Ar-Rum( الروم)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ الم(1)
Алиф, лом, мим.(1)
غُلِبَتِ الرّومُ(2)
Румиён мағлуб шуданд(2)
فى أَدنَى الأَرضِ وَهُم مِن بَعدِ غَلَبِهِم سَيَغلِبونَ(3)
дар наздики ин сарзамин ва пас аз мағлуб шудан бори дигар ғолиб хоҳанд шуд(3)
فى بِضعِ سِنينَ ۗ لِلَّهِ الأَمرُ مِن قَبلُ وَمِن بَعدُ ۚ وَيَومَئِذٍ يَفرَحُ المُؤمِنونَ(4)
дар муддати чанд сол. Фармон, фармони Худост, чӣ пеш аз пирӯзӣ ва чӣ баъд аз он. Ва дар он рӯз мӯъминон шодмон мешаванд(4)
بِنَصرِ اللَّهِ ۚ يَنصُرُ مَن يَشاءُ ۖ وَهُوَ العَزيزُ الرَّحيمُ(5)
ба ёрии Худо. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, зеро ғолибу меҳрубон аст!(5)
وَعدَ اللَّهِ ۖ لا يُخلِفُ اللَّهُ وَعدَهُ وَلٰكِنَّ أَكثَرَ النّاسِ لا يَعلَمونَ(6)
Худо ваъда додааст, ба ваъдаи худ хилоф накунад, вале бештари мардум намедонанд.(6)
يَعلَمونَ ظٰهِرًا مِنَ الحَيوٰةِ الدُّنيا وَهُم عَنِ الءاخِرَةِ هُم غٰفِلونَ(7)
Онон ба зоҳири зиндагии дунё огоҳанд ва аз охират бехабаранд.(7)
أَوَلَم يَتَفَكَّروا فى أَنفُسِهِم ۗ ما خَلَقَ اللَّهُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ وَما بَينَهُما إِلّا بِالحَقِّ وَأَجَلٍ مُسَمًّى ۗ وَإِنَّ كَثيرًا مِنَ النّاسِ بِلِقائِ رَبِّهِم لَكٰفِرونَ(8)
Оё бо худ намеандешанд, ки Худо осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, ба ҳақ ва то муддате маҳдуд, офаридааст? Ва бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд.(8)
أَوَلَم يَسيروا فِى الأَرضِ فَيَنظُروا كَيفَ كانَ عٰقِبَةُ الَّذينَ مِن قَبلِهِم ۚ كانوا أَشَدَّ مِنهُم قُوَّةً وَأَثارُوا الأَرضَ وَعَمَروها أَكثَرَ مِمّا عَمَروها وَجاءَتهُم رُسُلُهُم بِالبَيِّنٰتِ ۖ فَما كانَ اللَّهُ لِيَظلِمَهُم وَلٰكِن كانوا أَنفُسَهُم يَظلِمونَ(9)
Оё дар замин намегарданд, то бингаранд, ки чӣ гуна будааст оқибати касоне, ки пеш аз онҳо зистаанд? Касоне, ки тавонашон бештар будааст ва заминро ба шудгор задан зеру рӯ карда ва бештар аз инҳо ободаш сохта буданд ва паёмбароне бо мӯъҷизаҳо бар онҳо фиристода шуда буд. Худо ба онҳо зулм намекард, онон худ ба худашон зулм мекарданд.(9)
ثُمَّ كانَ عٰقِبَةَ الَّذينَ أَسٰـُٔوا السّوأىٰ أَن كَذَّبوا بِـٔايٰتِ اللَّهِ وَكانوا بِها يَستَهزِءونَ(10)
Сипас оқибати он касон, ки корҳои бад карданд, ногувортар буд. Зеро инҳо оёти Худоро дурӯғ бароварданд ва онҳоро ба масхара гирифтанд.(10)
اللَّهُ يَبدَؤُا۟ الخَلقَ ثُمَّ يُعيدُهُ ثُمَّ إِلَيهِ تُرجَعونَ(11)
Худо мавҷудотро меофаринад, он гоҳ дигар бора бозмегардонад, он гоҳ ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед.(11)
وَيَومَ تَقومُ السّاعَةُ يُبلِسُ المُجرِمونَ(12)
Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гуноҳкорон ҳайратзада бимонанд.(12)
