Al-Jathiya( الجاثية)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ حم(1)
Ҳо, мим.(1)
تَنزيلُ الكِتٰبِ مِنَ اللَّهِ العَزيزِ الحَكيمِ(2)
Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои ғолибу ҳаким аст.(2)
إِنَّ فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ لَءايٰتٍ لِلمُؤمِنينَ(3)
Албатта дар осмонҳову замин нишонаҳои ибратест барои мӯъминон!(3)
وَفى خَلقِكُم وَما يَبُثُّ مِن دابَّةٍ ءايٰتٌ لِقَومٍ يوقِنونَ(4)
Ва дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон ибратҳост барои аҳли яқин. (имон)(4)
وَاختِلٰفِ الَّيلِ وَالنَّهارِ وَما أَنزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّماءِ مِن رِزقٍ فَأَحيا بِهِ الأَرضَ بَعدَ مَوتِها وَتَصريفِ الرِّيٰحِ ءايٰتٌ لِقَومٍ يَعقِلونَ(5)
Омадушуди шабу рӯз ва ризқе, ки Худо аз осмон мефиристад ва замини мурдаро ба он зинда мекунад ва низ дар вазиши бодҳо ибратҳост барои оқилон.(5)
تِلكَ ءايٰتُ اللَّهِ نَتلوها عَلَيكَ بِالحَقِّ ۖ فَبِأَىِّ حَديثٍ بَعدَ اللَّهِ وَءايٰتِهِ يُؤمِنونَ(6)
Инҳо оёти Худост, ки ба ростӣ бар ту тиловат мекунем. Ғайри Худову оёташ ба кадом сухан имон меоваранд?(6)
وَيلٌ لِكُلِّ أَفّاكٍ أَثيمٍ(7)
Вой бар ҳар дурӯғбофи гунаҳкоре!(7)
يَسمَعُ ءايٰتِ اللَّهِ تُتلىٰ عَلَيهِ ثُمَّ يُصِرُّ مُستَكبِرًا كَأَن لَم يَسمَعها ۖ فَبَشِّرهُ بِعَذابٍ أَليمٍ(8)
Оёти Худоро, ки бар ӯ хонда мешавад, мешунавад. Он гоҳ ба гарданкашӣ сахт меистад, чунон ки гӯӣ ҳеҷ нашунидааст. Пас ба азобе дардовараш башорат (хушхабар) деҳ.(8)
وَإِذا عَلِمَ مِن ءايٰتِنا شَيـًٔا اتَّخَذَها هُزُوًا ۚ أُولٰئِكَ لَهُم عَذابٌ مُهينٌ(9)
Чун чизе аз оёти Моро фаро гирад, ба масхарааш мегирад, инҳо сазовори азобе хоркунандаанд.(9)
مِن وَرائِهِم جَهَنَّمُ ۖ وَلا يُغنى عَنهُم ما كَسَبوا شَيـًٔا وَلا مَا اتَّخَذوا مِن دونِ اللَّهِ أَولِياءَ ۖ وَلَهُم عَذابٌ عَظيمٌ(10)
Пеши рӯяшон ҷаҳаннам аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд ва касоне, ки ғайри Худои якто ба худоӣ гирифтаанд, ба ҳолашон фоида накунад. Онҳорост азобе бузург!(10)
هٰذا هُدًى ۖ وَالَّذينَ كَفَروا بِـٔايٰتِ رَبِّهِم لَهُم عَذابٌ مِن رِجزٍ أَليمٌ(11)
Ин раҳнамоиест. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, барояшон азобест ва сахттарин азобҳои дардовар.(11)
۞ اللَّهُ الَّذى سَخَّرَ لَكُمُ البَحرَ لِتَجرِىَ الفُلكُ فيهِ بِأَمرِهِ وَلِتَبتَغوا مِن فَضلِهِ وَلَعَلَّكُم تَشكُرونَ(12)
Худост, ки дарёро роми шумо кард, то дар он ба фармони Ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, бошад, ки шукргузор бошед!(12)
وَسَخَّرَ لَكُم ما فِى السَّمٰوٰتِ وَما فِى الأَرضِ جَميعًا مِنهُ ۚ إِنَّ فى ذٰلِكَ لَءايٰتٍ لِقَومٍ يَتَفَكَّرونَ(13)
Роми шумо сохт он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар замин аст. Ҳама аз они Ӯст. Дар ин барои фикркунандагон ибратҳоест.(13)
قُل لِلَّذينَ ءامَنوا يَغفِروا لِلَّذينَ لا يَرجونَ أَيّامَ اللَّهِ لِيَجزِىَ قَومًا بِما كانوا يَكسِبونَ(14)
Ба касоне, ки имон овардаанд, бигӯ: «Аз хатои касоне, ки ба рӯзҳои Худо бовар надоранд, даргузаред, то худ он мардумро ба ҷазои амалҳое, ки муртакиб шудаанд (кардаанд), ҷазо диҳад.(14)
مَن عَمِلَ صٰلِحًا فَلِنَفسِهِ ۖ وَمَن أَساءَ فَعَلَيها ۖ ثُمَّ إِلىٰ رَبِّكُم تُرجَعونَ(15)
