An-Najm( النجم)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ وَالنَّجمِ إِذا هَوىٰ(1)
Қасам ба он ситора, чун пинҳон шуд,(1)
ما ضَلَّ صاحِبُكُم وَما غَوىٰ(2)
ки ёри шумо на гумроҳ шуда ва на ба роҳи каҷ рафтааст.(2)
وَما يَنطِقُ عَنِ الهَوىٰ(3)
Ва сухан аз рӯи ҳаво (ҳавас) намегӯяд.(3)
إِن هُوَ إِلّا وَحىٌ يوحىٰ(4)
Ин сухан фақат он чизест, ки ба ӯ ваҳй мешавад.(4)
عَلَّمَهُ شَديدُ القُوىٰ(5)
Ӯро он фариштаи пурқувват таълим додааст,(5)
ذو مِرَّةٍ فَاستَوىٰ(6)
соҳибнерӯе, ки рост истод(6)
وَهُوَ بِالأُفُقِ الأَعلىٰ(7)
ва Ӯ ба канораи балаыди осмон буд,(7)
ثُمَّ دَنا فَتَدَلّىٰ(8)
сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд(8)
فَكانَ قابَ قَوسَينِ أَو أَدنىٰ(9)
то ба қадри ду камон ё наздиктар.(9)
فَأَوحىٰ إِلىٰ عَبدِهِ ما أَوحىٰ(10)
Ва Худо ба бандаи худ ҳар чӣ бояд, ваҳй кунад, ваҳй кард.(10)
ما كَذَبَ الفُؤادُ ما رَأىٰ(11)
Дил он чиро, ки, дид, дурӯғ нашумурд.(11)
أَفَتُمٰرونَهُ عَلىٰ ما يَرىٰ(12)
Оё дар он чӣ мебинад, бо Ӯ ҷидол (баҳс) мекунед?(12)
وَلَقَد رَءاهُ نَزلَةً أُخرىٰ(13)
Ӯро дигар бор ҳам бидид(13)
عِندَ سِدرَةِ المُنتَهىٰ(14)
назди сидратулмунтаҳо,(14)
عِندَها جَنَّةُ المَأوىٰ(15)
ки оромгоҳи биҳишт назди он дарахт аст.(15)
إِذ يَغشَى السِّدرَةَ ما يَغشىٰ(16)
Вақте ки сидраро чизе (нурҳои файзи илоҳӣ) дар худ мепӯшид,(16)
ما زاغَ البَصَرُ وَما طَغىٰ(17)
чашм хато накард ва аз ҳад дарнагузашт.(17)
لَقَد رَأىٰ مِن ءايٰتِ رَبِّهِ الكُبرىٰ(18)
Албатта баъзе аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид.(18)
أَفَرَءَيتُمُ اللّٰتَ وَالعُزّىٰ(19)
Оё Лот ва Уззоро дидаед?(19)
وَمَنوٰةَ الثّالِثَةَ الأُخرىٰ(20)
Ва Манот он бути саввуми дигарро?(20)
أَلَكُمُ الذَّكَرُ وَلَهُ الأُنثىٰ(21)
Оё шуморо писар бошад ва Ӯро духтар?(21)
تِلكَ إِذًا قِسمَةٌ ضيزىٰ(22)
Ин тақсимест ғайри одилона.(22)
إِن هِىَ إِلّا أَسماءٌ سَمَّيتُموها أَنتُم وَءاباؤُكُم ما أَنزَلَ اللَّهُ بِها مِن سُلطٰنٍ ۚ إِن يَتَّبِعونَ إِلَّا الظَّنَّ وَما تَهوَى الأَنفُسُ ۖ وَلَقَد جاءَهُم مِن رَبِّهِمُ الهُدىٰ(23)
Инҳо чизе нестанд ғайри номҳое, ки худ ва падаронатон ба онҳо додаед. Ва Худованд ҳеҷ далеле бар онҳо нафиристодааст. Танҳо аз паи гумону ҳавои нафси худ мераванд ва хол он ки аз ҷониби Худо роҳнамоияшон кардаанд.(23)
أَم لِلإِنسٰنِ ما تَمَنّىٰ(24)
Оё ҳарчи одами орзу кунад, барояш ҳосил аст?(24)
فَلِلَّهِ الءاخِرَةُ وَالأولىٰ(25)
