An-Naml( النمل)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ طس ۚ تِلكَ ءايٰتُ القُرءانِ وَكِتابٍ مُبينٍ(1)
То, син. Ин аст оёти Қуръон ва китоби равшангар.(1)
هُدًى وَبُشرىٰ لِلمُؤمِنينَ(2)
Раҳнамун ва хушхабарест барои мӯъминон:(2)
الَّذينَ يُقيمونَ الصَّلوٰةَ وَيُؤتونَ الزَّكوٰةَ وَهُم بِالءاخِرَةِ هُم يوقِنونَ(3)
онон, ки намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ба рӯзи қиёмат яқин доранд.(3)
إِنَّ الَّذينَ لا يُؤمِنونَ بِالءاخِرَةِ زَيَّنّا لَهُم أَعمٰلَهُم فَهُم يَعمَهونَ(4)
Амалҳои онҳоеро, ки ба охират имон надоранд, дар дар назарашон биёростем. Аз ин рӯй саргашта мондаанд.(4)
أُولٰئِكَ الَّذينَ لَهُم سوءُ العَذابِ وَهُم فِى الءاخِرَةِ هُمُ الأَخسَرونَ(5)
Онҳо ҳамон касонанд, ки азоби сахт аз они онҳост ва дар охират зиёнкортаранд.(5)
وَإِنَّكَ لَتُلَقَّى القُرءانَ مِن لَدُن حَكيمٍ عَليمٍ(6)
Ту касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Худои ҳакиму доно ба ту нозил мешавад.(6)
إِذ قالَ موسىٰ لِأَهلِهِ إِنّى ءانَستُ نارًا سَـٔاتيكُم مِنها بِخَبَرٍ أَو ءاتيكُم بِشِهابٍ قَبَسٍ لَعَلَّكُم تَصطَلونَ(7)
Мӯсо ба хонаводаи худ гуфт: «Ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед».(7)
فَلَمّا جاءَها نودِىَ أَن بورِكَ مَن فِى النّارِ وَمَن حَولَها وَسُبحٰنَ اللَّهِ رَبِّ العٰلَمينَ(8)
Чун ба оташ расид, садояш доданд, ки баракат дода шуда он, ки даруни оташ аст ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст Худои якто, он Парвардигори ҷаҳониён!(8)
يٰموسىٰ إِنَّهُ أَنَا اللَّهُ العَزيزُ الحَكيمُ(9)
«Эй Мӯсо, Ман Худои ғолибу ҳаким ҳастам.(9)
وَأَلقِ عَصاكَ ۚ فَلَمّا رَءاها تَهتَزُّ كَأَنَّها جانٌّ وَلّىٰ مُدبِرًا وَلَم يُعَقِّب ۚ يٰموسىٰ لا تَخَف إِنّى لا يَخافُ لَدَىَّ المُرسَلونَ(10)
Асоятро бияфкан!»; Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, матарс. Паёмбарон набояд, ки дар назди ман битарсанд,(10)
إِلّا مَن ظَلَمَ ثُمَّ بَدَّلَ حُسنًا بَعدَ سوءٍ فَإِنّى غَفورٌ رَحيمٌ(11)
ғайри касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас аз бадкорӣ некӯкор шавад. Зеро Ман бахшояндаву меҳрубонам!(11)
وَأَدخِل يَدَكَ فى جَيبِكَ تَخرُج بَيضاءَ مِن غَيرِ سوءٍ ۖ فى تِسعِ ءايٰتٍ إِلىٰ فِرعَونَ وَقَومِهِ ۚ إِنَّهُم كانوا قَومًا فٰسِقينَ(12)
Дастатро дар гиребон бибар, то бе ҳеҷ осебе сафед берун ояд. Бо нӯҳ нишона назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки мардуме фосиқанд».(12)
فَلَمّا جاءَتهُم ءايٰتُنا مُبصِرَةً قالوا هٰذا سِحرٌ مُبينٌ(13)
Чун нишонаҳои равшани Моро диданд, гуфтанд: «Ин ҷодуе ошкор аст!»(13)
وَجَحَدوا بِها وَاستَيقَنَتها أَنفُسُهُم ظُلمًا وَعُلُوًّا ۚ فَانظُر كَيفَ كانَ عٰقِبَةُ المُفسِدينَ(14)
Бо он, ки дар дил ба он яқин оварда буданд, вале аз рӯи ситаму бартариҷӯӣ инкораш карданд. Пас бингар, ки оқибати табаҳкорон чӣ гуна бувад!(14)