Ҳар кас кори шоистае кунад, ба нафъи худи ӯст ва ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед.(15)
وَلَقَد ءاتَينا بَنى إِسرٰءيلَ الكِتٰبَ وَالحُكمَ وَالنُّبُوَّةَ وَرَزَقنٰهُم مِنَ الطَّيِّبٰتِ وَفَضَّلنٰهُم عَلَى العٰلَمينَ(16)
Мо ба банӣ-Исроил китоб ва илми довариву паёмбарӣ ато кардем ва аз чизҳои покизаву хуш рузияшон кардем. Ва бар ҷаҳониён бартарияшон (беҳтариашон) додем.(16)
وَءاتَينٰهُم بَيِّنٰتٍ مِنَ الأَمرِ ۖ فَمَا اختَلَفوا إِلّا مِن بَعدِ ما جاءَهُمُ العِلمُ بَغيًا بَينَهُم ۚ إِنَّ رَبَّكَ يَقضى بَينَهُم يَومَ القِيٰمَةِ فيما كانوا فيهِ يَختَلِفونَ(17)
Ва онҳоро дар бораи он амр далоиле равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф карданд, он гоҳ, ки дониш ёфтанд. Худо дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф (зиддият) мекарданд, довари хоҳад кард.(17)
ثُمَّ جَعَلنٰكَ عَلىٰ شَريعَةٍ مِنَ الأَمرِ فَاتَّبِعها وَلا تَتَّبِع أَهواءَ الَّذينَ لا يَعلَمونَ(18)
Пас туро ба роҳи дин андохтем. Бо он роҳ бирав ва аз паи хоҳиши нодонон марав.(18)
إِنَّهُم لَن يُغنوا عَنكَ مِنَ اللَّهِ شَيـًٔا ۚ وَإِنَّ الظّٰلِمينَ بَعضُهُم أَولِياءُ بَعضٍ ۖ وَاللَّهُ وَلِىُّ المُتَّقينَ(19)
Инҳо туро ҳеҷ аз азоби Худо дафъ намекунанд ва золимон дӯстдорони якдигаранд ва Худо дӯстдори парҳезгорон аст.(19)
هٰذا بَصٰئِرُ لِلنّاسِ وَهُدًى وَرَحمَةٌ لِقَومٍ يوقِنونَ(20)
Ин Қуръон далелҳои равшани мардум ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин.(20)
أَم حَسِبَ الَّذينَ اجتَرَحُوا السَّيِّـٔاتِ أَن نَجعَلَهُم كَالَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ سَواءً مَحياهُم وَمَماتُهُم ۚ ساءَ ما يَحكُمونَ(21)
Оё окон, ки кунандаи бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, қарорашон медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд.(21)
وَخَلَقَ اللَّهُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ بِالحَقِّ وَلِتُجزىٰ كُلُّ نَفسٍ بِما كَسَبَت وَهُم لا يُظلَمونَ(22)
Ва Худо осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки кардааст, ҷазо диҳад ва ба онҳо ситам нашавад.(22)
أَفَرَءَيتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلٰهَهُ هَوىٰهُ وَأَضَلَّهُ اللَّهُ عَلىٰ عِلمٍ وَخَتَمَ عَلىٰ سَمعِهِ وَقَلبِهِ وَجَعَلَ عَلىٰ بَصَرِهِ غِشٰوَةً فَمَن يَهديهِ مِن بَعدِ اللَّهِ ۚ أَفَلا تَذَكَّرونَ(23)
Оё он касро, ки ҳавасашро чун худои худ гирифт ва Худо аз рӯи илм гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод ва бар дидагонаш парда афканд, дидаӣ? Агар Худо ҳидоят накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? Чаро панд намегиред?(23)
وَقالوا ما هِىَ إِلّا حَياتُنَا الدُّنيا نَموتُ وَنَحيا وَما يُهلِكُنا إِلَّا الدَّهرُ ۚ وَما لَهُم بِذٰلِكَ مِن عِلمٍ ۖ إِن هُم إِلّا يَظُنّونَ(24)
Ва гуфтанд: «Ҷуз зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест. Мемирему зинда мешавем ва моро ғайри даҳр ҳалок накунад». Ононро ба он донише нест ва фақат дар пиндоре ҳастанд.(24)
وَإِذا تُتلىٰ عَلَيهِم ءايٰتُنا بَيِّنٰتٍ ما كانَ حُجَّتَهُم إِلّا أَن قالُوا ائتوا بِـٔابائِنا إِن كُنتُم صٰدِقينَ(25)
Ва чун оёти равшани Мо бар онҳо тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар рост мегӯед, падарони моро зинда кунед».(25)
