Al-Mursalat( المرسلات)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ وَالمُرسَلٰتِ عُرفًا(1)
Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд(1)
فَالعٰصِفٰتِ عَصفًا(2)
ва савганд ба бодҳои сахти вазанда(2)
وَالنّٰشِرٰتِ نَشرًا(3)
ва савганд ба бодҳои бороновар(3)
فَالفٰرِقٰتِ فَرقًا(4)
ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд(4)
فَالمُلقِيٰتِ ذِكرًا(5)
ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд,(5)
عُذرًا أَو نُذرًا(6)
дафъ кардани узрро ё бим карданро,(6)
إِنَّما توعَدونَ لَوٰقِعٌ(7)
ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!(7)
فَإِذَا النُّجومُ طُمِسَت(8)
Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд(8)
وَإِذَا السَّماءُ فُرِجَت(9)
ва он гоҳ ки осмон бишикофад,(9)
وَإِذَا الجِبالُ نُسِفَت(10)
ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд(10)
وَإِذَا الرُّسُلُ أُقِّتَت(11)
ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад.(11)
لِأَىِّ يَومٍ أُجِّلَت(12)
Барои чӣ рӯзе муъайян шавад?(12)
لِيَومِ الفَصلِ(13)
Барои рӯзи фасл.(13)
وَما أَدرىٰكَ ما يَومُ الفَصلِ(14)
Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист?(14)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(15)
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)!(15)
أَلَم نُهلِكِ الأَوَّلينَ(16)
Оё аввалиёнро ҳалок накардаем(16)
ثُمَّ نُتبِعُهُمُ الءاخِرينَ(17)
ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем?(17)
كَذٰلِكَ نَفعَلُ بِالمُجرِمينَ(18)
Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем.(18)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(19)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(19)
أَلَم نَخلُقكُم مِن ماءٍ مَهينٍ(20)
Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем?(20)
فَجَعَلنٰهُ فى قَرارٍ مَكينٍ(21)
Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем,(21)
إِلىٰ قَدَرٍ مَعلومٍ(22)
то замоне муъайян?(22)
فَقَدَرنا فَنِعمَ القٰدِرونَ(23)
Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем!(23)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(24)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(24)
أَلَم نَجعَلِ الأَرضَ كِفاتًا(25)
Оё заминро ҷойгоҳе насохтем(25)
أَحياءً وَأَموٰتًا(26)
барои зиндагону мурдагон?(26)
وَجَعَلنا فيها رَوٰسِىَ شٰمِخٰتٍ وَأَسقَينٰكُم ماءً فُراتًا(27)
Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем.(27)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(28)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(28)
انطَلِقوا إِلىٰ ما كُنتُم بِهِ تُكَذِّبونَ(29)
Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед.(29)
انطَلِقوا إِلىٰ ظِلٍّ ذى ثَلٰثِ شُعَبٍ(30)
Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед,(30)
لا ظَليلٍ وَلا يُغنى مِنَ اللَّهَبِ(31)
ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад,(31)
إِنَّها تَرمى بِشَرَرٍ كَالقَصرِ(32)
Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим,(32)
كَأَنَّهُ جِمٰلَتٌ صُفرٌ(33)
гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд.(33)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(34)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(34)
هٰذا يَومُ لا يَنطِقونَ(35)
Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд.(35)
وَلا يُؤذَنُ لَهُم فَيَعتَذِرونَ(36)
Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд.(36)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(37)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(37)
هٰذا يَومُ الفَصلِ ۖ جَمَعنٰكُم وَالأَوَّلينَ(38)
Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем.(38)
فَإِن كانَ لَكُم كَيدٌ فَكيدونِ(39)
Пас агар ҳилае доред, ба кор баред.(39)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(40)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(40)
إِنَّ المُتَّقينَ فى ظِلٰلٍ وَعُيونٍ(41)
Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд,(41)
وَفَوٰكِهَ مِمّا يَشتَهونَ(42)
бо ҳар мевае, ки орзу кунанд,(42)
كُلوا وَاشرَبوا هَنيـًٔا بِما كُنتُم تَعمَلونَ(43)
Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод,(43)
إِنّا كَذٰلِكَ نَجزِى المُحسِنينَ(44)
Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!(44)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(45)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(45)
كُلوا وَتَمَتَّعوا قَليلًا إِنَّكُم مُجرِمونَ(46)
Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед,(46)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(47)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(47)
وَإِذا قيلَ لَهُمُ اركَعوا لا يَركَعونَ(48)
Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд).(48)
وَيلٌ يَومَئِذٍ لِلمُكَذِّبينَ(49)
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!(49)
فَبِأَىِّ حَديثٍ بَعدَهُ يُؤمِنونَ(50)
Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд?(50)