وَلَقَد ءاتَينا داوۥدَ وَسُلَيمٰنَ عِلمًا ۖ وَقالَا الحَمدُ لِلَّهِ الَّذى فَضَّلَنا عَلىٰ كَثيرٍ مِن عِبادِهِ المُؤمِنينَ(15)
Мо ба Довуду Сулаймон дониш додем. Гуфтанд: «Шукр Худоро аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»(15)
وَوَرِثَ سُلَيمٰنُ داوۥدَ ۖ وَقالَ يٰأَيُّهَا النّاسُ عُلِّمنا مَنطِقَ الطَّيرِ وَأوتينا مِن كُلِّ شَيءٍ ۖ إِنَّ هٰذا لَهُوَ الفَضلُ المُبينُ(16)
Ва Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт: «Эй мардум, ба мо забони мурғон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате ато карданд. Ва ин иноятест ошкор!»(16)
وَحُشِرَ لِسُلَيمٰنَ جُنودُهُ مِنَ الجِنِّ وَالإِنسِ وَالطَّيرِ فَهُم يوزَعونَ(17)
Сипоҳиёни Сулаймон аз ҷинну одами ва парранда гирд омаданд ва онҳо ба саф мерафтанд.(17)
حَتّىٰ إِذا أَتَوا عَلىٰ وادِ النَّملِ قالَت نَملَةٌ يٰأَيُّهَا النَّملُ ادخُلوا مَسٰكِنَكُم لا يَحطِمَنَّكُم سُلَيمٰنُ وَجُنودُهُ وَهُم لا يَشعُرونَ(18)
То ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт: «Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо бехабар помол накунанд».(18)
فَتَبَسَّمَ ضاحِكًا مِن قَولِها وَقالَ رَبِّ أَوزِعنى أَن أَشكُرَ نِعمَتَكَ الَّتى أَنعَمتَ عَلَىَّ وَعَلىٰ وٰلِدَىَّ وَأَن أَعمَلَ صٰلِحًا تَرضىٰهُ وَأَدخِلنى بِرَحمَتِكَ فى عِبادِكَ الصّٰلِحينَ(19)
Сулаймон аз сухани ӯ лабханд заду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат даровар!»(19)
وَتَفَقَّدَ الطَّيرَ فَقالَ ما لِىَ لا أَرَى الهُدهُدَ أَم كانَ مِنَ الغائِبينَ(20)
Дар миёни мурғон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам. Оё аз ғоибшудагон аст?(20)
لَأُعَذِّبَنَّهُ عَذابًا شَديدًا أَو لَأَا۟ذبَحَنَّهُ أَو لَيَأتِيَنّى بِسُلطٰنٍ مُبينٍ(21)
Ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, агар барои ман далеле равшан наорад».(21)
فَمَكَثَ غَيرَ بَعيدٍ فَقالَ أَحَطتُ بِما لَم تُحِط بِهِ وَجِئتُكَ مِن سَبَإٍ بِنَبَإٍ يَقينٍ(22)
Дер карданаш ба дароз накашид. Биёмаду гуфт «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз Сабо бароят хабаре дуруст овардаам.(22)
إِنّى وَجَدتُ امرَأَةً تَملِكُهُم وَأوتِيَت مِن كُلِّ شَيءٍ وَلَها عَرشٌ عَظيمٌ(23)
Занеро ёфтам, ки бар онҳо подшоҳӣ мекунад. Аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахте бузург дорад.(23)
وَجَدتُها وَقَومَها يَسجُدونَ لِلشَّمسِ مِن دونِ اللَّهِ وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيطٰنُ أَعمٰلَهُم فَصَدَّهُم عَنِ السَّبيلِ فَهُم لا يَهتَدونَ(24)
Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Худои якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон амалҳояшонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Худо гумроҳашон кардааст, чунон ки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид.(24)