قُلِ اللَّهُ يُحييكُم ثُمَّ يُميتُكُم ثُمَّ يَجمَعُكُم إِلىٰ يَومِ القِيٰمَةِ لا رَيبَ فيهِ وَلٰكِنَّ أَكثَرَ النّاسِ لا يَعلَمونَ(26)
Бигӯ: «Худост, ки шуморо зинда мекунад, пас мемиранад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, — ки шаке дар он нест, — ҷамъ меоварад. Вале бештари мардум намедонанд!»(26)
وَلِلَّهِ مُلكُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ ۚ وَيَومَ تَقومُ السّاعَةُ يَومَئِذٍ يَخسَرُ المُبطِلونَ(27)
Аз они Худованд аст фармонравоии осмону замин. Ва он рӯз, ки қиёмат барпо шавад, аҳли ботил зиён хоҳанд кард.(27)
وَتَرىٰ كُلَّ أُمَّةٍ جاثِيَةً ۚ كُلُّ أُمَّةٍ تُدعىٰ إِلىٰ كِتٰبِهَا اليَومَ تُجزَونَ ما كُنتُم تَعمَلونَ(28)
Ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонанд. Дар чунин рӯзе дар баробари амалҳое, ки кардаед, ҷазо мебинед.(28)
هٰذا كِتٰبُنا يَنطِقُ عَلَيكُم بِالحَقِّ ۚ إِنّا كُنّا نَستَنسِخُ ما كُنتُم تَعمَلونَ(29)
Ин навиштаи Мост, ки ба ҳақ сухан мегӯяд, зеро Мо корҳоеро, ки мекардаед, менавиштаем.(29)
فَأَمَّا الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ فَيُدخِلُهُم رَبُّهُم فى رَحمَتِهِ ۚ ذٰلِكَ هُوَ الفَوزُ المُبينُ(30)
Аммо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд. Парвардигорашон дохил дар раҳмати Худ мекунад ва ин зафари ошкор аст.(30)
وَأَمَّا الَّذينَ كَفَروا أَفَلَم تَكُن ءايٰتى تُتلىٰ عَلَيكُم فَاستَكبَرتُم وَكُنتُم قَومًا مُجرِمينَ(31)
Аммо, эй онон, ки имон наёвардаед, магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур менамудед ва мардуме гуноҳкор будед?(31)
وَإِذا قيلَ إِنَّ وَعدَ اللَّهِ حَقٌّ وَالسّاعَةُ لا رَيبَ فيها قُلتُم ما نَدرى مَا السّاعَةُ إِن نَظُنُّ إِلّا ظَنًّا وَما نَحنُ بِمُستَيقِنينَ(32)
Чун гуфта мешуд, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва дар қиёмат шакке нест, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Фақат андак гумоне мебарем ва ба яқин (имони қавӣ) нарасидаем»,(32)
وَبَدا لَهُم سَيِّـٔاتُ ما عَمِلوا وَحاقَ بِهِم ما كانوا بِهِ يَستَهزِءونَ(33)
Амалҳои зишташон дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд гирд бар гирдашонро бигирифт.(33)
وَقيلَ اليَومَ نَنسىٰكُم كَما نَسيتُم لِقاءَ يَومِكُم هٰذا وَمَأوىٰكُمُ النّارُ وَما لَكُم مِن نٰصِرينَ(34)
Ба онҳо гуфта шавад: «Имрӯз фаромушатон мекунем, ҳамчунон, ки шумо дидори чунин рӯзатонро фаромӯш карда будед. Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест.(34)
ذٰلِكُم بِأَنَّكُمُ اتَّخَذتُم ءايٰتِ اللَّهِ هُزُوًا وَغَرَّتكُمُ الحَيوٰةُ الدُّنيا ۚ فَاليَومَ لا يُخرَجونَ مِنها وَلا هُم يُستَعتَبونَ(35)
Ва, ин ба ҷазои он аст, ки оёти Худоро ба масхара мегирифтед ва зиндагии дунявӣ шуморо бифирефт». Пас имрӯз аз ин оташ касе берунашон набарад ва касе узрашонро қабул накунад,(35)
فَلِلَّهِ الحَمدُ رَبِّ السَّمٰوٰتِ وَرَبِّ الأَرضِ رَبِّ العٰلَمينَ(36)
Ситоиш аз они Худост — Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён.(36)
وَلَهُ الكِبرِياءُ فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ ۖ وَهُوَ العَزيزُ الحَكيمُ(37)
Бузургворӣ дар осмонҳову замин хоси Ӯст ва Ӯст ғолибу ҳаким!(37)