An-Nazi'at( النازعات)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ وَالنّٰزِعٰتِ غَرقًا(1)
Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд(1)
وَالنّٰشِطٰتِ نَشطًا(2)
ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд(2)
وَالسّٰبِحٰتِ سَبحًا(3)
ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд(3)
فَالسّٰبِقٰتِ سَبقًا(4)
ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон)(4)
فَالمُدَبِّرٰتِ أَمرًا(5)
ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд,(5)
يَومَ تَرجُفُ الرّاجِفَةُ(6)
ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад(6)
تَتبَعُهَا الرّادِفَةُ(7)
ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд,(7)
قُلوبٌ يَومَئِذٍ واجِفَةٌ(8)
дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд(8)
أَبصٰرُها خٰشِعَةٌ(9)
ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён!(9)
يَقولونَ أَءِنّا لَمَردودونَ فِى الحافِرَةِ(10)
Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,(10)
أَءِذا كُنّا عِظٰمًا نَخِرَةً(11)
он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?»(11)
قالوا تِلكَ إِذًا كَرَّةٌ خاسِرَةٌ(12)
Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!(12)
فَإِنَّما هِىَ زَجرَةٌ وٰحِدَةٌ(13)
Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд.(13)
فَإِذا هُم بِالسّاهِرَةِ(14)
ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт.(14)
هَل أَتىٰكَ حَديثُ موسىٰ(15)
Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?(15)
إِذ نادىٰهُ رَبُّهُ بِالوادِ المُقَدَّسِ طُوًى(16)
Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод:(16)
اذهَب إِلىٰ فِرعَونَ إِنَّهُ طَغىٰ(17)
«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст.(17)
فَقُل هَل لَكَ إِلىٰ أَن تَزَكّىٰ(18)
Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ,(18)
وَأَهدِيَكَ إِلىٰ رَبِّكَ فَتَخشىٰ(19)
ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?»(19)
فَأَرىٰهُ الءايَةَ الكُبرىٰ(20)
Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод.(20)
فَكَذَّبَ وَعَصىٰ(21)
Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.(21)
ثُمَّ أَدبَرَ يَسعىٰ(22)
Сипас пушт гардонду мешитофт.(22)
فَحَشَرَ فَنادىٰ(23)
Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод.(23)
فَقالَ أَنا۠ رَبُّكُمُ الأَعلىٰ(24)
ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!»(24)
فَأَخَذَهُ اللَّهُ نَكالَ الءاخِرَةِ وَالأولىٰ(25)
Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард.(25)
إِنَّ فى ذٰلِكَ لَعِبرَةً لِمَن يَخشىٰ(26)
Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад!(26)
ءَأَنتُم أَشَدُّ خَلقًا أَمِ السَّماءُ ۚ بَنىٰها(27)
Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст?(27)
رَفَعَ سَمكَها فَسَوّىٰها(28)
Сақфашро барафрошт ва дуруст кард,(28)
وَأَغطَشَ لَيلَها وَأَخرَجَ ضُحىٰها(29)
шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт(29)
وَالأَرضَ بَعدَ ذٰلِكَ دَحىٰها(30)
ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард)(30)
أَخرَجَ مِنها ماءَها وَمَرعىٰها(31)
ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард(31)
وَالجِبالَ أَرسىٰها(32)
ва кӯҳҳоро устувор гардонид(32)
مَتٰعًا لَكُم وَلِأَنعٰمِكُم(33)
барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон.(33)
فَإِذا جاءَتِ الطّامَّةُ الكُبرىٰ(34)
Чун он ҳодисаи бузург даррасад,(34)
يَومَ يَتَذَكَّرُ الإِنسٰنُ ما سَعىٰ(35)
рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад(35)
وَبُرِّزَتِ الجَحيمُ لِمَن يَرىٰ(36)
ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд,(36)
فَأَمّا مَن طَغىٰ(37)
Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён)(37)
وَءاثَرَ الحَيوٰةَ الدُّنيا(38)
ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад,(38)
فَإِنَّ الجَحيمَ هِىَ المَأوىٰ(39)
ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.(39)
وَأَمّا مَن خافَ مَقامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفسَ عَنِ الهَوىٰ(40)
Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта бошад,(40)
فَإِنَّ الجَنَّةَ هِىَ المَأوىٰ(41)
биҳишт ҷойгоҳи ӯст.(41)
يَسـَٔلونَكَ عَنِ السّاعَةِ أَيّانَ مُرسىٰها(42)
Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.(42)
فيمَ أَنتَ مِن ذِكرىٰها(43)
Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст?(43)
إِلىٰ رَبِّكَ مُنتَهىٰها(44)
Интиҳои илми он назди Парвардигори туст.(44)
إِنَّما أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخشىٰها(45)
Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ.(45)
كَأَنَّهُم يَومَ يَرَونَها لَم يَلبَثوا إِلّا عَشِيَّةً أَو ضُحىٰها(46)
Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.(46)