Al-Israa( الإسراء)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ سُبحٰنَ الَّذى أَسرىٰ بِعَبدِهِ لَيلًا مِنَ المَسجِدِ الحَرامِ إِلَى المَسجِدِ الأَقصَا الَّذى بٰرَكنا حَولَهُ لِنُرِيَهُ مِن ءايٰتِنا ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّميعُ البَصيرُ(1)
Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз масҷидулҳаром ба масҷидулақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ нишон диҳем, албатта! Ӯ шунавову биност!(1)
وَءاتَينا موسَى الكِتٰبَ وَجَعَلنٰهُ هُدًى لِبَنى إِسرٰءيلَ أَلّا تَتَّخِذوا مِن دونى وَكيلًا(2)
Ва он китобро ба Мӯсо додем ва, онро роҳнамои банӣ-Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман корсозе интихоб накунед.(2)
ذُرِّيَّةَ مَن حَمَلنا مَعَ نوحٍ ۚ إِنَّهُ كانَ عَبدًا شَكورًا(3)
Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон нишондем, бидонед, ки ӯ бандае сипосгузор буд.(3)
وَقَضَينا إِلىٰ بَنى إِسرٰءيلَ فِى الكِتٰبِ لَتُفسِدُنَّ فِى الأَرضِ مَرَّتَينِ وَلَتَعلُنَّ عُلُوًّا كَبيرًا(4)
Ва банӣ-Исроилро дар он китоб хабар додем, ки ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва низ саркашӣ хоҳед кард, саркашӣ кардане бузург.(4)
فَإِذا جاءَ وَعدُ أولىٰهُما بَعَثنا عَلَيكُم عِبادًا لَنا أُولى بَأسٍ شَديدٍ فَجاسوا خِلٰلَ الدِّيارِ ۚ وَكانَ وَعدًا مَفعولًا(5)
Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони худро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, ба сари шумо фиристодем. Онҳо ҳатто дар даруни хонаҳо ҳам куштор карданд ва ид ваъда ба анҷом расид.(5)
ثُمَّ رَدَدنا لَكُمُ الكَرَّةَ عَلَيهِم وَأَمدَدنٰكُم بِأَموٰلٍ وَبَنينَ وَجَعَلنٰكُم أَكثَرَ نَفيرًا(6)
Бори дигар шуморо бар онҳо ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шуморатон афзудем.(6)
إِن أَحسَنتُم أَحسَنتُم لِأَنفُسِكُم ۖ وَإِن أَسَأتُم فَلَها ۚ فَإِذا جاءَ وَعدُ الءاخِرَةِ لِيَسۥـٔوا وُجوهَكُم وَلِيَدخُلُوا المَسجِدَ كَما دَخَلوهُ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَلِيُتَبِّروا ما عَلَوا تَتبيرًا(7)
Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ба чун ваъдаи дуввум фаро расид, касоне бар саратон фиристодем то шуморо ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд.(7)
عَسىٰ رَبُّكُم أَن يَرحَمَكُم ۚ وَإِن عُدتُم عُدنا ۘ وَجَعَلنا جَهَنَّمَ لِلكٰفِرينَ حَصيرًا(8)
Шояд Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад. Ва агар бозгардед, бозмегардем ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем.(8)
إِنَّ هٰذَا القُرءانَ يَهدى لِلَّتى هِىَ أَقوَمُ وَيُبَشِّرُ المُؤمِنينَ الَّذينَ يَعمَلونَ الصّٰلِحٰتِ أَنَّ لَهُم أَجرًا كَبيرًا(9)
Ин Қуръон ба дурусттарин динҳо роҳ менамояд ва мӯъминонеро, ки корҳои шоиста ба ҷой меоваранд, хушхабар медиҳад, ки аз музде некӯ баҳраманд хоҳанд шуд.(9)
وَأَنَّ الَّذينَ لا يُؤمِنونَ بِالءاخِرَةِ أَعتَدنا لَهُم عَذابًا أَليمًا(10)
Ва барои касоне, ки ба охират имон надоранд, азобе дардовар муҳайё кардаем.(10)