أَلّا يَسجُدوا لِلَّهِ الَّذى يُخرِجُ الخَبءَ فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَيَعلَمُ ما تُخفونَ وَما تُعلِنونَ(25)
Чаро Худоеро, ки ниҳони осмонҳову заминро ошкор мекунад ва ҳар чиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад, саҷда накунанд?(25)
اللَّهُ لا إِلٰهَ إِلّا هُوَ رَبُّ العَرشِ العَظيمِ ۩(26)
Худои якто, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Парвардигори арши азим». (Саҷда).(26)
۞ قالَ سَنَنظُرُ أَصَدَقتَ أَم كُنتَ مِنَ الكٰذِبينَ(27)
Гуфт: «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори дурӯғгӯёнӣ.(27)
اذهَب بِكِتٰبى هٰذا فَأَلقِه إِلَيهِم ثُمَّ تَوَلَّ عَنهُم فَانظُر ماذا يَرجِعونَ(28)
Ин номаи маро бибар ва бар онҳо афкан, сипас ба як сӯ шав ва бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд».(28)
قالَت يٰأَيُّهَا المَلَؤُا۟ إِنّى أُلقِىَ إِلَىَّ كِتٰبٌ كَريمٌ(29)
Зан гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман партофта шуд.(29)
إِنَّهُ مِن سُلَيمٰنَ وَإِنَّهُ بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ(30)
Нома аз Сулаймон аст ва ин аст: «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон».(30)
أَلّا تَعلوا عَلَىَّ وَأتونى مُسلِمينَ(31)
«Бар ман бартарӣ маҷӯед ва ба таслим назди ман биёед».(31)
قالَت يٰأَيُّهَا المَلَؤُا۟ أَفتونى فى أَمرى ما كُنتُ قاطِعَةً أَمرًا حَتّىٰ تَشهَدونِ(32)
Зан гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки то шумо ҳозир набошед, ман ҳеҷ кореро ҳал натавонам кард».(32)
قالوا نَحنُ أُولوا قُوَّةٍ وَأُولوا بَأسٍ شَديدٍ وَالأَمرُ إِلَيكِ فَانظُرى ماذا تَأمُرينَ(33)
Гуфтанд: Мо қудратмандон ва соҳибони ҷанги сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ».(33)
قالَت إِنَّ المُلوكَ إِذا دَخَلوا قَريَةً أَفسَدوها وَجَعَلوا أَعِزَّةَ أَهلِها أَذِلَّةً ۖ وَكَذٰلِكَ يَفعَلونَ(34)
Зан гуфт: «Подшоҳон чун ба деҳае дароянд, вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Оре, чунин кунанд.(34)
وَإِنّى مُرسِلَةٌ إِلَيهِم بِهَدِيَّةٍ فَناظِرَةٌ بِمَ يَرجِعُ المُرسَلونَ(35)
Ман ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки қосидон чӣ ҷавоб меоваранд».(35)
فَلَمّا جاءَ سُلَيمٰنَ قالَ أَتُمِدّونَنِ بِمالٍ فَما ءاتىٰنِۦَ اللَّهُ خَيرٌ مِمّا ءاتىٰكُم بَل أَنتُم بِهَدِيَّتِكُم تَفرَحونَ(36)
Чун қосид назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чӣ Худо ба ман дода, аз он чӣ ба шумо дода беҳтар аст. На, шумо ба ҳадяи худ шодмон ҳастед.(36)
ارجِع إِلَيهِم فَلَنَأتِيَنَّهُم بِجُنودٍ لا قِبَلَ لَهُم بِها وَلَنُخرِجَنَّهُم مِنها أَذِلَّةً وَهُم صٰغِرونَ(37)
Акнун ба наздашон бозгард. Лашкаре бар сарашон мекашем, ки ҳаргиз тоқати онро надошта бошанд. Ва ба хориву зори аз он ҷо берунашон мекунем».(37)
قالَ يٰأَيُّهَا المَلَؤُا۟ أَيُّكُم يَأتينى بِعَرشِها قَبلَ أَن يَأتونى مُسلِمينَ(38)
