Al-Muminun( المؤمنون)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ قَد أَفلَحَ المُؤمِنونَ(1)
Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон:(1)
الَّذينَ هُم فى صَلاتِهِم خٰشِعونَ(2)
онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд(2)
وَالَّذينَ هُم عَنِ اللَّغوِ مُعرِضونَ(3)
ва онон, ки аз беҳуда рӯй мегардонанд(3)
وَالَّذينَ هُم لِلزَّكوٰةِ فٰعِلونَ(4)
ва онон, ки закотро медиҳанд(4)
وَالَّذينَ هُم لِفُروجِهِم حٰفِظونَ(5)
ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд(5)
إِلّا عَلىٰ أَزوٰجِهِم أَو ما مَلَكَت أَيمٰنُهُم فَإِنَّهُم غَيرُ مَلومينَ(6)
ғайри ҳамсарон ё канизони худ, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд(6)
فَمَنِ ابتَغىٰ وَراءَ ذٰلِكَ فَأُولٰئِكَ هُمُ العادونَ(7)
ва касоне, ки ғайр аз ин ду биҷӯянд, аз ҳадди худ таҷовуз кардаанд.(7)
وَالَّذينَ هُم لِأَمٰنٰتِهِم وَعَهدِهِم رٰعونَ(8)
ва онон, ки амонатҳо ва паймонҳои худро риоя ме- кунанд(8)
وَالَّذينَ هُم عَلىٰ صَلَوٰتِهِم يُحافِظونَ(9)
ва онон, ки бар намозҳои худ давомдиҳандаанд,(9)
أُولٰئِكَ هُمُ الوٰرِثونَ(10)
инҳо меросбарон ҳастанд,(10)
الَّذينَ يَرِثونَ الفِردَوسَ هُم فيها خٰلِدونَ(11)
ки фирдавсро, ки ҳамеша дар он ҷовидонанд, ба мерос мебаранд.(11)
وَلَقَد خَلَقنَا الإِنسٰنَ مِن سُلٰلَةٍ مِن طينٍ(12)
Албатта Мо инсонро аз гили холис офаридем,(12)
ثُمَّ جَعَلنٰهُ نُطفَةً فى قَرارٍ مَكينٍ(13)
сипае ӯро нутфае дар ҷойгоҳе устувор қарор до- дем,(13)
ثُمَّ خَلَقنَا النُّطفَةَ عَلَقَةً فَخَلَقنَا العَلَقَةَ مُضغَةً فَخَلَقنَا المُضغَةَ عِظٰمًا فَكَسَونَا العِظٰمَ لَحمًا ثُمَّ أَنشَأنٰهُ خَلقًا ءاخَرَ ۚ فَتَبارَكَ اللَّهُ أَحسَنُ الخٰلِقينَ(14)
он гоҳ аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро бо гӯшт пӯшонидем; бори дигар ӯро офаринише дигар додем. Сазовори таъ- зим аст Худованд, он беҳтарини офаринандагон!(14)
ثُمَّ إِنَّكُم بَعدَ ذٰلِكَ لَمَيِّتونَ(15)
Ва баъд аз ин ҳамаи шумо хоҳед мурд.(15)
ثُمَّ إِنَّكُم يَومَ القِيٰمَةِ تُبعَثونَ(16)
Боз дар рӯзи қиёмат зинда мегардед.(16)
وَلَقَد خَلَقنا فَوقَكُم سَبعَ طَرائِقَ وَما كُنّا عَنِ الخَلقِ غٰفِلينَ(17)
Ва бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки аз ин офариниш ғофил набудаем.(17)
وَأَنزَلنا مِنَ السَّماءِ ماءً بِقَدَرٍ فَأَسكَنّٰهُ فِى الأَرضِ ۖ وَإِنّا عَلىٰ ذَهابٍ بِهِ لَقٰدِرونَ(18)
Ва аз осмон ба миқдори эҳтиёҷ об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карда- наш тавоно ҳастем.(18)
فَأَنشَأنا لَكُم بِهِ جَنّٰتٍ مِن نَخيلٍ وَأَعنٰبٍ لَكُم فيها فَوٰكِهُ كَثيرَةٌ وَمِنها تَأكُلونَ(19)
Бо он об бароятон бӯстонҳое аз хурмову ангур пайдо кардем. Шуморо дар он борҳо меваҳои бисё- рест, ки аз онҳо мехӯред.(19)
