At-Takathur( التكاثر)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ أَلهىٰكُمُ التَّكاثُرُ(1)
Ба ғафлат кашид шуморо фахр кардан ба бисёрии молу фарзанд,(1)
حَتّىٰ زُرتُمُ المَقابِرَ(2)
то ба гӯрҳо расидед.(2)
كَلّا سَوفَ تَعلَمونَ(3)
Ҳаққо, ки ба зудӣ хоҳед донист.(3)
ثُمَّ كَلّا سَوفَ تَعلَمونَ(4)
Боз ҳам ҳаққо, ки ба зудӣ хоҳед донист.(4)
كَلّا لَو تَعلَمونَ عِلمَ اليَقينِ(5)
Ҳаққо агар аз рӯи яқин бидонед,(5)
لَتَرَوُنَّ الجَحيمَ(6)
албатта, ҷаҳаннамро хоҳед дид.(6)
ثُمَّ لَتَرَوُنَّها عَينَ اليَقينِ(7)
Сипас ба чашми яқинаш хоҳед дид,(7)
ثُمَّ لَتُسـَٔلُنَّ يَومَئِذٍ عَنِ النَّعيمِ(8)
сипас дар он рӯз шуморо аз неъматҳои дунявӣ бозхост мекунанд.(8)