Гуфт: «Эй бузургон, кадом як аз шумо тахти ӯро, пеш аз он, ки ба таслим назди ман ояд, бароям меоваред?»(38)
قالَ عِفريتٌ مِنَ الجِنِّ أَنا۠ ءاتيكَ بِهِ قَبلَ أَن تَقومَ مِن مَقامِكَ ۖ وَإِنّى عَلَيهِ لَقَوِىٌّ أَمينٌ(39)
Ифрите аз миёни ҷинҳо гуфт: «Ман қабл аз он, ки аз ҷоят бархезӣ, онро назди ту ҳозир мекунам, ки ман бар ин кор ҳам тавонояму ҳам боваринок».(39)
قالَ الَّذى عِندَهُ عِلمٌ مِنَ الكِتٰبِ أَنا۠ ءاتيكَ بِهِ قَبلَ أَن يَرتَدَّ إِلَيكَ طَرفُكَ ۚ فَلَمّا رَءاهُ مُستَقِرًّا عِندَهُ قالَ هٰذا مِن فَضلِ رَبّى لِيَبلُوَنى ءَأَشكُرُ أَم أَكفُرُ ۖ وَمَن شَكَرَ فَإِنَّما يَشكُرُ لِنَفسِهِ ۖ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ رَبّى غَنِىٌّ كَريمٌ(40)
Ва он кас, ки аз илми китоб баҳрае дошт, гуфт: «Ман, пеш аз он, ки чашм бар ҳам занӣ, онро назди ту меоварам». Чун онро назди худ дид, гуфт: «Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки шукргузорам ё кофири неъмат. Пас ҳар кӣ шукр гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, Парвардигори ман бениёзу карим аст».(40)
قالَ نَكِّروا لَها عَرشَها نَنظُر أَتَهتَدى أَم تَكونُ مِنَ الَّذينَ لا يَهتَدونَ(41)
Гуфт: «Тахташро дигаргун кунед, бубинем онро бозмешиносад ё аз онҳост, ки бознатавонанд шинохт».(41)
فَلَمّا جاءَت قيلَ أَهٰكَذا عَرشُكِ ۖ قالَت كَأَنَّهُ هُوَ ۚ وَأوتينَا العِلمَ مِن قَبلِها وَكُنّا مُسلِمينَ(42)
Чун омад, гуфтандаш: «Оё тахти ту чунин буд?» Гуфт: «Гӯё ҳамон аст. Ва мо пеш аз ин огоҳ шуда будем ва таслим будаем».(42)
وَصَدَّها ما كانَت تَعبُدُ مِن دونِ اللَّهِ ۖ إِنَّها كانَت مِن قَومٍ كٰفِرينَ(43)
Ва ӯро аз ҳар чӣ ба ҷои Худои якто мепарастид, боздошт. Зеро ӯ дар зумраи кофирон буд.(43)
قيلَ لَهَا ادخُلِى الصَّرحَ ۖ فَلَمّا رَأَتهُ حَسِبَتهُ لُجَّةً وَكَشَفَت عَن ساقَيها ۚ قالَ إِنَّهُ صَرحٌ مُمَرَّدٌ مِن قَواريرَ ۗ قالَت رَبِّ إِنّى ظَلَمتُ نَفسى وَأَسلَمتُ مَعَ سُلَيمٰنَ لِلَّهِ رَبِّ العٰلَمينَ(44)
Гуфтандаш: «Ба саҳни қаср дарой!» Чун бидидаш, пиндошт, ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Ин саҳнест соф аз шиша». Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман бар худ ситам кардаам ва инак бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».(44)
وَلَقَد أَرسَلنا إِلىٰ ثَمودَ أَخاهُم صٰلِحًا أَنِ اعبُدُوا اللَّهَ فَإِذا هُم فَريقانِ يَختَصِمونَ(45)
Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки: Худои якторо бипарастед. Ногаҳон ду гурӯҳ шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд.(45)
قالَ يٰقَومِ لِمَ تَستَعجِلونَ بِالسَّيِّئَةِ قَبلَ الحَسَنَةِ ۖ لَولا تَستَغفِرونَ اللَّهَ لَعَلَّكُم تُرحَمونَ(46)
Гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед? Чаро аз Худо бахшоиш намехоҳед? Шояд бар шумо раҳмат оварад».(46)
قالُوا اطَّيَّرنا بِكَ وَبِمَن مَعَكَ ۚ قالَ طٰئِرُكُم عِندَ اللَّهِ ۖ بَل أَنتُم قَومٌ تُفتَنونَ(47)
