Al-Jumu'a( الجمعة)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ يُسَبِّحُ لِلَّهِ ما فِى السَّمٰوٰتِ وَما فِى الأَرضِ المَلِكِ القُدّوسِ العَزيزِ الحَكيمِ(1)
Худоро тасбеҳ гуянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, он фармонравои пок аз айбро, он ғолиби ҳакимро!(1)
هُوَ الَّذى بَعَثَ فِى الأُمِّيّۦنَ رَسولًا مِنهُم يَتلوا عَلَيهِم ءايٰتِهِ وَيُزَكّيهِم وَيُعَلِّمُهُمُ الكِتٰبَ وَالحِكمَةَ وَإِن كانوا مِن قَبلُ لَفى ضَلٰلٍ مُبينٍ(2)
Ӯст Худое, ки ба миёни мардуме бесавод паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро покиза созад ва китобу ҳикматашон биёмузад. Агарчи пеш аз он дар гумроҳии ошкор буданд,(2)
وَءاخَرينَ مِنهُم لَمّا يَلحَقوا بِهِم ۚ وَهُوَ العَزيزُ الحَكيمُ(3)
Ва бар гурӯҳе дигар аз онҳо, ки ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд. Ва Ӯст Ғолибу ҳаким!(3)
ذٰلِكَ فَضلُ اللَّهِ يُؤتيهِ مَن يَشاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الفَضلِ العَظيمِ(4)
Ин бахшоиши Худост, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Худоро бахшоише бузург аст.(4)
مَثَلُ الَّذينَ حُمِّلُوا التَّورىٰةَ ثُمَّ لَم يَحمِلوها كَمَثَلِ الحِمارِ يَحمِلُ أَسفارًا ۚ بِئسَ مَثَلُ القَومِ الَّذينَ كَذَّبوا بِـٔايٰتِ اللَّهِ ۚ وَاللَّهُ لا يَهدِى القَومَ الظّٰلِمينَ(5)
Мисоли касоне, ки Таврот ба онҳо дода шуда ва ба он амал намекунанд, мисли он хар аст, ки китобҳоеро мебардорад. Бад мисолест мисолм мардуме, ки оёти Худоро дурӯғ мешумурдаанд. Ва Худо золимонро ҳидоят намекунад.(5)
قُل يٰأَيُّهَا الَّذينَ هادوا إِن زَعَمتُم أَنَّكُم أَولِياءُ لِلَّهِ مِن دونِ النّاسِ فَتَمَنَّوُا المَوتَ إِن كُنتُم صٰدِقينَ(6)
Бигӯ: «Эй қавми яҳуд, ҳар гоҳ мепипдоред, ки шумо дӯстони Худо ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар рост мегӯед!»(6)
وَلا يَتَمَنَّونَهُ أَبَدًا بِما قَدَّمَت أَيديهِم ۚ وَاللَّهُ عَليمٌ بِالظّٰلِمينَ(7)
Ва онон ба сабаби амалҳое, ки пеш аз ин кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. Ба Худо ба ситамкорон доност!(7)
قُل إِنَّ المَوتَ الَّذى تَفِرّونَ مِنهُ فَإِنَّهُ مُلٰقيكُم ۖ ثُمَّ تُرَدّونَ إِلىٰ عٰلِمِ الغَيبِ وَالشَّهٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِما كُنتُم تَعمَلونَ(8)
Бигӯ: «Он марге, ки аз он мегурезед, шуморо дархоҳад ёфт ва сипас назди он донои ниҳону ошкоро баргардонда мешавед, то ба корҳое, ки кардаед, огоҳатон созад».(8)
يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنوا إِذا نودِىَ لِلصَّلوٰةِ مِن يَومِ الجُمُعَةِ فَاسعَوا إِلىٰ ذِكرِ اللَّهِ وَذَرُوا البَيعَ ۚ ذٰلِكُم خَيرٌ لَكُم إِن كُنتُم تَعلَمونَ(9)
Эй касоне, ки имон овардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа дода шавад, ба намоз бишитобед ва доду гирифтро тарк кунед,. Агар доно бошед, ин кор бароятон беҳтар аст.(9)
فَإِذا قُضِيَتِ الصَّلوٰةُ فَانتَشِروا فِى الأَرضِ وَابتَغوا مِن فَضلِ اللَّهِ وَاذكُرُوا اللَّهَ كَثيرًا لَعَلَّكُم تُفلِحونَ(10)
Ва чун намоз поён ёфт, дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед ва бисёр ёдаш кунед, бошад, ки наҷот ёбед!(10)
وَإِذا رَأَوا تِجٰرَةً أَو لَهوًا انفَضّوا إِلَيها وَتَرَكوكَ قائِمًا ۚ قُل ما عِندَ اللَّهِ خَيرٌ مِنَ اللَّهوِ وَمِنَ التِّجٰرَةِ ۚ وَاللَّهُ خَيرُ الرّٰزِقينَ(11)
Ва чун тиҷорате ё бозичае бинанд, пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро ҳанчунон истода раҳо мекунанд. Бигӯ: «Он чӣ дар назди Худост, аз бозичаву тиҷорат беҳтар аст». Ва Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!(11)