Ҳам охират ва ҳам дунё аз они Худост.(25)
۞ وَكَم مِن مَلَكٍ فِى السَّمٰوٰتِ لا تُغنى شَفٰعَتُهُم شَيـًٔا إِلّا مِن بَعدِ أَن يَأذَنَ اللَّهُ لِمَن يَشاءُ وَيَرضىٰ(26)
Ва чӣ бисёр фариштагон дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ нафъ надиҳад, лекин аз он пас, ки Худо барои ҳар кӣ хоҳад, рухсат диҳад ва хушнуд бошад. (нафъ кунад).(26)
إِنَّ الَّذينَ لا يُؤمِنونَ بِالءاخِرَةِ لَيُسَمّونَ المَلٰئِكَةَ تَسمِيَةَ الأُنثىٰ(27)
Онон, ки ба охират имон надоранд, фариштагонро ба номҳои занон меноманд.(27)
وَما لَهُم بِهِ مِن عِلمٍ ۖ إِن يَتَّبِعونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لا يُغنى مِنَ الحَقِّ شَيـًٔا(28)
Инҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест!(28)
فَأَعرِض عَن مَن تَوَلّىٰ عَن ذِكرِنا وَلَم يُرِد إِلَّا الحَيوٰةَ الدُّنيا(29)
Пас ту низ аз касе, ки аз сухани Мо рӯйгардон мешавад ва ғайри зиндагии дунявиро намеҷӯяд, рӯй гардон.(29)
ذٰلِكَ مَبلَغُهُم مِنَ العِلمِ ۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبيلِهِ وَهُوَ أَعلَمُ بِمَنِ اهتَدىٰ(30)
Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Парвардигори ту ба он касе ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад ё ба роҳи ҳидоят меафтад, донотар аст.(30)
وَلِلَّهِ ما فِى السَّمٰوٰتِ وَما فِى الأَرضِ لِيَجزِىَ الَّذينَ أَسٰـٔوا بِما عَمِلوا وَيَجزِىَ الَّذينَ أَحسَنوا بِالحُسنَى(31)
Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари корҳояшон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон мукофот диҳад.(31)
الَّذينَ يَجتَنِبونَ كَبٰئِرَ الإِثمِ وَالفَوٰحِشَ إِلَّا اللَّمَمَ ۚ إِنَّ رَبَّكَ وٰسِعُ المَغفِرَةِ ۚ هُوَ أَعلَمُ بِكُم إِذ أَنشَأَكُم مِنَ الأَرضِ وَإِذ أَنتُم أَجِنَّةٌ فى بُطونِ أُمَّهٰتِكُم ۖ فَلا تُزَكّوا أَنفُسَكُم ۖ هُوَ أَعلَمُ بِمَنِ اتَّقىٰ(32)
Касоне, ки аз гуноҳони бузургу зиштиҳо парҳез мекунанд, — ғайри он ки гуноҳе кӯчак аз онҳо сар занад, — бидонанд, ки бахшоиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба шумо он гоҳ ки аз замин биёфаридатон ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Худатонро бегуноҳ надонед. Ӯст, ки парҳезгорро беҳтар мешиносад!(32)
أَفَرَءَيتَ الَّذى تَوَلّىٰ(33)
Оё онро, ки аз ту рӯйгардои шуд, дидӣ?(33)
وَأَعطىٰ قَليلًا وَأَكدىٰ(34)
Андак мебахшид ва дар садақа бахилӣ мекард.(34)
أَعِندَهُ عِلمُ الغَيبِ فَهُوَ يَرىٰ(35)