وَشَجَرَةً تَخرُجُ مِن طورِ سَيناءَ تَنبُتُ بِالدُّهنِ وَصِبغٍ لِلءاكِلينَ(20)
Ва дарахтест, ки дар Тӯри Сино мерӯяд. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯри- шест.(20)
وَإِنَّ لَكُم فِى الأَنعٰمِ لَعِبرَةً ۖ نُسقيكُم مِمّا فى بُطونِها وَلَكُم فيها مَنٰفِعُ كَثيرَةٌ وَمِنها تَأكُلونَ(21)
Шуморо дар чорпоён ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, ба шумо мепушонем ва аз онҳо фоида- ҳои бисёр мебаред ва аз онҳо мехӯред.(21)
وَعَلَيها وَعَلَى الفُلكِ تُحمَلونَ(22)
Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.(22)
وَلَقَد أَرسَلنا نوحًا إِلىٰ قَومِهِ فَقالَ يٰقَومِ اعبُدُوا اللَّهَ ما لَكُم مِن إِلٰهٍ غَيرُهُ ۖ أَفَلا تَتَّقونَ(23)
Қасам, ки Нӯҳро бар қавмаш фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед. Шуморо Худованде ғайри Ӯ нест. Оё наметарсед?»(23)
فَقالَ المَلَؤُا۟ الَّذينَ كَفَروا مِن قَومِهِ ما هٰذا إِلّا بَشَرٌ مِثلُكُم يُريدُ أَن يَتَفَضَّلَ عَلَيكُم وَلَو شاءَ اللَّهُ لَأَنزَلَ مَلٰئِكَةً ما سَمِعنا بِهٰذا فى ءابائِنَا الأَوَّلينَ(24)
Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад аз шумо болотар шавад. Агар Худо мехост, фарпштаго- неро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизе дар рӯзго- ри ниёгонамон нашунидаем.(24)
إِن هُوَ إِلّا رَجُلٌ بِهِ جِنَّةٌ فَتَرَبَّصوا بِهِ حَتّىٰ حينٍ(25)
Ӯ марди девонае беш нест. Якчанд муддат бар ӯ сабр кунед». (то маргаш фаро расад).(25)
قالَ رَبِّ انصُرنى بِما كَذَّبونِ(26)
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғ мебароранд, ёриам кун».(26)
فَأَوحَينا إِلَيهِ أَنِ اصنَعِ الفُلكَ بِأَعيُنِنا وَوَحيِنا فَإِذا جاءَ أَمرُنا وَفارَ التَّنّورُ ۙ فَاسلُك فيها مِن كُلٍّ زَوجَينِ اثنَينِ وَأَهلَكَ إِلّا مَن سَبَقَ عَلَيهِ القَولُ مِنهُم ۖ وَلا تُخٰطِبنى فِى الَّذينَ ظَلَموا ۖ إِنَّهُم مُغرَقونَ(27)
Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро дар ҳузури Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо дарра- сид ва об аз танӯр берун зад, аз ҳар ҷинсе дуто ва низ касони худро ба он бибар. Ғайри он кас, ки пеш аз ин дар бораи ӯ сухан рафтааст. Ва дар бораи си- тамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқ- шудагонанд.(27)
فَإِذَا استَوَيتَ أَنتَ وَمَن مَعَكَ عَلَى الفُلكِ فَقُلِ الحَمدُ لِلَّهِ الَّذى نَجّىٰنا مِنَ القَومِ الظّٰلِمينَ(28)
Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед, би- гӯ: «Шукр Худойро, ки моро аз мардуми золим наҷот бахшид».(28)
وَقُل رَبِّ أَنزِلنى مُنزَلًا مُبارَكًا وَأَنتَ خَيرُ المُنزِلينَ(29)
Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки ту беҳтарини фароран- дагонӣ».(29)
إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ وَإِن كُنّا لَمُبتَلينَ(30)
Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва мо танҳо озмояндагоне будем.(30)
ثُمَّ أَنشَأنا مِن بَعدِهِم قَرنًا ءاخَرينَ(31)
Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем.(31)
فَأَرسَلنا فيهِم رَسولًا مِنهُم أَنِ اعبُدُوا اللَّهَ ما لَكُم مِن إِلٰهٍ غَيرُهُ ۖ أَفَلا تَتَّقونَ(32)
Ва аз худашон ба миёнашон паёмбаре фиристо- дем, ки Худои якторо бипарастед, шуморо худое ҷуз Ӯ нест. Оё наметарсед?(32)
وَقالَ المَلَأُ مِن قَومِهِ الَّذينَ كَفَروا وَكَذَّبوا بِلِقاءِ الءاخِرَةِ وَأَترَفنٰهُم فِى الحَيوٰةِ الدُّنيا ما هٰذا إِلّا بَشَرٌ مِثلُكُم يَأكُلُ مِمّا تَأكُلونَ مِنهُ وَيَشرَبُ مِمّا تَشرَبونَ(33)
Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва дар ин дунёяшон айшу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, аз он чӣ мехӯред, мехӯрад ва аз он чӣ меошомед. меошомад.(33)
وَلَئِن أَطَعتُم بَشَرًا مِثلَكُم إِنَّكُم إِذًا لَخٰسِرونَ(34)
Ва агар ба инсоне монанди худ итоъат кунед, зиён кардаед.(34)
أَيَعِدُكُم أَنَّكُم إِذا مِتُّم وَكُنتُم تُرابًا وَعِظٰمًا أَنَّكُم مُخرَجونَ(35)
Оё ба шумо ваъда медиҳад, ки чун мурдед ва хоку устухон шудед, шуморо аз гӯр берун меова- ранд?(35)
۞ هَيهاتَ هَيهاتَ لِما توعَدونَ(36)
Ин ваъдае, ки ба шумо дода шуда, дур аст, дур!(36)
إِن هِىَ إِلّا حَياتُنَا الدُّنيا نَموتُ وَنَحيا وَما نَحنُ بِمَبعوثينَ(37)
Ҷуз ҳамин зиндагонии дунявии мо ҳеҷ нест, ба дунё меоему мемирем ва дигар бор зинда намеша- вем.(37)
إِن هُوَ إِلّا رَجُلٌ افتَرىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا وَما نَحنُ لَهُ بِمُؤمِنينَ(38)
Ин мардест, ки ба худои якто дурӯғ мебофад ва мо ба ӯ имон намеоварем».(38)
قالَ رَبِّ انصُرنى بِما كَذَّبونِ(39)
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун ки маро ду- рӯғ мебароранд, ёриам кун!»(39)
قالَ عَمّا قَليلٍ لَيُصبِحُنَّ نٰدِمينَ(40)
Гуфт: «Ба ҳамин зуди аз карда пушаймон меша- ванд».(40)
فَأَخَذَتهُمُ الصَّيحَةُ بِالحَقِّ فَجَعَلنٰهُم غُثاءً ۚ فَبُعدًا لِلقَومِ الظّٰلِمينَ(41)
Пас ба ҳақ садое сахт ононро фурӯ гирифт. Мо- нанди гиёҳ хушкашон кардем. Эй, насиби мардуми ситамкора дурӣ аз раҳмати Худо бод!(41)
ثُمَّ أَنشَأنا مِن بَعدِهِم قُرونًا ءاخَرينَ(42)
Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем.(42)
ما تَسبِقُ مِن أُمَّةٍ أَجَلَها وَما يَستَـٔخِرونَ(43)
Ҳеҷ миллате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад,(43)
ثُمَّ أَرسَلنا رُسُلَنا تَترا ۖ كُلَّ ما جاءَ أُمَّةً رَسولُها كَذَّبوهُ ۚ فَأَتبَعنا بَعضَهُم بَعضًا وَجَعَلنٰهُم أَحاديثَ ۚ فَبُعدًا لِقَومٍ لا يُؤمِنونَ(44)
Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристо- дем. Ҳар бор, ки паёмбаре бар миллате омад, дурӯғ бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ононро достонҳо кардем. Эй, насиби мардуме, ки имон намеоваравдд, дурӣ аз раҳмати Худо бод!(44)
ثُمَّ أَرسَلنا موسىٰ وَأَخاهُ هٰرونَ بِـٔايٰتِنا وَسُلطٰنٍ مُبينٍ(45)
Он гоҳ Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ ва далелҳои равшан фиристодем;(45)
إِلىٰ فِرعَونَ وَمَلَإِي۟هِ فَاستَكبَروا وَكانوا قَومًا عالينَ(46)
назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Пас гар- данкашӣ кардаид, кн мардуме бартариҷӯй буданд(46)
فَقالوا أَنُؤمِنُ لِبَشَرَينِ مِثلِنا وَقَومُهُما لَنا عٰبِدونَ(47)
ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди мо ҳастанд ва қавмашон бандагони мо буданд, имон биёварем?»(47)
فَكَذَّبوهُما فَكانوا مِنَ المُهلَكينَ(48)
Онҳоро дурӯғ бароварданд ва худро ба ҳалокат афканданд.(48)
وَلَقَد ءاتَينا موسَى الكِتٰبَ لَعَلَّهُم يَهتَدونَ(49)
Албатта Мо ба Мӯсо китоб додем, бошад, ки ҳи- доят ёбанд.(49)
وَجَعَلنَا ابنَ مَريَمَ وَأُمَّهُ ءايَةً وَءاوَينٰهُما إِلىٰ رَبوَةٍ ذاتِ قَرارٍ وَمَعينٍ(50)
Ва писари Марям ва модарашро мӯъҷизае сохтем ва он дуро бар баланд ҷое, ки қароргоҳе ва оби равон дошт ҷой додем.(50)
يٰأَيُّهَا الرُّسُلُ كُلوا مِنَ الطَّيِّبٰتِ وَاعمَلوا صٰلِحًا ۖ إِنّى بِما تَعمَلونَ عَليمٌ(51)
Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву хуш бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳое, ки ме- кунед, огоҳам!(51)
وَإِنَّ هٰذِهِ أُمَّتُكُم أُمَّةً وٰحِدَةً وَأَنا۠ رَبُّكُم فَاتَّقونِ(52)
Албатта ин дини шумо динест ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед.(52)
فَتَقَطَّعوا أَمرَهُم بَينَهُم زُبُرًا ۖ كُلُّ حِزبٍ بِما لَدَيهِم فَرِحونَ(53)
Пас дини худро фирқа-фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буд, дилхуш буд.(53)
فَذَرهُم فى غَمرَتِهِم حَتّىٰ حينٍ(54)
Ононро то чанде дар гумроҳияшон бигузор.(54)
أَيَحسَبونَ أَنَّما نُمِدُّهُم بِهِ مِن مالٍ وَبَنينَ(55)
Оё мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки ба онҳо додем,(55)
نُسارِعُ لَهُم فِى الخَيرٰتِ ۚ بَل لا يَشعُرونَ(56)
барои он аст, ки мекӯшем хайре ба онҳо бирасо- нем? На, онон дарнамеёбанд!(56)
إِنَّ الَّذينَ هُم مِن خَشيَةِ رَبِّهِم مُشفِقونَ(57)
Онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон ларзонанд(57)
وَالَّذينَ هُم بِـٔايٰتِ رَبِّهِم يُؤمِنونَ(58)
ва онҳое, ки ба оёти Парвардигорашон имон ме- оваранд(58)
وَالَّذينَ هُم بِرَبِّهِم لا يُشرِكونَ(59)
ва онҳое, ки ба Парвардигорашон ширк намеова- ранд(59)
وَالَّذينَ يُؤتونَ ما ءاتَوا وَقُلوبُهُم وَجِلَةٌ أَنَّهُم إِلىٰ رَبِّهِم رٰجِعونَ(60)