وَيَدعُ الإِنسٰنُ بِالشَّرِّ دُعاءَهُ بِالخَيرِ ۖ وَكانَ الإِنسٰنُ عَجولًا(11)
Ва одамӣ ба дуъо бадиеро металабад, чунон, ки гӯӣ ба дуъо хайреро меҷӯяд. Ва одамӣ то буда, шитобзада будааст.(11)
وَجَعَلنَا الَّيلَ وَالنَّهارَ ءايَتَينِ ۖ فَمَحَونا ءايَةَ الَّيلِ وَجَعَلنا ءايَةَ النَّهارِ مُبصِرَةً لِتَبتَغوا فَضلًا مِن رَبِّكُم وَلِتَعلَموا عَدَدَ السِّنينَ وَالحِسابَ ۚ وَكُلَّ شَيءٍ فَصَّلنٰهُ تَفصيلًا(12)
Шабу рӯзро ду оят аз оёти Худо қарор додем. Ояти шабро торик гардонидем ва ояти рӯзро равшан, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар дошта аст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем.(12)
وَكُلَّ إِنسٰنٍ أَلزَمنٰهُ طٰئِرَهُ فى عُنُقِهِ ۖ وَنُخرِجُ لَهُ يَومَ القِيٰمَةِ كِتٰبًا يَلقىٰهُ مَنشورًا(13)
Кирдори некӯ бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номае кушода берун оварем, то дар он бингарад.(13)
اقرَأ كِتٰبَكَ كَفىٰ بِنَفسِكَ اليَومَ عَلَيكَ حَسيبًا(14)
«Бихон номаатро Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардани аз худ басандаӣ!»(14)
مَنِ اهتَدىٰ فَإِنَّما يَهتَدى لِنَفسِهِ ۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّما يَضِلُّ عَلَيها ۚ وَلا تَزِرُ وازِرَةٌ وِزرَ أُخرىٰ ۗ وَما كُنّا مُعَذِّبينَ حَتّىٰ نَبعَثَ رَسولًا(15)
Ҳар кӣ ҳидоят шавад, ба суди худ ҳидоят шуда ва ҳар кӣ гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст ва ҳеҷ кас бори дигареро барнадорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ, ки паёмбаре бифиристем.(15)
وَإِذا أَرَدنا أَن نُهلِكَ قَريَةً أَمَرنا مُترَفيها فَفَسَقوا فيها فَحَقَّ عَلَيهَا القَولُ فَدَمَّرنٰها تَدميرًا(16)
Чун, бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, дорандаҳои неъматашро бияфзоем, то дар он ҷо табаҳкорӣ кунанд, он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва онро дар ҳам фурӯ кӯбем.(16)
وَكَم أَهلَكنا مِنَ القُرونِ مِن بَعدِ نوحٍ ۗ وَكَفىٰ بِرَبِّكَ بِذُنوبِ عِبادِهِ خَبيرًا بَصيرًا(17)
Баъд аз Нӯҳ чӣ бисёр мардумеро ҳалок кардаем. Ва Парвардигори ту огоҳӣ ёфтан ва дидани гуноҳони бандагонашро кофист.(17)
مَن كانَ يُريدُ العاجِلَةَ عَجَّلنا لَهُ فيها ما نَشاءُ لِمَن نُريدُ ثُمَّ جَعَلنا لَهُ جَهَنَّمَ يَصلىٰها مَذمومًا مَدحورًا(18)
Ҳар кас, ки хорони ин ҷаҳон бошад, ҳар чӣ бихоҳем, зудаш арзонӣ дорем, он гоҳ ҷаҳаннамро ҷойгоҳи ӯ созем то баддидашудаву рондашуда ба он дарафтад.(18)
وَمَن أَرادَ الءاخِرَةَ وَسَعىٰ لَها سَعيَها وَهُوَ مُؤمِنٌ فَأُولٰئِكَ كانَ سَعيُهُم مَشكورًا(19)
Ва ҳар кӣ хоҳони охират бошад ва дар талаби он саъй кунад ва мӯъмин бошад, ҷазои саъйаш дода хоҳад шуд.(19)
كُلًّا نُمِدُّ هٰؤُلاءِ وَهٰؤُلاءِ مِن عَطاءِ رَبِّكَ ۚ وَما كانَ عَطاءُ رَبِّكَ مَحظورًا(20)
Ҳамаро – чӣ он гурӯҳро ва чӣ ин гурӯҳро аз атои Парвардигорат пай дар пай хоҳем дод, зеро атои Парвардигоратро аз касе бознадоранд.(20)
انظُر كَيفَ فَضَّلنا بَعضَهُم عَلىٰ بَعضٍ ۚ وَلَلءاخِرَةُ أَكبَرُ دَرَجٰتٍ وَأَكبَرُ تَفضيلًا(21)