وَلَم يَكُن لَهُم مِن شُرَكائِهِم شُفَعٰؤُا۟ وَكانوا بِشُرَكائِهِم كٰفِرينَ(13)
Онҳоро аз миёни бутонашон шафеъоне (наҷотдиҳандае) нест. Ва дигар ба бутони худ бовар надоранд.(13)
وَيَومَ تَقومُ السّاعَةُ يَومَئِذٍ يَتَفَرَّقونَ(14)
Ва чун қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аз якдигар чудо шаванд (мӯъминон аз кофирон).(14)
فَأَمَّا الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ فَهُم فى رَوضَةٍ يُحبَرونَ(15)
Аммо онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар ҷаннат ба шодмонӣ бархӯрдоранд.(15)
وَأَمَّا الَّذينَ كَفَروا وَكَذَّبوا بِـٔايٰتِنا وَلِقائِ الءاخِرَةِ فَأُولٰئِكَ فِى العَذابِ مُحضَرونَ(16)
Ва аммо онҳое, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ мебароранд ва дидори охиратро дурӯғ мепиндоранд, ҳамаро дар азоб ҳозир оранд.(16)
فَسُبحٰنَ اللَّهِ حينَ تُمسونَ وَحينَ تُصبِحونَ(17)
Худоро биситоед, ба он ҳангом ки ба шаб дармеоед ва ба он ҳангом ки ба субҳ дармеоед.(17)
وَلَهُ الحَمدُ فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَعَشِيًّا وَحينَ تُظهِرونَ(18)
Шукр Ӯрост дар осмонҳову замин, ба ҳангоми шаб ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед.(18)
يُخرِجُ الحَىَّ مِنَ المَيِّتِ وَيُخرِجُ المَيِّتَ مِنَ الحَىِّ وَيُحىِ الأَرضَ بَعدَ مَوتِها ۚ وَكَذٰلِكَ تُخرَجونَ(19)
Зиндаро аз мурда берун орад ва мурдаро аз зинда. Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун мешавед.(19)
وَمِن ءايٰتِهِ أَن خَلَقَكُم مِن تُرابٍ ثُمَّ إِذا أَنتُم بَشَرٌ تَنتَشِرونَ(20)
Аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки шуморо аз хок биёфарид то инсон шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед.(20)
وَمِن ءايٰتِهِ أَن خَلَقَ لَكُم مِن أَنفُسِكُم أَزوٰجًا لِتَسكُنوا إِلَيها وَجَعَلَ بَينَكُم مَوَدَّةً وَرَحمَةً ۚ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِقَومٍ يَتَفَكَّرونَ(21)
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки тафаккур мекунанд,(21)
وَمِن ءايٰتِهِ خَلقُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَاختِلٰفُ أَلسِنَتِكُم وَأَلوٰنِكُم ۚ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِلعٰلِمينَ(22)
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон. Дар ин ибратҳоест барои доноён.(22)
وَمِن ءايٰتِهِ مَنامُكُم بِالَّيلِ وَالنَّهارِ وَابتِغاؤُكُم مِن فَضلِهِ ۚ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِقَومٍ يَسمَعونَ(23)
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ хобидани шумост дар шаб ва рӯз ба талаби рӯзӣ бархостани шумост. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд.(23)
