Al-Ma'un( الماعون)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ أَرَءَيتَ الَّذى يُكَذِّبُ بِالدّينِ(1)
Оё онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурад, дидӣ?(1)
فَذٰلِكَ الَّذى يَدُعُّ اليَتيمَ(2)
Ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба иҳонат (хорӣ) меронад(2)
وَلا يَحُضُّ عَلىٰ طَعامِ المِسكينِ(3)
ва мардумро ба таъом додан ба бенаво тарғиб намекунад.(3)
فَوَيلٌ لِلمُصَلّينَ(4)
Пас вой бар он намозгузороне,(4)
الَّذينَ هُم عَن صَلاتِهِم ساهونَ(5)
ки дар намози худ саҳл ангоранд (дар ғафлатанд),(5)
الَّذينَ هُم يُراءونَ(6)
онон, ки риё мекунанд(6)
وَيَمنَعونَ الماعونَ(7)
ва аз додани закот саркашӣ мекунанд.(7)