Ash-Shams( الشمس)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ وَالشَّمسِ وَضُحىٰها(1)
Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт(1)
وَالقَمَرِ إِذا تَلىٰها(2)
ва савганд ба моҳ чун аз паи он барояд(2)
وَالنَّهارِ إِذا جَلّىٰها(3)
ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад(3)
وَالَّيلِ إِذا يَغشىٰها(4)
ва савганд ба шаб, чун рӯзро бипушад(4)
وَالسَّماءِ وَما بَنىٰها(5)
ва савганд ба осмону он ки онро бино карда(5)
وَالأَرضِ وَما طَحىٰها(6)
ва савганд ба замину он ки онро бигустурда(6)
وَنَفسٍ وَما سَوّىٰها(7)
ва савганд, ба нафсу он ки некӯяш биёфарида,(7)
فَأَلهَمَها فُجورَها وَتَقوىٰها(8)
сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда,(8)
قَد أَفلَحَ مَن زَكّىٰها(9)
ки ҳар ки дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт(9)
وَقَد خابَ مَن دَسّىٰها(10)
ва ҳар кӣ дар палидиаш кӯшид, зиён кард.(10)
كَذَّبَت ثَمودُ بِطَغوىٰها(11)
Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд.(11)
إِذِ انبَعَثَ أَشقىٰها(12)
Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.(12)
فَقالَ لَهُم رَسولُ اللَّهِ ناقَةَ اللَّهِ وَسُقيٰها(13)
Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред!(13)
فَكَذَّبوهُ فَعَقَروها فَدَمدَمَ عَلَيهِم رَبُّهُم بِذَنبِهِم فَسَوّىٰها(14)
Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт.(14)
وَلا يَخافُ عُقبٰها(15)
Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад.(15)