وَمِن ءايٰتِهِ يُريكُمُ البَرقَ خَوفًا وَطَمَعًا وَيُنَزِّلُ مِنَ السَّماءِ ماءً فَيُحيۦ بِهِ الأَرضَ بَعدَ مَوتِها ۚ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِقَومٍ يَعقِلونَ(24)
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки барқро ба қасди биму умед ба шумо менамоёнад. Ва аз осмон борон мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад. Дар ин ибратҳоест барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд.(24)
وَمِن ءايٰتِهِ أَن تَقومَ السَّماءُ وَالأَرضُ بِأَمرِهِ ۚ ثُمَّ إِذا دَعاكُم دَعوَةً مِنَ الأَرضِ إِذا أَنتُم تَخرُجونَ(25)
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпой истодаанд. Сипас вақте, ки шуморо аз замин фаро мехонад, шумо аз замин берун меоед.(25)
وَلَهُ مَن فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ ۖ كُلٌّ لَهُ قٰنِتونَ(26)
Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд.(26)
وَهُوَ الَّذى يَبدَؤُا۟ الخَلقَ ثُمَّ يُعيدُهُ وَهُوَ أَهوَنُ عَلَيهِ ۚ وَلَهُ المَثَلُ الأَعلىٰ فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ ۚ وَهُوَ العَزيزُ الحَكيمُ(27)
Ӯст, ки мавҷудотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ӯрост сифати бартарӣ дар осмонҳову замин ва Ӯст ғолибу ҳаким!(27)
ضَرَبَ لَكُم مَثَلًا مِن أَنفُسِكُم ۖ هَل لَكُم مِن ما مَلَكَت أَيمٰنُكُم مِن شُرَكاءَ فى ما رَزَقنٰكُم فَأَنتُم فيهِ سَواءٌ تَخافونَهُم كَخيفَتِكُم أَنفُسَكُم ۚ كَذٰلِكَ نُفَصِّلُ الءايٰتِ لِقَومٍ يَعقِلونَ(28)
Барои шумо аз худатон мисоле меоварад: магар бандагонатон дар он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то дар мол бо шумо баробар бошанд ва ҳамчунон ки шумо озодон аз якдигар метарсед, аз онҳо ҳам бимнок бошед? Оётро барои мардуме, кн ақл мекунанд, ин тавр тафсил медиҳем.(28)
بَلِ اتَّبَعَ الَّذينَ ظَلَموا أَهواءَهُم بِغَيرِ عِلمٍ ۖ فَمَن يَهدى مَن أَضَلَّ اللَّهُ ۖ وَما لَهُم مِن نٰصِرينَ(29)
Оре, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ пайравӣ кардаанд. Онро, ки Худо гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёваре нест.(29)
فَأَقِم وَجهَكَ لِلدّينِ حَنيفًا ۚ فِطرَتَ اللَّهِ الَّتى فَطَرَ النّاسَ عَلَيها ۚ لا تَبديلَ لِخَلقِ اللَّهِ ۚ ذٰلِكَ الدّينُ القَيِّمُ وَلٰكِنَّ أَكثَرَ النّاسِ لا يَعلَمونَ(30)
Ба яктопарастӣ рӯй ба дин овар. Фитратест, ки Худо ҳамаро ба он фитрат биёфаридааст ва дар офариниши Худо тағйире нест. Дини поку пойдор ин аст. Вале бештари мардум намедонанд!(30)
۞ مُنيبينَ إِلَيهِ وَاتَّقوهُ وَأَقيمُوا الصَّلوٰةَ وَلا تَكونوا مِنَ المُشرِكينَ(31)
Ба Ӯ бозгардед ва аз Ӯ битарсед ва намоз бигузоред ва аз мушрикон набошед.(31)
مِنَ الَّذينَ فَرَّقوا دينَهُم وَكانوا شِيَعًا ۖ كُلُّ حِزبٍ بِما لَدَيهِم فَرِحونَ(32)
