Al-Zalzalah( الزلزلة)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ إِذا زُلزِلَتِ الأَرضُ زِلزالَها(1)
Он гоҳ ки замин ларзонда шавад ба сахттарин ларзаҳояш(1)
وَأَخرَجَتِ الأَرضُ أَثقالَها(2)
ва замин борҳои сангинашро берун резад(2)
وَقالَ الإِنسٰنُ ما لَها(3)
ва одамӣ бигӯяд, ки заминро чӣ расидааст?(3)
يَومَئِذٍ تُحَدِّثُ أَخبارَها(4)
Дар ин рӯз замин хабарҳои худро ҳикоят меку над,(4)
بِأَنَّ رَبَّكَ أَوحىٰ لَها(5)
аз он чӣ Парвардигорат ба ӯ ваҳй кардааст.(5)
يَومَئِذٍ يَصدُرُ النّاسُ أَشتاتًا لِيُرَوا أَعمٰلَهُم(6)
Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то амалҳояшонро ба онҳо нишон диҳанд.(6)
فَمَن يَعمَل مِثقالَ ذَرَّةٍ خَيرًا يَرَهُ(7)
Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад(7)
وَمَن يَعمَل مِثقالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ(8)
ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад,(8)