Al-Lail( الليل)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ وَالَّيلِ إِذا يَغشىٰ(1)
Савганд ба шаб, он гоҳ ки чаҳонро бо торикиаш бипӯшад(1)
وَالنَّهارِ إِذا تَجَلّىٰ(2)
ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад(2)
وَما خَلَقَ الذَّكَرَ وَالأُنثىٰ(3)
ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,(3)
إِنَّ سَعيَكُم لَشَتّىٰ(4)
ки ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст.(4)
فَأَمّا مَن أَعطىٰ وَاتَّقىٰ(5)
Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард(5)
وَصَدَّقَ بِالحُسنىٰ(6)
ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро),(6)
فَسَنُيَسِّرُهُ لِليُسرىٰ(7)
пас барои биҳишт омодааш мекунем.(7)
وَأَمّا مَن بَخِلَ وَاستَغنىٰ(8)
Аммо он кас кӣ бахиливу беэҳтиёҷӣ кард.(8)
وَكَذَّبَ بِالحُسنىٰ(9)
ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ баровард),(9)
فَسَنُيَسِّرُهُ لِلعُسرىٰ(10)
ӯро барои дӯзах омода месозем.(10)
وَما يُغنى عَنهُ مالُهُ إِذا تَرَدّىٰ(11)
Ва чун ҳалокаш даррасад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.(11)
إِنَّ عَلَينا لَلهُدىٰ(12)
Ва он чӣ бар Мост, роҳнамоист.(12)
وَإِنَّ لَنا لَلءاخِرَةَ وَالأولىٰ(13)
Ва аз они Мост он ҷаҳону ин чаҳон.(13)
فَأَنذَرتُكُم نارًا تَلَظّىٰ(14)
Пас шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам,(14)
لا يَصلىٰها إِلَّا الأَشقَى(15)
ҷуз аҳли бадбахтӣ ба он дарнаяфтад,(15)
الَّذى كَذَّبَ وَتَوَلّىٰ(16)
он ки дурӯғ баровард ва рӯйгардон шуд.(16)
وَسَيُجَنَّبُهَا الأَتقَى(17)
Ва парҳезгортарин мардумро аз он дур доранд,(17)
الَّذى يُؤتى مالَهُ يَتَزَكّىٰ(18)
он кӣ моли худ мебахшояд ва покӣ меҷӯяд.(18)
وَما لِأَحَدٍ عِندَهُ مِن نِعمَةٍ تُجزىٰ(19)
Ва ҳеҷ касро бар (гардани) ӯ ҳаққе набошад, ки акнун мукофот хоҳад,(19)
إِلَّا ابتِغاءَ وَجهِ رَبِّهِ الأَعلىٰ(20)
Ғайри ҷустани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.(20)
وَلَسَوفَ يَرضىٰ(21)
Ва ба зудӣ хушнуд шавад.(21)