Аз онон мабошед, ки дини худро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳар чӣ дошт, дилхуш буд.(32)
وَإِذا مَسَّ النّاسَ ضُرٌّ دَعَوا رَبَّهُم مُنيبينَ إِلَيهِ ثُمَّ إِذا أَذاقَهُم مِنهُ رَحمَةً إِذا فَريقٌ مِنهُم بِرَبِّهِم يُشرِكونَ(33)
Чун бар одамиён зиёне расад, Парвардигорашонро бихонанд ва ба даргоҳи Ӯ тавба кунанд ва чун раҳмати худ ба онҳо бичашонад, гурӯҳеро бинӣ, ки ба Парвардигорашон ширк меоваранд.(33)
لِيَكفُروا بِما ءاتَينٰهُم ۚ فَتَمَتَّعوا فَسَوفَ تَعلَمونَ(34)
Пас неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд, Акнун мутаматтеъ (баҳраманд) шавед, ба зуди, ки хоҳед донист!(34)
أَم أَنزَلنا عَلَيهِم سُلطٰنًا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِما كانوا بِهِ يُشرِكونَ(35)
Оё барояшон далеле нозил кардем, то аз чизе, ки бо Худо шарик месозанд, сухан гуфта бошад?(35)
وَإِذا أَذَقنَا النّاسَ رَحمَةً فَرِحوا بِها ۖ وَإِن تُصِبهُم سَيِّئَةٌ بِما قَدَّمَت أَيديهِم إِذا هُم يَقنَطونَ(36)
Чун ба мардум раҳмате бичашонем, шодмон мешаванд ва чун ба сабаби корҳое, ки кардаанд, ранҷе ба онҳо расад, ногаҳон ноумед мегарданд!(36)
أَوَلَم يَرَوا أَنَّ اللَّهَ يَبسُطُ الرِّزقَ لِمَن يَشاءُ وَيَقدِرُ ۚ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِقَومٍ يُؤمِنونَ(37)
Оё намебинанд, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро тангрӯзӣ месозад? Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд!(37)
فَـٔاتِ ذَا القُربىٰ حَقَّهُ وَالمِسكينَ وَابنَ السَّبيلِ ۚ ذٰلِكَ خَيرٌ لِلَّذينَ يُريدونَ وَجهَ اللَّهِ ۖ وَأُولٰئِكَ هُمُ المُفلِحونَ(38)
Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Худоро меҷӯянд ва онҳо наҷотёфтагонанд.(38)
وَما ءاتَيتُم مِن رِبًا لِيَربُوَا۟ فى أَموٰلِ النّاسِ فَلا يَربوا عِندَ اللَّهِ ۖ وَما ءاتَيتُم مِن زَكوٰةٍ تُريدونَ وَجهَ اللَّهِ فَأُولٰئِكَ هُمُ المُضعِفونَ(39)
Моле, ки ба рибо медиҳед, то дар амволи мардум афзун шавад, назди Худо ҳеҷ афзун намешавад ва моле, ки барои хушнудии Худо аз бобати закот медиҳед, зиёд шавад, касоне ки чунин кунанд, мукофоти музоъаф (дучанд) доранд.(39)
اللَّهُ الَّذى خَلَقَكُم ثُمَّ رَزَقَكُم ثُمَّ يُميتُكُم ثُمَّ يُحييكُم ۖ هَل مِن شُرَكائِكُم مَن يَفعَلُ مِن ذٰلِكُم مِن شَيءٍ ۚ سُبحٰنَهُ وَتَعٰلىٰ عَمّا يُشرِكونَ(40)
Худост, он ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё касоне, ки шарики Худо месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд? Пок аст Ӯ ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, бартар (болотар) аст.(40)
ظَهَرَ الفَسادُ فِى البَرِّ وَالبَحرِ بِما كَسَبَت أَيدِى النّاسِ لِيُذيقَهُم بَعضَ الَّذى عَمِلوا لَعَلَّهُم يَرجِعونَ(41)
