُرِبَ ابنُ مَريَمَ مَثَلًا إِذا قَومُكَ مِنهُ يَصِدّونَ(57)
Ва чун достони писари Марям оварда шуд, қавми ту ба шодмонӣ фарёд заданд(57)
وَقالوا ءَأٰلِهَتُنا خَيرٌ أَم هُوَ ۚ ما ضَرَبوهُ لَكَ إِلّا جَدَلًا ۚ بَل هُم قَومٌ خَصِمونَ(58)
ва гуфтан, д: «Оё худоёни мо беҳтаранд ё Ӯ?» Ва ин суханро фақат барои ҷидол бо ту гуфтаанд, ки мардуме хусумат кунандаанд,(58)
إِن هُوَ إِلّا عَبدٌ أَنعَمنا عَلَيهِ وَجَعَلنٰهُ مَثَلًا لِبَنى إِسرٰءيلَ(59)
Ӯ фақат бандае буд, ки Мо неъматаш ато кардем ва мояи ибрати банӣ- Исроилаш гардонидем.(59)
وَلَو نَشاءُ لَجَعَلنا مِنكُم مَلٰئِكَةً فِى الأَرضِ يَخلُفونَ(60)
Агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар рӯи замин ҷонишини шумо гарданд.(60)
وَإِنَّهُ لَعِلمٌ لِلسّاعَةِ فَلا تَمتَرُنَّ بِها وَاتَّبِعونِ ۚ هٰذا صِرٰطٌ مُستَقيمٌ(61)
Ва бешубҳа ӯ (Исо) нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Дар ин шак макунед ва ба Ман пайравӣ кунед! Ин аст роҳи рост.(61)
وَلا يَصُدَّنَّكُمُ الشَّيطٰنُ ۖ إِنَّهُ لَكُم عَدُوٌّ مُبينٌ(62)
Шайтон шуморо аз роҳ бознагардонад, зеро ӯ душмани ошкори шумост.(62)
وَلَمّا جاءَ عيسىٰ بِالبَيِّنٰتِ قالَ قَد جِئتُكُم بِالحِكمَةِ وَلِأُبَيِّنَ لَكُم بَعضَ الَّذى تَختَلِفونَ فيهِ ۖ فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطيعونِ(63)
Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ омад, гуфт: «Бароятон ҳикмат овардаам ва омадаам, то чизҳоеро, ки дар он ихтилоф мекунед, баён кунам. Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.(63)
إِنَّ اللَّهَ هُوَ رَبّى وَرَبُّكُم فَاعبُدوهُ ۚ هٰذا صِرٰطٌ مُستَقيمٌ(64)
Худои якто Парвардигори ману Парвардигори шумост. Ӯро бипарастед. Роҳи рост ин аст».(64)
فَاختَلَفَ الأَحزابُ مِن بَينِهِم ۖ فَوَيلٌ لِلَّذينَ ظَلَموا مِن عَذابِ يَومٍ أَليمٍ(65)
Гурӯҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд. Пас вой бар ситамкорон аз азоби дардовари қиёмат!(65)
هَل يَنظُرونَ إِلَّا السّاعَةَ أَن تَأتِيَهُم بَغتَةً وَهُم لا يَشعُرونَ(66)
Оё чашм ба роҳи чизе ҷуз қиёматанд, ки ногоҳ ва бехабар бар онҳо биёяд?.(66)
الأَخِلّاءُ يَومَئِذٍ بَعضُهُم لِبَعضٍ عَدُوٌّ إِلَّا المُتَّقينَ(67)
Дар он рӯз дӯстон, — ғайр аз парҳезгорон, — душмани якдигаранд.(67)
يٰعِبادِ لا خَوفٌ عَلَيكُمُ اليَومَ وَلا أَنتُم تَحزَنونَ(68)
Эй бандагони Ман, дар он рӯз биме бар шумо нест ва шумо ғамгин намешавед.(68)
الَّذينَ ءامَنوا بِـٔايٰتِنا وَكانوا مُسلِمينَ(69)
Он касон, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслими амри Мо шудаанд,(69)
ادخُلُوا الجَنَّةَ أَنتُم وَأَزوٰجُكُم تُحبَرونَ(70)
шумо ва ҷуфтҳоятон бо шодкомӣ ба биҳишт дохил шавед.(70)
يُطافُ عَلَيهِم بِصِحافٍ مِن ذَهَبٍ وَأَكوابٍ ۖ وَفيها ما تَشتَهيهِ الأَنفُسُ وَتَلَذُّ الأَعيُنُ ۖ وَأَنتُم فيها خٰلِدونَ(71)
Қадаҳҳои заррин ва кӯзаҳоро дар миёнашон ба гардиш меоваранд. Дар он ҷост ҳар чи нафс орзу кунад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд!(71)
وَتِلكَ الجَنَّةُ الَّتى أورِثتُموها بِما كُنتُم تَعمَلونَ(72)
Ин биҳиштест, ки ба ивази корҳое, ки кардаед, ба меросаш мебаред.(72)