Гуфтанд: «Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Гуфт: «Фоли бадатон назди Худост. Инак мардуме фиребхӯрда ҳастед!»(47)
وَكانَ فِى المَدينَةِ تِسعَةُ رَهطٍ يُفسِدونَ فِى الأَرضِ وَلا يُصلِحونَ(48)
Дар шаҳр нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод мекарданд, на ислоҳ.(48)
قالوا تَقاسَموا بِاللَّهِ لَنُبَيِّتَنَّهُ وَأَهلَهُ ثُمَّ لَنَقولَنَّ لِوَلِيِّهِ ما شَهِدنا مَهلِكَ أَهلِهِ وَإِنّا لَصٰدِقونَ(49)
Гуфтанд; «Ба Худо савганд хӯред, ки ӯ ва касонаш ро шабона мекушем. Ва чун касе ба талаби хунаш бархезад, бигӯем: «Мо ба ҳангомн ҳалокати касони ӯ он ҷо набудаем ва мо ростгуфторем».(49)
وَمَكَروا مَكرًا وَمَكَرنا مَكرًا وَهُم لا يَشعُرونَ(50)
Ва ғофил буданд, ки агар онҳо ҳилае андешидаанд, Мо низ ҳилае андешидаем.(50)
فَانظُر كَيفَ كانَ عٰقِبَةُ مَكرِهِم أَنّا دَمَّرنٰهُم وَقَومَهُم أَجمَعينَ(51)
Бингар, ки оқибати макрашон чӣ шуд: Мо онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кардем.(51)
فَتِلكَ بُيوتُهُم خاوِيَةً بِما ظَلَموا ۗ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايَةً لِقَومٍ يَعلَمونَ(52)
Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, ки мекарданд, холӣ афтодааст. Дар он доноёнро ибратест.(52)
وَأَنجَينَا الَّذينَ ءامَنوا وَكانوا يَتَّقونَ(53)
Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.(53)
وَلوطًا إِذ قالَ لِقَومِهِ أَتَأتونَ الفٰحِشَةَ وَأَنتُم تُبصِرونَ(54)
Ва Лутро ба ёд ор. Он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Корҳои зишт мекунед, дар ҳоле, ки худ ба зиштии он огоҳед?(54)
أَئِنَّكُم لَتَأتونَ الرِّجالَ شَهوَةً مِن دونِ النِّساءِ ۚ بَل أَنتُم قَومٌ تَجهَلونَ(55)
Чаро аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба мардон шаҳват меронед? Шумо мардуме нодон ҳастед!»(55)
۞ فَما كانَ جَوابَ قَومِهِ إِلّا أَن قالوا أَخرِجوا ءالَ لوطٍ مِن قَريَتِكُم ۖ إِنَّهُم أُناسٌ يَتَطَهَّرونَ(56)
Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки гуфтанд: «Хонадони Лутро аз деҳи худ берун кунед. Онон даъвои покӣ мекунанд» (Пораи 20).(56)
فَأَنجَينٰهُ وَأَهلَهُ إِلَّا امرَأَتَهُ قَدَّرنٰها مِنَ الغٰبِرينَ(57)
Ӯ ва касонаш, ғайри занашро, наҷот додем. Чунон хостем, ки он зан аз бозмондагон бошад.(57)
وَأَمطَرنا عَلَيهِم مَطَرًا ۖ فَساءَ مَطَرُ المُنذَرينَ(58)
Бороне бар онҳо боронидем ва борони таҳдидшудагон чӣ бад боронест!(58)
قُلِ الحَمدُ لِلَّهِ وَسَلٰمٌ عَلىٰ عِبادِهِ الَّذينَ اصطَفىٰ ۗ ءاللَّهُ خَيرٌ أَمّا يُشرِكونَ(59)
Бигӯ; «Шукр Оллоҳро ва салом бар бандагони интихобкардаи Ӯ. Оё Оллоҳ беҳтар аст ё он чизҳо, ки шарики Ӯ қарор медиҳанд?(59)
أَمَّن خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ وَأَنزَلَ لَكُم مِنَ السَّماءِ ماءً فَأَنبَتنا بِهِ حَدائِقَ ذاتَ بَهجَةٍ ما كانَ لَكُم أَن تُنبِتوا شَجَرَها ۗ أَءِلٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ بَل هُم قَومٌ يَعدِلونَ(60)