Ба сабаби амалҳои мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онон ҷазои баъзе аз корҳояшонро бичашонад; шояд, ки бозгарданд.(41)
قُل سيروا فِى الأَرضِ فَانظُروا كَيفَ كانَ عٰقِبَةُ الَّذينَ مِن قَبلُ ۚ كانَ أَكثَرُهُم مُشرِكينَ(42)
Бигӯ: «Дар замин бигардед ва бингаред, ки оқибати пешиниён ки бештаринашон аз мушрикон буданд, чӣ гуна будааст».(42)
فَأَقِم وَجهَكَ لِلدّينِ القَيِّمِ مِن قَبلِ أَن يَأتِىَ يَومٌ لا مَرَدَّ لَهُ مِنَ اللَّهِ ۖ يَومَئِذٍ يَصَّدَّعونَ(43)
Ба дини поки пойдор рӯй биёвар, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки аз амри Худо бозгаштанаш набошад. Дар он рӯз мардум ду гурӯҳ шаванд:(43)
مَن كَفَرَ فَعَلَيهِ كُفرُهُ ۖ وَمَن عَمِلَ صٰلِحًا فَلِأَنفُسِهِم يَمهَدونَ(44)
касоне, ки кофир бошанд, куфрашон ба зиёнашон бошад ва онҳо, ки коре шоиста карда бошанд, барои худ подоше (мукофоти) некӯ омода кардаанд,(44)
لِيَجزِىَ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ مِن فَضلِهِ ۚ إِنَّهُ لا يُحِبُّ الكٰفِرينَ(45)
то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли худ музд диҳад. Зеро Худо кофиронро дӯст надорад!(45)
وَمِن ءايٰتِهِ أَن يُرسِلَ الرِّياحَ مُبَشِّرٰتٍ وَلِيُذيقَكُم مِن رَحمَتِهِ وَلِتَجرِىَ الفُلكُ بِأَمرِهِ وَلِتَبتَغوا مِن فَضلِهِ وَلَعَلَّكُم تَشكُرونَ(46)
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ он, ки бодҳои муждадиҳандаро мефиристад, то раҳмати Худро ба шумо бичашонад ва то киштиҳо ба фармони Ӯ равон бошанд ва аз фазли Ӯ рӯзӣ биҷӯед. Шояд, ки шукр гӯед!(46)
وَلَقَد أَرسَلنا مِن قَبلِكَ رُسُلًا إِلىٰ قَومِهِم فَجاءوهُم بِالبَيِّنٰتِ فَانتَقَمنا مِنَ الَّذينَ أَجرَموا ۖ وَكانَ حَقًّا عَلَينا نَصرُ المُؤمِنينَ(47)
Ва пеш аз ту паёмбаронеро бар қавмашон фиристодем. Онон бо далелҳои равшани худ наздашон омаданд. Ва Мо аз касоне, ки гуноҳ карданд, интиқом гирифтем ва ёрӣ додани мӯъминон бар ӯҳдаи Мо буд.(47)
اللَّهُ الَّذى يُرسِلُ الرِّيٰحَ فَتُثيرُ سَحابًا فَيَبسُطُهُ فِى السَّماءِ كَيفَ يَشاءُ وَيَجعَلُهُ كِسَفًا فَتَرَى الوَدقَ يَخرُجُ مِن خِلٰلِهِ ۖ فَإِذا أَصابَ بِهِ مَن يَشاءُ مِن عِبادِهِ إِذا هُم يَستَبشِرونَ(48)
Худост, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунон ки хоҳад, бар осмон паҳн кунад ва онро пора-пора кунад ва бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, шодмон шаванд,(48)
وَإِن كانوا مِن قَبلِ أَن يُنَزَّلَ عَلَيهِم مِن قَبلِهِ لَمُبلِسينَ(49)
агарчи пеш аз он ки борон бар онҳо биборад, ноумед будаанд.(49)
فَانظُر إِلىٰ ءاثٰرِ رَحمَتِ اللَّهِ كَيفَ يُحىِ الأَرضَ بَعدَ مَوتِها ۚ إِنَّ ذٰلِكَ لَمُحىِ المَوتىٰ ۖ وَهُوَ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ(50)