لَكُم فيها فٰكِهَةٌ كَثيرَةٌ مِنها تَأكُلونَ(73)
Дар он ҷо бароятон меваҳои бисёр ҳаст, ки аз онҳо мехӯред.(73)
إِنَّ المُجرِمينَ فى عَذابِ جَهَنَّمَ خٰلِدونَ(74)
Гунаҳкорон дар азоби ҷаҳаннам ҷовидонанд!(74)
لا يُفَتَّرُ عَنهُم وَهُم فيهِ مُبلِسونَ(75)
Азобашон кам намешавад ва онҳо аз ноумедӣ хомуш бошанд.(75)
وَما ظَلَمنٰهُم وَلٰكِن كانوا هُمُ الظّٰلِمينَ(76)
Мо ба онҳо зулме накардаем, онҳо худ ба худашон ситам кардаанд.(76)
وَنادَوا يٰمٰلِكُ لِيَقضِ عَلَينا رَبُّكَ ۖ قالَ إِنَّكُم مٰكِثونَ(77)
Фарёд бароваранд, ки эй молики дӯзах кош Парвардигори ту моро бимиронад. Мегӯяд: «На, шумо дар ин ҷо монданӣ ҳастед».(77)
لَقَد جِئنٰكُم بِالحَقِّ وَلٰكِنَّ أَكثَرَكُم لِلحَقِّ كٰرِهونَ(78)
Мо шуморо бо ҳақ ошно кардем, вале бештаратон ҳақро бад дидед.(78)
أَم أَبرَموا أَمرًا فَإِنّا مُبرِمونَ(79)
Оё онҳо дар эътиқоди худ пой фишурдаанд? Мо ҳам пой фишурдаем.(79)
أَم يَحسَبونَ أَنّا لا نَسمَعُ سِرَّهُم وَنَجوىٰهُم ۚ بَلىٰ وَرُسُلُنا لَدَيهِم يَكتُبونَ(80)
Оё мепиндоранд, Мо розу наҷво (суханони пинҳониашонро) намешунавем? Оре, расулони Мо назди онҳо ҳастанд ва менависанд.(80)
قُل إِن كانَ لِلرَّحمٰنِ وَلَدٌ فَأَنا۠ أَوَّلُ العٰبِدينَ(81)
Бигӯ: «Агар Худои раҳмонро фарзанде мебуд, ман аз нахустин парастандагон мебудам.(81)
سُبحٰنَ رَبِّ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ رَبِّ العَرشِ عَمّا يَصِفونَ(82)
Пок аст Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори арш аз он нисбатҳо, ки ба Ӯ медиҳенд.(82)
فَذَرهُم يَخوضوا وَيَلعَبوا حَتّىٰ يُلٰقوا يَومَهُمُ الَّذى يوعَدونَ(83)
Пас бигузорашон, то ба ҳамон суханони ботил машғул бошанд ва ба бозича саргарм, то он рӯзе, ки онҳоро ваъда додаанд, бирасад.(83)
وَهُوَ الَّذى فِى السَّماءِ إِلٰهٌ وَفِى الأَرضِ إِلٰهٌ ۚ وَهُوَ الحَكيمُ العَليمُ(84)
Ӯст, ки ҳам дар осмон Худост ва ҳам дар замин Худост ва ҳакиму доност!(84)
وَتَبارَكَ الَّذى لَهُ مُلكُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَما بَينَهُما وَعِندَهُ عِلمُ السّاعَةِ وَإِلَيهِ تُرجَعونَ(85)
Бартару бузургвортар аст он кас, ки фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они Ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси Ӯст ва ба Ӯ бозгардонида мешавед.(85)
وَلا يَملِكُ الَّذينَ يَدعونَ مِن دونِهِ الشَّفٰعَةَ إِلّا مَن شَهِدَ بِالحَقِّ وَهُم يَعلَمونَ(86)
Касоне ғайри Ӯро, ки ба худоӣ мехонанд, қодир ба шафоъати касе нестанд. Ғайри касоне, ки аз рӯи илм ба ҳақ шоҳидӣ дода бошанд.(86)
وَلَئِن سَأَلتَهُم مَن خَلَقَهُم لَيَقولُنَّ اللَّهُ ۖ فَأَنّىٰ يُؤفَكونَ(87)
Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ касе онҳоро офаридааст, мегӯянд: «Оллоҳ». Пас чаро аз ҳақ рӯй мегардонанд?(87)
وَقيلِهِ يٰرَبِّ إِنَّ هٰؤُلاءِ قَومٌ لا يُؤمِنونَ(88)
Гуфтори пайёмбар ин буд: «Эй Парвардигори ман, инҳо мардуме ҳастанд, ки имон намеоваранд!(88)
فَاصفَح عَنهُم وَقُل سَلٰمٌ ۚ فَسَوفَ يَعلَمونَ(89)
Пас, аз онҳо даргузар ва бигӯ: «Саломат бошед!» Оре, ба зуди хоҳанд донист.(89)