ва онҳое, ки ҳамаи он чиро бояд адо кунанд, адо мекунанд ва боз ҳам дилҳояшон тарсон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд,(60)
أُولٰئِكَ يُسٰرِعونَ فِى الخَيرٰتِ وَهُم لَها سٰبِقونَ(61)
инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд.(61)
وَلا نُكَلِّفُ نَفسًا إِلّا وُسعَها ۖ وَلَدَينا كِتٰبٌ يَنطِقُ بِالحَقِّ ۚ وَهُم لا يُظلَمونَ(62)
Бар ҳеҷ кас ҷуз ба миқдори тавонаш таклиф на- мекунем. Ва назди Мо китобест, ки ба ҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ситаме намеравад.(62)
بَل قُلوبُهُم فى غَمرَةٍ مِن هٰذا وَلَهُم أَعمٰلٌ مِن دونِ ذٰلِكَ هُم لَها عٰمِلونَ(63)
На! Дилҳояшон аз ин сухан дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳоро корҳоест ҷуз ин корҳо, ки мекунанд.(63)
حَتّىٰ إِذا أَخَذنا مُترَفيهِم بِالعَذابِ إِذا هُم يَجـَٔرونَ(64)
То он гоҳ ки сарватмандонашонро ба азоб ги- рифтор кунем ва нола сар диҳанд.(64)
لا تَجـَٔرُوا اليَومَ ۖ إِنَّكُم مِنّا لا تُنصَرونَ(65)
Имрӯз нола сар мадиҳед, ки шуморо аз азоби Мо кас наҷот надиҳад!.(65)
قَد كانَت ءايٰتى تُتلىٰ عَلَيكُم فَكُنتُم عَلىٰ أَعقٰبِكُم تَنكِصونَ(66)
Оёти Ман! бароятюн хонда, мешуд ва шумо наме- пазируфтед ва пас-пас мерафтед.(66)
مُستَكبِرينَ بِهِ سٰمِرًا تَهجُرونَ(67)
Бар он такаббур мекардед ва шабҳангом дар аф- сонасароӣ носазо мегуфтед.(67)
أَفَلَم يَدَّبَّرُوا القَولَ أَم جاءَهُم ما لَم يَأتِ ءاباءَهُمُ الأَوَّلينَ(68)
Оё дар ин сухан намеандешанд ё барои онҳо чи- зе нозил шуда, ки барои ниёгонашон нозил нашуда буд?(68)
أَم لَم يَعرِفوا رَسولَهُم فَهُم لَهُ مُنكِرونَ(69)
Ё он ки паёмбарашонро нашинохтаанд, ки инко- раш мекунанд?(69)
أَم يَقولونَ بِهِ جِنَّةٌ ۚ بَل جاءَهُم بِالحَقِّ وَأَكثَرُهُم لِلحَقِّ كٰرِهونَ(70)
Ё мегӯянд, ки девона аст? На, паёмбарашон ба дини ҳақ бар онҳо фиристода шуд, вале бештара- шон аз ҳақ бадбинӣ доранд.(70)
وَلَوِ اتَّبَعَ الحَقُّ أَهواءَهُم لَفَسَدَتِ السَّمٰوٰتُ وَالأَرضُ وَمَن فيهِنَّ ۚ بَل أَتَينٰهُم بِذِكرِهِم فَهُم عَن ذِكرِهِم مُعرِضونَ(71)
Агар ҳақ аз паи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳо- ву замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо пан; даш, он фиристодем ва онҳо аз пандашон рӯйгардон шуданд.(71)
أَم تَسـَٔلُهُم خَرجًا فَخَراجُ رَبِّكَ خَيرٌ ۖ وَهُوَ خَيرُ الرّٰزِقينَ(72)
Ё ту аз онҳо музде металабӣ? Музди Парварди- горат беҳтар аст, ки Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!(72)
وَإِنَّكَ لَتَدعوهُم إِلىٰ صِرٰطٍ مُستَقيمٍ(73)
Албатта ту ба роҳи росташон даъват мекунӣ.(73)
وَإِنَّ الَّذينَ لا يُؤمِنونَ بِالءاخِرَةِ عَنِ الصِّرٰطِ لَنٰكِبونَ(74)
