At-Tahrim( التحريم)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ يٰأَيُّهَا النَّبِىُّ لِمَ تُحَرِّمُ ما أَحَلَّ اللَّهُ لَكَ ۖ تَبتَغى مَرضاتَ أَزوٰجِكَ ۚ وَاللَّهُ غَفورٌ رَحيمٌ(1)
Эй паёмбар, чаро чизеро, ки Худо бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!(1)
قَد فَرَضَ اللَّهُ لَكُم تَحِلَّةَ أَيمٰنِكُم ۚ وَاللَّهُ مَولىٰكُم ۖ وَهُوَ العَليمُ الحَكيمُ(2)
Худо барои шумо кушодани савганд ҳоятонро муқаррар дошта аст. Худост ёвари шумо ва Ӯст донову ҳаким!(2)
وَإِذ أَسَرَّ النَّبِىُّ إِلىٰ بَعضِ أَزوٰجِهِ حَديثًا فَلَمّا نَبَّأَت بِهِ وَأَظهَرَهُ اللَّهُ عَلَيهِ عَرَّفَ بَعضَهُ وَأَعرَضَ عَن بَعضٍ ۖ فَلَمّا نَبَّأَها بِهِ قالَت مَن أَنبَأَكَ هٰذا ۖ قالَ نَبَّأَنِىَ العَليمُ الخَبيرُ(3)
Он гоҳ ки паёмбар бо яке аз занони худ розе дар миён ниҳод, чун он зан он роз бо дигаре бозгуфт. Худо паёмбарро аз он огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он розро бар он зан ошкор, кард ва аз ифшон баъзеи дигар рӯй тофт. Чун ӯро аз он хабар дод, гуфт: «Чӣ касе туро аз ин моҷаро огоҳ кардааст?» Гуфт: «Он Худои донои огоҳ ба ман хабар додааст».(3)
إِن تَتوبا إِلَى اللَّهِ فَقَد صَغَت قُلوبُكُما ۖ وَإِن تَظٰهَرا عَلَيهِ فَإِنَّ اللَّهَ هُوَ مَولىٰهُ وَجِبريلُ وَصٰلِحُ المُؤمِنينَ ۖ وَالمَلٰئِكَةُ بَعدَ ذٰلِكَ ظَهيرٌ(4)
Агар шумо ду зан тавба кунед, беҳтар аст, зеро дилҳоятон аз ҳақ бозгаштааст. Ва агар барои озораш ҳамдаст шавед, Худо ёвари ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони шоиставу фаришгагон аз он пас ёвари ӯ хоҳанд буд,(4)
عَسىٰ رَبُّهُ إِن طَلَّقَكُنَّ أَن يُبدِلَهُ أَزوٰجًا خَيرًا مِنكُنَّ مُسلِمٰتٍ مُؤمِنٰتٍ قٰنِتٰتٍ تٰئِبٰتٍ عٰبِدٰتٍ سٰئِحٰتٍ ثَيِّبٰتٍ وَأَبكارًا(5)
Шояд агар шуморо талоқ гӯяд, Парвардигораш ба ҷои шумо заноне, беҳтар аз шумояш бидиҳад. Заноне мусалмон, мӯъмин, фармонбардор, тавбакунанда, ибодаткунанда рӯзагиранда, хоҳ шавҳар карда, хоҳ бокира.(5)
يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا قوا أَنفُسَكُم وَأَهليكُم نارًا وَقودُهَا النّاسُ وَالحِجارَةُ عَلَيها مَلٰئِكَةٌ غِلاظٌ شِدادٌ لا يَعصونَ اللَّهَ ما أَمَرَهُم وَيَفعَلونَ ما يُؤمَرونَ(6)
Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд (вазифадор). Ҳар чӣ Худо бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд.(6)
يٰأَيُّهَا الَّذينَ كَفَروا لا تَعتَذِرُوا اليَومَ ۖ إِنَّما تُجزَونَ ما كُنتُم تَعمَلونَ(7)
Эй кофирон, дар он рӯз узр махоҳед. Фақат баробари коре, ки кардаед, ҷазо дода шавед.(7)
يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا توبوا إِلَى اللَّهِ تَوبَةً نَصوحًا عَسىٰ رَبُّكُم أَن يُكَفِّرَ عَنكُم سَيِّـٔاتِكُم وَيُدخِلَكُم جَنّٰتٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ يَومَ لا يُخزِى اللَّهُ النَّبِىَّ وَالَّذينَ ءامَنوا مَعَهُ ۖ نورُهُم يَسعىٰ بَينَ أَيديهِم وَبِأَيمٰنِهِم يَقولونَ رَبَّنا أَتمِم لَنا نورَنا وَاغفِر لَنا ۖ إِنَّكَ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ(8)
Эй касоне, ки имон овардаед, ба даргоҳи Худо тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв (дур) кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он рӯз Худо паёмбар ва касонеро, ки бо ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш ва самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон ва моро бибахшой, ки Ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»(8)
يٰأَيُّهَا النَّبِىُّ جٰهِدِ الكُفّارَ وَالمُنٰفِقينَ وَاغلُظ عَلَيهِم ۚ وَمَأوىٰهُم جَهَنَّمُ ۖ وَبِئسَ المَصيرُ(9)
Эй паёмбар, ба кофирону мунофиқон: чиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннаад аст, ки бад ҷои бозгашт аст!(9)
ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِلَّذينَ كَفَرُوا امرَأَتَ نوحٍ وَامرَأَتَ لوطٍ ۖ كانَتا تَحتَ عَبدَينِ مِن عِبادِنا صٰلِحَينِ فَخانَتاهُما فَلَم يُغنِيا عَنهُما مِنَ اللَّهِ شَيـًٔا وَقيلَ ادخُلَا النّارَ مَعَ الدّٰخِلينَ(10)
Худо барои кофирон мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он ду хиёнат карданд, Ва онҳо натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва гуфта шуд: «Бо дигарон ба оташ дароед!»(10)
وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِلَّذينَ ءامَنُوا امرَأَتَ فِرعَونَ إِذ قالَت رَبِّ ابنِ لى عِندَكَ بَيتًا فِى الجَنَّةِ وَنَجِّنى مِن فِرعَونَ وَعَمَلِهِ وَنَجِّنى مِنَ القَومِ الظّٰلِمينَ(11)
Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди Худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ ва маро аз мардуми золим бираҳон!»(11)
وَمَريَمَ ابنَتَ عِمرٰنَ الَّتى أَحصَنَت فَرجَها فَنَفَخنا فيهِ مِن روحِنا وَصَدَّقَت بِكَلِمٰتِ رَبِّها وَكُتُبِهِ وَكانَت مِنَ القٰنِتينَ(12)
Ва Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи худро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. Ва ӯ калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ӯ аз фармонбардорон буд.(12)