At-Takwir( التكوير)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ إِذَا الشَّمسُ كُوِّرَت(1)
Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад(1)
وَإِذَا النُّجومُ انكَدَرَت(2)
ва чун ситорагон фурӯ резанд(2)
وَإِذَا الجِبالُ سُيِّرَت(3)
ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд(3)
وَإِذَا العِشارُ عُطِّلَت(4)
ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ гузошта шаванд(4)
وَإِذَا الوُحوشُ حُشِرَت(5)
ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд,(5)
وَإِذَا البِحارُ سُجِّرَت(6)
ва чун дарёҳо оташ гиранд(6)
وَإِذَا النُّفوسُ زُوِّجَت(7)
ва чун рӯҳҳо бо танҳо якҷоя гардганд!(7)
وَإِذَا المَوءۥدَةُ سُئِلَت(8)
ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки(8)
بِأَىِّ ذَنبٍ قُتِلَت(9)
ба чӣ гуноҳе кушта шудааст(9)
وَإِذَا الصُّحُفُ نُشِرَت(10)
ва чун саҳифаҳо боз шаванд,(10)
وَإِذَا السَّماءُ كُشِطَت(11)
ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад'(11)
وَإِذَا الجَحيمُ سُعِّرَت(12)
ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад(12)
وَإِذَا الجَنَّةُ أُزلِفَت(13)
ва чун биҳиштро пеш оваранд,(13)
عَلِمَت نَفسٌ ما أَحضَرَت(14)
ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст.(14)
فَلا أُقسِمُ بِالخُنَّسِ(15)
Савганд ба ситорагони бозгарданда,(15)
الجَوارِ الكُنَّسِ(16)
сайркунандаи ғойбшаванда(16)
وَالَّيلِ إِذا عَسعَسَ(17)
ва савганд ба шаб, чун торик шавад(17)
وَالصُّبحِ إِذا تَنَفَّسَ(18)
ва савганд ба субҳ чун бидамад,(18)
إِنَّهُ لَقَولُ رَسولٍ كَريمٍ(19)
ки ин сухани расуле бузургвор (Ҷибрил (а)) аст,(19)
ذى قُوَّةٍ عِندَ ذِى العَرشِ مَكينٍ(20)
нерӯманд, дар назди Худованди арш соҳибобрӯ(20)
مُطاعٍ ثَمَّ أَمينٍ(21)
он ҷо (дар назди Худо) фармонравои боваринокаст(21)
وَما صاحِبُكُم بِمَجنونٍ(22)
Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест.(22)
وَلَقَد رَءاهُ بِالأُفُقِ المُبينِ(23)
Албатта Ӯро (Ҷибрилро) дар уфуқи равшан дидааст(23)
وَما هُوَ عَلَى الغَيبِ بِضَنينٍ(24)
Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.(24)
وَما هُوَ بِقَولِ شَيطٰنٍ رَجيمٍ(25)
Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест.(25)
فَأَينَ تَذهَبونَ(26)
Пас ба куҷо меравед?(26)
إِن هُوَ إِلّا ذِكرٌ لِلعٰلَمينَ(27)
Ин китоб пандест барои ҷаҳониён,(27)
لِمَن شاءَ مِنكُم أَن يَستَقيمَ(28)
барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад.(28)
وَما تَشاءونَ إِلّا أَن يَشاءَ اللَّهُ رَبُّ العٰلَمينَ(29)
Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад.(29)