Ё он касе, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он бӯстонҳое хушманзар рӯёнидем, ки шуморо тавони рӯёнидани дарахте аз он нест. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? На, онҳо мардуме ҳастанд аз ҳақ қаҷрав!(60)
أَمَّن جَعَلَ الأَرضَ قَرارًا وَجَعَلَ خِلٰلَها أَنهٰرًا وَجَعَلَ لَها رَوٰسِىَ وَجَعَلَ بَينَ البَحرَينِ حاجِزًا ۗ أَءِلٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ بَل أَكثَرُهُم لا يَعلَمونَ(61)
Ё он ки заминро оромгоҳ сохт ва дар он рӯдҳо пайдо кард, кӯҳҳо ва миёни ду даре монеъе қарор дод, Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? На, бештаринашон намедонанд!(61)
أَمَّن يُجيبُ المُضطَرَّ إِذا دَعاهُ وَيَكشِفُ السّوءَ وَيَجعَلُكُم خُلَفاءَ الأَرضِ ۗ أَءِلٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ قَليلًا ما تَذَكَّرونَ(62)
Ё он ки дармондаро чун бихонадаш, посух медиҳад ва ранҷ аз ӯ дур мекунад ва шуморо дар замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Чӣ андак панд мегиред!(62)
أَمَّن يَهديكُم فى ظُلُمٰتِ البَرِّ وَالبَحرِ وَمَن يُرسِلُ الرِّيٰحَ بُشرًا بَينَ يَدَى رَحمَتِهِ ۗ أَءِلٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ تَعٰلَى اللَّهُ عَمّا يُشرِكونَ(63)
Ё он ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва он кӣ пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Оллоҳ болотар аст аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд!(63)
أَمَّن يَبدَؤُا۟ الخَلقَ ثُمَّ يُعيدُهُ وَمَن يَرزُقُكُم مِنَ السَّماءِ وَالأَرضِ ۗ أَءِلٰهٌ مَعَ اللَّهِ ۚ قُل هاتوا بُرهٰنَكُم إِن كُنتُم صٰدِقينَ(64)
Ё он ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад ва он, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Бигӯ; Агар рост мегӯед: далели худ биёваред!»(64)
قُل لا يَعلَمُ مَن فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ الغَيبَ إِلَّا اللَّهُ ۚ وَما يَشعُرونَ أَيّانَ يُبعَثونَ(65)
Бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Оллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»(65)
بَلِ ادّٰرَكَ عِلمُهُم فِى الءاخِرَةِ ۚ بَل هُم فى شَكٍّ مِنها ۖ بَل هُم مِنها عَمونَ(66)
Дар боби охират ба яқин расиданд? На! Ҳамчунон дар шак ҳастанд, балки мардуме нобиноянд.(66)
وَقالَ الَّذينَ كَفَروا أَءِذا كُنّا تُرٰبًا وَءاباؤُنا أَئِنّا لَمُخرَجونَ(67)
Кофирон гуфтанд: «Чӣ гуна агар мову падаронамон хок шудем, моро аз қабр берун меоваранд?(67)
لَقَد وُعِدنا هٰذا نَحنُ وَءاباؤُنا مِن قَبلُ إِن هٰذا إِلّا أَسٰطيرُ الأَوَّلينَ(68)
Ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае дода буданд. Инҳо чизе ғайри афсонаҳои пешиниён нест!»(68)
قُل سيروا فِى الأَرضِ فَانظُروا كَيفَ كانَ عٰقِبَةُ المُجرِمينَ(69)