Ва касоне, ки ба охират имон надоранд, аз роҳи рост каҷраванд!(74)
۞ وَلَو رَحِمنٰهُم وَكَشَفنا ما بِهِم مِن ضُرٍّ لَلَجّوا فى طُغيٰنِهِم يَعمَهونَ(75)
Агар бар онҳо раҳмат меоварем ва озореро, ки ба он гирифторанд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам хамчунон бо сарсахтӣ дар таҷовузи худ саргашта ме- монданд.(75)
وَلَقَد أَخَذنٰهُم بِالعَذابِ فَمَا استَكانوا لِرَبِّهِم وَما يَتَضَرَّعونَ(76)
Ба азоб гирифторашон кардем на сар хам кар- данд ва на илтиҷо.(76)
حَتّىٰ إِذا فَتَحنا عَلَيهِم بابًا ذا عَذابٍ شَديدٍ إِذا هُم فيهِ مُبلِسونَ(77)
То он гоҳ ки даре аз азоби сахт ба рӯяшон ку- шодем, чунон ки аз ҳама ҷо ноумед гаштанд.(77)
وَهُوَ الَّذى أَنشَأَ لَكُمُ السَّمعَ وَالأَبصٰرَ وَالأَفـِٔدَةَ ۚ قَليلًا ما تَشكُرونَ(78)
Ва ӯст он Худое, ки бароятон гӯшу чашму дил биёфарид. Чӣ андак шукр мегузоред!(78)
وَهُوَ الَّذى ذَرَأَكُم فِى الأَرضِ وَإِلَيهِ تُحشَرونَ(79)
Ӯст он Худое, ки шуморо дар рӯи замин халқ кард ва ҳама назди Ӯ ҷамъ оварда мешавед.(79)
وَهُوَ الَّذى يُحيۦ وَيُميتُ وَلَهُ اختِلٰفُ الَّيلِ وَالنَّهارِ ۚ أَفَلا تَعقِلونَ(80)
Ва Ӯст он Худое, ки зинда мекунад ва мемиро- над ва омадушуди шабу рӯз аз Ӯст, Чаро ақл намекунед?(80)
بَل قالوا مِثلَ ما قالَ الأَوَّلونَ(81)
На, онҳо низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пеши- ниён мегуфтанд.(81)
قالوا أَءِذا مِتنا وَكُنّا تُرابًا وَعِظٰمًا أَءِنّا لَمَبعوثونَ(82)
Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?»(82)
لَقَد وُعِدنا نَحنُ وَءاباؤُنا هٰذا مِن قَبلُ إِن هٰذا إِلّا أَسٰطيرُ الأَوَّلينَ(83)
Ба мо ва падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъ- даҳое дода шуда буд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пе- шиниён нест!»(83)
قُل لِمَنِ الأَرضُ وَمَن فيها إِن كُنتُم تَعلَمونَ(84)
Бигӯ: «-Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?»(84)
سَيَقولونَ لِلَّهِ ۚ قُل أَفَلا تَذَكَّرونَ(85)
Хоҳанд гуфт: «Аз они Худо». Бигӯ: «Оё панд на- мегиред?»(85)
قُل مَن رَبُّ السَّمٰوٰتِ السَّبعِ وَرَبُّ العَرشِ العَظيمِ(86)
Бигӯ: «Кист Парвардигори ҳафт осмон ва Пар- вардигори арши бузург?».(86)
سَيَقولونَ لِلَّهِ ۚ قُل أَفَلا تَتَّقونَ(87)
Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Оё наметарсед?»(87)
قُل مَن بِيَدِهِ مَلَكوتُ كُلِّ شَيءٍ وَهُوَ يُجيرُ وَلا يُجارُ عَلَيهِ إِن كُنتُم تَعلَمونَ(88)
Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист он, ки ба ҳама кас паноҳ диҳад ва касеро аз ӯ паноҳ нест?»(88)
سَيَقولونَ لِلَّهِ ۚ قُل فَأَنّىٰ تُسحَرونَ(89)
Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Пас чаро фиреб ме- хӯред?»(89)
بَل أَتَينٰهُم بِالحَقِّ وَإِنَّهُم لَكٰذِبونَ(90)