Пас ба осори раҳмати Худо бингар, ки чӣ гуна заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Чунин Худое зиндакунандаи мурдагон аст ва бар ҳар коре тавоност.(50)
وَلَئِن أَرسَلنا ريحًا فَرَأَوهُ مُصفَرًّا لَظَلّوا مِن بَعدِهِ يَكفُرونَ(51)
Ва агар боде бифиристем, ки киштаҳоро зард бубинанд аз он пас ҳама кофир шаванд.(51)
فَإِنَّكَ لا تُسمِعُ المَوتىٰ وَلا تُسمِعُ الصُّمَّ الدُّعاءَ إِذا وَلَّوا مُدبِرينَ(52)
Ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва агар инҳо низ аз ту бозгарданд, овози худро ба – гӯши он карон нарасонӣ.(52)
وَما أَنتَ بِهٰدِ العُمىِ عَن ضَلٰلَتِهِم ۖ إِن تُسمِعُ إِلّا مَن يُؤمِنُ بِـٔايٰتِنا فَهُم مُسلِمونَ(53)
Ту ҳидояткунандаи нобиноён аз гумроҳияшон нестӣ. Ту садоятро танҳо ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслим шудаанд.(53)
۞ اللَّهُ الَّذى خَلَقَكُم مِن ضَعفٍ ثُمَّ جَعَلَ مِن بَعدِ ضَعفٍ قُوَّةً ثُمَّ جَعَلَ مِن بَعدِ قُوَّةٍ ضَعفًا وَشَيبَةً ۚ يَخلُقُ ما يَشاءُ ۖ وَهُوَ العَليمُ القَديرُ(54)
Худост, ки шуморо нотавон биёфарид ва пас аз нотавонӣ боқувват сохт, он гоҳ пас аз боқувватӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност!(54)
وَيَومَ تَقومُ السّاعَةُ يُقسِمُ المُجرِمونَ ما لَبِثوا غَيرَ ساعَةٍ ۚ كَذٰلِكَ كانوا يُؤفَكونَ(55)
Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, кофирон савганд хӯранд, ки зиёда аз соаъте дар гӯр наоромидаанд. Оре, инчунин аз ҳақ каҷрав мешуданд.(55)
وَقالَ الَّذينَ أوتُوا العِلمَ وَالإيمٰنَ لَقَد لَبِثتُم فى كِتٰبِ اللَّهِ إِلىٰ يَومِ البَعثِ ۖ فَهٰذا يَومُ البَعثِ وَلٰكِنَّكُم كُنتُم لا تَعلَمونَ(56)
Онон, ки донишу имон дода шудаанд, гӯянд: Шумо мувофиқи китоби Худо то рӯзи қиёмат дар гӯр орамидаед ва ин рӯзи қиёмат аст ва шумо намедонистаед».(56)
فَيَومَئِذٍ لا يَنفَعُ الَّذينَ ظَلَموا مَعذِرَتُهُم وَلا هُم يُستَعتَبونَ(57)
Дар ин рӯз узрхоҳии ситамкорон ба ҳолашон нафъ надиҳад ва аз онҳо нахоҳанд, ки тавба кунанд,(57)
وَلَقَد ضَرَبنا لِلنّاسِ فى هٰذَا القُرءانِ مِن كُلِّ مَثَلٍ ۚ وَلَئِن جِئتَهُم بِـٔايَةٍ لَيَقولَنَّ الَّذينَ كَفَروا إِن أَنتُم إِلّا مُبطِلونَ(58)
Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна масал овардаем. Ва чун ояе барояшон биёварӣ, кофирон хоҳанд гуфт: «Шумо беҳудагӯёне беш нестед!»(58)
كَذٰلِكَ يَطبَعُ اللَّهُ عَلىٰ قُلوبِ الَّذينَ لا يَعلَمونَ(59)
Инчунин Худо бар дилҳои касоне, ки аз доноӣ бебаҳраанд, мӯҳр мениҳад!(59)
فَاصبِر إِنَّ وَعدَ اللَّهِ حَقٌّ ۖ وَلا يَستَخِفَّنَّكَ الَّذينَ لا يوقِنونَ(60)
Пас сабр кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст. Мабод; онон, ки ба марҳалаи яқин нарасидаанд, туро бесуботу безобита гардонанд!(60)