Бигӯ: «Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори гунаҳкорон чӣ гуна будааст!»(69)
وَلا تَحزَن عَلَيهِم وَلا تَكُن فى ضَيقٍ مِمّا يَمكُرونَ(70)
Барояшон андӯҳгин мабош ва аз ҳилае, ки меандешанд, тангдил машав.(70)
وَيَقولونَ مَتىٰ هٰذَا الوَعدُ إِن كُنتُم صٰدِقينَ(71)
Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, он ваъдаи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»(71)
قُل عَسىٰ أَن يَكونَ رَدِفَ لَكُم بَعضُ الَّذى تَستَعجِلونَ(72)
Бигӯ: «Шояд баъзе аз он чӣ ба шитоб металабед, наздики шумо бошад».(72)
وَإِنَّ رَبَّكَ لَذو فَضلٍ عَلَى النّاسِ وَلٰكِنَّ أَكثَرَهُم لا يَشكُرونَ(73)
Ва Парвардигори ту фазли худро бар мардум ато мекунад, вале бештаринашон шукр намегӯянд!(73)
وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَعلَمُ ما تُكِنُّ صُدورُهُم وَما يُعلِنونَ(74)
Ва Парвардигори ту медонад, ки чӣ чизро дар дил ниҳон кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд!(74)
وَما مِن غائِبَةٍ فِى السَّماءِ وَالأَرضِ إِلّا فى كِتٰبٍ مُبينٍ(75)
Ва дар осмонҳову замин ҳеҷ чизи махфӣ нест, ки он дар китоби мубин наомада бошад.(75)
إِنَّ هٰذَا القُرءانَ يَقُصُّ عَلىٰ بَنى إِسرٰءيلَ أَكثَرَ الَّذى هُم فيهِ يَختَلِفونَ(76)
Ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки банӣ-Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад.(76)
وَإِنَّهُ لَهُدًى وَرَحمَةٌ لِلمُؤمِنينَ(77)
Ва барои мӯъмимон ҳидояту раҳмат аст.(77)
إِنَّ رَبَّكَ يَقضى بَينَهُم بِحُكمِهِ ۚ وَهُوَ العَزيزُ العَليمُ(78)
Албатта Парвардигори ту ба раъйи худ миёнашон ҳукм хоҳад кард, ки Ӯ ғолибу доност!(78)
فَتَوَكَّل عَلَى اللَّهِ ۖ إِنَّكَ عَلَى الحَقِّ المُبينِ(79)
Пас ба Худо таваккал кун, ки ту ҳамроҳ бо ҳақиқате равшан ҳастӣ!(79)
إِنَّكَ لا تُسمِعُ المَوتىٰ وَلا تُسمِعُ الصُّمَّ الدُّعاءَ إِذا وَلَّوا مُدبِرينَ(80)
Ту наметавонӣ мурдагокро шунаво созӣ ва овози худро ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд. Бирасонӣ.(80)
وَما أَنتَ بِهٰدِى العُمىِ عَن ضَلٰلَتِهِم ۖ إِن تُسمِعُ إِلّا مَن يُؤمِنُ بِـٔايٰتِنا فَهُم مُسلِمونَ(81)
Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон роҳ намоӣ. Овози худро танҳо ба гӯши касоне тавонӣ расонд, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва мусалмон ҳастанд.(81)
۞ وَإِذا وَقَعَ القَولُ عَلَيهِم أَخرَجنا لَهُم دابَّةً مِنَ الأَرضِ تُكَلِّمُهُم أَنَّ النّاسَ كانوا بِـٔايٰتِنا لا يوقِنونَ(82)
Чун фармони қиёмат муқаррар гардад, барояшон ҷунбандае аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки ин мардум ба оёти Мо яқин намеоварданд.(82)
وَيَومَ نَحشُرُ مِن كُلِّ أُمَّةٍ فَوجًا مِمَّن يُكَذِّبُ بِـٔايٰتِنا فَهُم يوزَعونَ(83)
Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, ҷамъ меоварем ва ононро ба саф биронанд,(83)