На! Мо бар онҳо сухани рост фиристодем ва онҳо дурӯғ мегӯянд!(90)
مَا اتَّخَذَ اللَّهُ مِن وَلَدٍ وَما كانَ مَعَهُ مِن إِلٰهٍ ۚ إِذًا لَذَهَبَ كُلُّ إِلٰهٍ بِما خَلَقَ وَلَعَلا بَعضُهُم عَلىٰ بَعضٍ ۚ سُبحٰنَ اللَّهِ عَمّا يَصِفونَ(91)
Худо ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ худое бо Ӯ нест. Агар чунин мебуд ҳар худое бо офаридагони худ ба як сӯ мекашид ва бар якдигар болотаршавиро меҷустанд. Худо аз он гуна, ки Ӯро васф мекунанд, пок аст.(91)
عٰلِمِ الغَيبِ وَالشَّهٰدَةِ فَتَعٰلىٰ عَمّا يُشرِكونَ(92)
Донои пинҳону ошкоро, аз ҳар чӣ шарики Ӯ ме- созанд, болотар аст.(92)
قُل رَبِّ إِمّا تُرِيَنّى ما يوعَدونَ(93)
Бигӯ: «Эй Парвардигори, ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода шуда, ба ман нишон медодӣ.(93)
رَبِّ فَلا تَجعَلنى فِى القَومِ الظّٰلِمينَ(94)
Пас, эй Парвардигори ман, маро дар зумраи си- тамкорон қарор мадеҳ».(94)
وَإِنّا عَلىٰ أَن نُرِيَكَ ما نَعِدُهُم لَقٰدِرونَ(95)
Ва Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, туро нишон диҳем, метавонем.(95)
ادفَع بِالَّتى هِىَ أَحسَنُ السَّيِّئَةَ ۚ نَحنُ أَعلَمُ بِما يَصِفونَ(96)
Сухани бади онҳоро бар ҳар чӣ некӯтар меояд, ҷавоб деҳ. Мо ба сухани онҳо огоҳтар ҳастем.(96)
وَقُل رَبِّ أَعوذُ بِكَ مِن هَمَزٰتِ الشَّيٰطينِ(97)
Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шай- тон ба ту паноҳ меоварам.(97)
وَأَعوذُ بِكَ رَبِّ أَن يَحضُرونِ(98)
Ва ба Ту паноҳ меоварам, эй Парвардигори ман, агар назди ман ҳозир оянд!»(98)
حَتّىٰ إِذا جاءَ أَحَدَهُمُ المَوتُ قالَ رَبِّ ارجِعونِ(99)
Чун якеашонро марг фаро расад, гӯяд: «Эй Пар- вардигори ман, маро бозгардон. (ба ҳаёт).(99)
لَعَلّى أَعمَلُ صٰلِحًا فيما تَرَكتُ ۚ كَلّا ۚ إِنَّها كَلِمَةٌ هُوَ قائِلُها ۖ وَمِن وَرائِهِم بَرزَخٌ إِلىٰ يَومِ يُبعَثونَ(100)
Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Ин суханест, ки ӯ мегӯяд ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъест, ки бозгашт натавонанд.(100)
فَإِذا نُفِخَ فِى الصّورِ فَلا أَنسابَ بَينَهُم يَومَئِذٍ وَلا يَتَساءَلونَ(101)
Чун дар сур дамида шавад, ҳеҷ хешованде миё- нашон намонад ва ҳеҷ аз холи якдигар напурсанд.(101)
فَمَن ثَقُلَت مَوٰزينُهُ فَأُولٰئِكَ هُمُ المُفلِحونَ(102)
Онон, ки тарозуяшон сангин бошад, худ наҷотёф- тагонанд.(102)
وَمَن خَفَّت مَوٰزينُهُ فَأُولٰئِكَ الَّذينَ خَسِروا أَنفُسَهُم فى جَهَنَّمَ خٰلِدونَ(103)
Ва онон, ки тарозуяшон сабук бошад, ба худ зиён расокидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовид монда- гонанд.(103)
تَلفَحُ وُجوهَهُمُ النّارُ وَهُم فيها كٰلِحونَ(104)
Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар дӯзах туршрӯянд.(104)