Бингар, ки чӣ гуна баъзеяшонро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем ва дар охират дараҷоту бартариҳо бартару болотар аст.(21)
لا تَجعَل مَعَ اللَّهِ إِلٰهًا ءاخَرَ فَتَقعُدَ مَذمومًا مَخذولًا(22)
Бо Худои якто худои дигаре ба худоӣ магир, ки баддидашудаву хор хоҳӣ монд.(22)
۞ وَقَضىٰ رَبُّكَ أَلّا تَعبُدوا إِلّا إِيّاهُ وَبِالوٰلِدَينِ إِحسٰنًا ۚ إِمّا يَبلُغَنَّ عِندَكَ الكِبَرَ أَحَدُهُما أَو كِلاهُما فَلا تَقُل لَهُما أُفٍّ وَلا تَنهَرهُما وَقُل لَهُما قَولًا كَريمًا(23)
Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй.(23)
وَاخفِض لَهُما جَناحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحمَةِ وَقُل رَبِّ ارحَمهُما كَما رَبَّيانى صَغيرًا(24)
Дар баробарашон аз рӯи меҳрубони сари хоксорӣ хам бикун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар».(24)
رَبُّكُم أَعلَمُ بِما فى نُفوسِكُم ۚ إِن تَكونوا صٰلِحينَ فَإِنَّهُ كانَ لِلأَوّٰبينَ غَفورًا(25)
Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чӣ дар дилҳоятон мегузарад, донотар аст ва агар аз солеҳон бошед, Ӯ тавбакунандагонро меомурзад.(25)
وَءاتِ ذَا القُربىٰ حَقَّهُ وَالمِسكينَ وَابنَ السَّبيلِ وَلا تُبَذِّر تَبذيرًا(26)
Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун ва ҳеҷ исрофкорӣ макун.(26)
إِنَّ المُبَذِّرينَ كانوا إِخوٰنَ الشَّيٰطينِ ۖ وَكانَ الشَّيطٰنُ لِرَبِّهِ كَفورًا(27)
Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр буд,(27)
وَإِمّا تُعرِضَنَّ عَنهُمُ ابتِغاءَ رَحمَةٍ مِن رَبِّكَ تَرجوها فَقُل لَهُم قَولًا مَيسورًا(28)
Ва агар ба интизори кушоише, ки аз ҷониби Парвардигорат умед медорӣ, ва аз онҳо рӯйгардонӣ мекунӣ, пас бо онҳо ба нармӣ сухан бигӯй.(28)
وَلا تَجعَل يَدَكَ مَغلولَةً إِلىٰ عُنُقِكَ وَلا تَبسُطها كُلَّ البَسطِ فَتَقعُدَ مَلومًا مَحسورًا(29)
На дасти худ аз рӯи хиссат (хасисӣ) ба гардан бубанд ва на ба саховат якбора бикушой, ки дар ҳар ду ҳол маломатзадаву ҳасратхӯрда бинишинӣ.(29)
إِنَّ رَبَّكَ يَبسُطُ الرِّزقَ لِمَن يَشاءُ وَيَقدِرُ ۚ إِنَّهُ كانَ بِعِبادِهِ خَبيرًا بَصيرًا(30)
Парвардигори ту дар ризқи ҳар кас, ки бихоҳад, кушоиш медиҳад ё танг мегирад, зеро Ӯ ба бандагонаш огоҳу биност!(30)
وَلا تَقتُلوا أَولٰدَكُم خَشيَةَ إِملٰقٍ ۖ نَحنُ نَرزُقُهُم وَإِيّاكُم ۚ إِنَّ قَتلَهُم كانَ خِطـًٔا كَبيرًا(31)
Фарзандони худро аз бими дарвешӣ макушед. Мо ҳам шуморо рӯзӣ медиҳем ва ҳам онҳоро Куштанатон хатои бузургест.(31)
وَلا تَقرَبُوا الزِّنىٰ ۖ إِنَّهُ كانَ فٰحِشَةً وَساءَ سَبيلًا(32)
Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва роҳе нописанд аст!(32)
وَلا تَقتُلُوا النَّفسَ الَّتى حَرَّمَ اللَّهُ إِلّا بِالحَقِّ ۗ وَمَن قُتِلَ مَظلومًا فَقَد جَعَلنا لِوَلِيِّهِ سُلطٰنًا فَلا يُسرِف فِى القَتلِ ۖ إِنَّهُ كانَ مَنصورًا(33)
Касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, накушед, ғайри ба ҳақ. Ва ҳар кас, ки ба ситам кушта шавад, ба талабкунандаи хуни ӯ қудрате додаем, вале дар интиқом аз ҳад нагузарад, ки Ӯ пирӯзманд аст.(33)