حَتّىٰ إِذا جاءو قالَ أَكَذَّبتُم بِـٔايٰتى وَلَم تُحيطوا بِها عِلمًا أَمّاذا كُنتُم تَعمَلونَ(84)
то чун ба маҳшар бирасанд, гӯяд: «Оё шумо оёти Маро дурӯғ мебаровардед ва ҳол он, ки дониши шумо ба он иҳота наёфта буд? Он чӣ коре буд, ки мекардед?»(84)
وَوَقَعَ القَولُ عَلَيهِم بِما ظَلَموا فَهُم لا يَنطِقونَ(85)
Ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, ҳукми азоб бар онҳо муқаррар шавад, бе он, ки ҳеҷ сухане бигӯянд.(85)
أَلَم يَرَوا أَنّا جَعَلنَا الَّيلَ لِيَسكُنوا فيهِ وَالنَّهارَ مُبصِرًا ۚ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِقَومٍ يُؤمِنونَ(86)
Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биёроманд ва рӯзро равшанӣ бахшидем. Албатта дар ин барои мӯъминон ибратҳост.(86)
وَيَومَ يُنفَخُ فِى الصّورِ فَفَزِعَ مَن فِى السَّمٰوٰتِ وَمَن فِى الأَرضِ إِلّا مَن شاءَ اللَّهُ ۚ وَكُلٌّ أَتَوهُ دٰخِرينَ(87)
Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, ғайри он кас ки Худо бихоҳад, битарсанд ва ҳама хору залил ба сӯи Ӯ равон шаванд.(87)
وَتَرَى الجِبالَ تَحسَبُها جامِدَةً وَهِىَ تَمُرُّ مَرَّ السَّحابِ ۚ صُنعَ اللَّهِ الَّذى أَتقَنَ كُلَّ شَيءٍ ۚ إِنَّهُ خَبيرٌ بِما تَفعَلونَ(88)
Ва кӯҳҳоро бинӣ, пиндорӣ, ки беҷонанд, ҳол он, ки ба суръати абр мераванд. Кори Худованд, аст, ки ҳар чизеро ба камол халқ кардааст. Албатта Ӯ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст.(88)
مَن جاءَ بِالحَسَنَةِ فَلَهُ خَيرٌ مِنها وَهُم مِن فَزَعٍ يَومَئِذٍ ءامِنونَ(89)
Ҳар кас, ки кори неке кунад, беҳтар аз онро мукофот гирад ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз дар амон бошанд.(89)
وَمَن جاءَ بِالسَّيِّئَةِ فَكُبَّت وُجوهُهُم فِى النّارِ هَل تُجزَونَ إِلّا ما كُنتُم تَعمَلونَ(90)
Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд, сарнагун дар оташ андозанд, оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки кардаед, ҷазо ёбед?(90)
إِنَّما أُمِرتُ أَن أَعبُدَ رَبَّ هٰذِهِ البَلدَةِ الَّذى حَرَّمَها وَلَهُ كُلُّ شَيءٍ ۖ وَأُمِرتُ أَن أَكونَ مِنَ المُسلِمينَ(91)
Ба ман фармон шуда, ки Парвардигори ин шаҳрро бипарастам. Шаҳре, ки Худованде, ки ҳама чиз аз они Ӯст, ҳурматаш ниҳода ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам.(91)
وَأَن أَتلُوَا۟ القُرءانَ ۖ فَمَنِ اهتَدىٰ فَإِنَّما يَهتَدى لِنَفسِهِ ۖ وَمَن ضَلَّ فَقُل إِنَّما أَنا۠ مِنَ المُنذِرينَ(92)
Ва Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар ки ҳидоят ёфт, ба нафъи худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ: «Ман бимдиҳандае ҳастам».(92)
وَقُلِ الحَمدُ لِلَّهِ سَيُريكُم ءايٰتِهِ فَتَعرِفونَها ۚ وَما رَبُّكَ بِغٰفِلٍ عَمّا تَعمَلونَ(93)
Ва бигӯ: «Шукр Худорост. Оёти худро ба шумо нишон медиҳад, то онҳоро бишиносед. Ва Парвардигори ту аз ҳеҷ коре, ки мекунед, бехабар нест».(93)