أَلَم تَكُن ءايٰتى تُتلىٰ عَلَيكُم فَكُنتُم بِها تُكَذِّبونَ(105)
Оё оятҳои Ман бароятон хонда намешуд ва онҳо- ро дурӯғ меҳисобидед?(105)
قالوا رَبَّنا غَلَبَت عَلَينا شِقوَتُنا وَكُنّا قَومًا ضالّينَ(106)
Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо ғалаба кард ва мо мардуме гумроҳ будем.(106)
رَبَّنا أَخرِجنا مِنها فَإِن عُدنا فَإِنّا ظٰلِمونَ(107)
Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар. Агар дигар бор чунон кардем, аз золимон бошем».(107)
قالَ اخسَـٔوا فيها وَلا تُكَلِّمونِ(108)
Гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан нагӯед».(108)
إِنَّهُ كانَ فَريقٌ مِن عِبادى يَقولونَ رَبَّنا ءامَنّا فَاغفِر لَنا وَارحَمنا وَأَنتَ خَيرُ الرّٰحِمينَ(109)
Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро бибахшо ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоваран- дагонӣ».(109)
فَاتَّخَذتُموهُم سِخرِيًّا حَتّىٰ أَنسَوكُم ذِكرى وَكُنتُم مِنهُم تَضحَكونَ(110)
Ва шумо масхараашон мекардед то ёди Маро аз хотиратон рабуданд. Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед.(110)
إِنّى جَزَيتُهُمُ اليَومَ بِما صَبَروا أَنَّهُم هُمُ الفائِزونَ(111)
Имрӯз онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, музд медиҳам. Онҳо ба муроди худ расидаанд,(111)
قٰلَ كَم لَبِثتُم فِى الأَرضِ عَدَدَ سِنينَ(112)
Гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин зистаед?»(112)
قالوا لَبِثنا يَومًا أَو بَعضَ يَومٍ فَسـَٔلِ العادّينَ(113)
Гӯянд: «Як рӯз ё қиёмате аз як рӯз. Аз онҳо, ки мешумурданд, бипурс».(113)
قٰلَ إِن لَبِثتُم إِلّا قَليلًا ۖ لَو أَنَّكُم كُنتُم تَعلَمونَ(114)
Гӯяд: «Агар огоҳӣ доштед, медонистед, ки ҷуз андаке назистаед.(114)
أَفَحَسِبتُم أَنَّما خَلَقنٰكُم عَبَثًا وَأَنَّكُم إِلَينا لا تُرجَعونَ(115)
Оё пин д оре д, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»(115)
فَتَعٰلَى اللَّهُ المَلِكُ الحَقُّ ۖ لا إِلٰهَ إِلّا هُوَ رَبُّ العَرشِ الكَريمِ(116)
Пас пок аст Худои якто — он фармонравои ростин. Ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест! Парвардигори арши бузургвор аст.(116)
وَمَن يَدعُ مَعَ اللَّهِ إِلٰهًا ءاخَرَ لا بُرهٰنَ لَهُ بِهِ فَإِنَّما حِسابُهُ عِندَ رَبِّهِ ۚ إِنَّهُ لا يُفلِحُ الكٰفِرونَ(117)
Он кас, ки ба ҷои Худои якто худои дигареро ме- хонад, ва ба ҳаққонияташ ҳеҷ бурҳоне надорад, ин аст, ки ҳисобаш назди Парвардигораш хо- ҳад буд. Ва кофирон наҷот намеёбанд.(117)
وَقُل رَبِّ اغفِر وَارحَم وَأَنتَ خَيرُ الرّٰحِمينَ(118)
Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бибахшову раҳ- мат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳас- тӣ!»(118)