Оё илми ғайб дораду мебинад?(35)
أَم لَم يُنَبَّأ بِما فى صُحُفِ موسىٰ(36)
Ё аз он чӣ дар саҳифаҳои Мӯсо омада, бехабар мондааст?(36)
وَإِبرٰهيمَ الَّذى وَفّىٰ(37)
Ё аз Иброҳим, ки ҳаққи пайғамбариро адо кард?(37)
أَلّا تَزِرُ وازِرَةٌ وِزرَ أُخرىٰ(38)
Ки ҳеҷ кас бори гуноҳи, дигареро барнадорад?(38)
وَأَن لَيسَ لِلإِنسٰنِ إِلّا ما سَعىٰ(39)
Ва ин ки: барои мардум музде ғайри он чӣ худ кардаанд, нест?(39)
وَأَنَّ سَعيَهُ سَوفَ يُرىٰ(40)
Ва ба зудӣ, ки кушиши ӯ дар назар ояд (рӯзи қиёмат).(40)
ثُمَّ يُجزىٰهُ الجَزاءَ الأَوفىٰ(41)
Сипас ба ӯ ҷазое комил диҳанд.(41)
وَأَنَّ إِلىٰ رَبِّكَ المُنتَهىٰ(42)
Ва поёни роҳи ҳама Парвардигори туст.(42)
وَأَنَّهُ هُوَ أَضحَكَ وَأَبكىٰ(43)
Ва Ӯст, ки механдонаду мегирёнад.(43)
وَأَنَّهُ هُوَ أَماتَ وَأَحيا(44)
Ва Ӯст, ки мемиронаду зинда мекунад.(44)
وَأَنَّهُ خَلَقَ الزَّوجَينِ الذَّكَرَ وَالأُنثىٰ(45)
Ва Ӯст, ки ҷуфтҳои нару модаро офаридааст,(45)
مِن نُطفَةٍ إِذا تُمنىٰ(46)
аз дутфа, он гоҳ, ки дар раҳм рехта мешавад.(46)
وَأَنَّ عَلَيهِ النَّشأَةَ الأُخرىٰ(47)
Ва бар Худованд аст, ки онро бори дигар зинда кунад.(47)
وَأَنَّهُ هُوَ أَغنىٰ وَأَقنىٰ(48)
Ва Ӯст, ки тавонгар кунад ва рӯзӣ диҳад,(48)
وَأَنَّهُ هُوَ رَبُّ الشِّعرىٰ(49)
Ва Ӯст Парвардигори ситораи Шиъро.(49)
وَأَنَّهُ أَهلَكَ عادًا الأولىٰ(50)
Ва Ӯст, ки Од — он қавми пешинро ҳалок кард,(50)
وَثَمودَا۟ فَما أَبقىٰ(51)
ва аз Самуд ҳеҷ боқӣ нагузошт.(51)
وَقَومَ نوحٍ مِن قَبلُ ۖ إِنَّهُم كانوا هُم أَظلَمَ وَأَطغىٰ(52)
Ва пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ситамкортару саркаштар буданд(52)
وَالمُؤتَفِكَةَ أَهوىٰ(53)
ва низ Мӯътафикаро нобуд кард.(53)
فَغَشّىٰها ما غَشّىٰ(54)
Ва фурӯ пӯшид он қавмро, ҳар чӣ бояд фурӯ пӯшад (сангборон кард).(54)
فَبِأَىِّ ءالاءِ رَبِّكَ تَتَمارىٰ(55)
Пас ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат шак мекунӣ?(55)
هٰذا نَذيرٌ مِنَ النُّذُرِ الأولىٰ(56)
Ин бимдиҳандаест монанди бимдиҳандагони пешин.(56)
أَزِفَتِ الءازِفَةُ(57)
Қиёмат фаро расид.(57)
لَيسَ لَها مِن دونِ اللَّهِ كاشِفَةٌ(58)
Кас ҷуз Худованд ошкораш накунад.(58)
أَفَمِن هٰذَا الحَديثِ تَعجَبونَ(59)
Оё аз ин сухан дар ҳайрат афтодаед?(59)
وَتَضحَكونَ وَلا تَبكونَ(60)
Ва механдеду намегирйед?(60)
وَأَنتُم سٰمِدونَ(61)
Ва шумо ғофил шудаед.(61)
فَاسجُدوا لِلَّهِ وَاعبُدوا ۩(62)
Пас Худоро саҷда кунед ва Ӯро бипарастед!(62)