وَلا تَقرَبوا مالَ اليَتيمِ إِلّا بِالَّتى هِىَ أَحسَنُ حَتّىٰ يَبلُغَ أَشُدَّهُ ۚ وَأَوفوا بِالعَهدِ ۖ إِنَّ العَهدَ كانَ مَسـٔولًا(34)
Ҷуз ба тарзе некӯтар ба моли ятим наздик нашавед, то он гоҳ, ки ба ҳадди булуғаш бирасад. Ва ба аҳди худ вафо кунед, ки бозхост хоҳед шуд.(34)
وَأَوفُوا الكَيلَ إِذا كِلتُم وَزِنوا بِالقِسطاسِ المُستَقيمِ ۚ ذٰلِكَ خَيرٌ وَأَحسَنُ تَأويلًا(35)
Чун чизеро чен кунед, паймонаро комил гардонед ва бо тарозуи дуруст вазн кунед, ки ин беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст.(35)
وَلا تَقفُ ما لَيسَ لَكَ بِهِ عِلمٌ ۚ إِنَّ السَّمعَ وَالبَصَرَ وَالفُؤادَ كُلُّ أُولٰئِكَ كانَ عَنهُ مَسـٔولًا(36)
Аз паи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, зеро гӯшу чашму дил — ҳамаро ба он бозхост кунанд.(36)
وَلا تَمشِ فِى الأَرضِ مَرَحًا ۖ إِنَّكَ لَن تَخرِقَ الأَرضَ وَلَن تَبلُغَ الجِبالَ طولًا(37)
Ба худписандӣ бар замин роҳ марав, ки заминро нахоҳӣ шикофт ва ба баландии кӯҳҳо нахоҳӣ расид.(37)
كُلُّ ذٰلِكَ كانَ سَيِّئُهُ عِندَ رَبِّكَ مَكروهًا(38)
Ҳамаи- ин корҳо нописанд аст ва Парвардигори ту онҳоро нохуш дорад.(38)
ذٰلِكَ مِمّا أَوحىٰ إِلَيكَ رَبُّكَ مِنَ الحِكمَةِ ۗ وَلا تَجعَل مَعَ اللَّهِ إِلٰهًا ءاخَرَ فَتُلقىٰ فى جَهَنَّمَ مَلومًا مَدحورًا(39)
Ин ҳикматест, ки Парвардигори ту ба ту ваҳй кардааст. Бо Худои якто худои дигаре напиндор, ки маломатшудаву рондашуда ба ҷаҳаннамат андозанд.(39)
أَفَأَصفىٰكُم رَبُّكُم بِالبَنينَ وَاتَّخَذَ مِنَ المَلٰئِكَةِ إِنٰثًا ۚ إِنَّكُم لَتَقولونَ قَولًا عَظيمًا(40)
Оё Парвадигоратон барои шумо писарон интихобид ва худ фаршитагонро ба духтарӣ ихтиёр кард? Ҳаққо, ки суханест бузург, ки бар забои меоваред.(40)
وَلَقَد صَرَّفنا فى هٰذَا القُرءانِ لِيَذَّكَّروا وَما يَزيدُهُم إِلّا نُفورًا(41)
Мо суханони гуногун дар ин Қуръон овардем, бошад, ки панд гиранд, вале ҷуз ба рамиданашон наяфзояд.(41)
قُل لَو كانَ مَعَهُ ءالِهَةٌ كَما يَقولونَ إِذًا لَابتَغَوا إِلىٰ ذِى العَرشِ سَبيلًا(42)
Бигӯ: «Ҳамчунон, ки мегӯянд, агар бо Ӯ худоёни Дигаре ҳам буданд, пас ба сӯи соҳиби арш роҳе ҷуста буданд».(42)
سُبحٰنَهُ وَتَعٰلىٰ عَمّا يَقولونَ عُلُوًّا كَبيرًا(43)
Ӯ пок аст ва аз он чӣ дар борааш мегӯянд, бартару болотар аст.(43)
تُسَبِّحُ لَهُ السَّمٰوٰتُ السَّبعُ وَالأَرضُ وَمَن فيهِنَّ ۚ وَإِن مِن شَيءٍ إِلّا يُسَبِّحُ بِحَمدِهِ وَلٰكِن لا تَفقَهونَ تَسبيحَهُم ۗ إِنَّهُ كانَ حَليمًا غَفورًا(44)
Ҳафт осмону замин ва ҳар чӣ дар онҳост, тасбеҳаш мекунанд ва ҳеҷ мавҷуде нест, ҷуз он ки Ӯро ба покӣ меситояд, вале шумо зикри тасбеҳашонро намефаҳмед. Ӯ бурдбор ва бахшоянда аст.(44)
وَإِذا قَرَأتَ القُرءانَ جَعَلنا بَينَكَ وَبَينَ الَّذينَ لا يُؤمِنونَ بِالءاخِرَةِ حِجابًا مَستورًا(45)
Чун ту Қуръон бихонӣ, мисни туву онон, ки ба қиёмат имон намеоваранд, пардае ғафс қарор медиҳем.(45)
وَجَعَلنا عَلىٰ قُلوبِهِم أَكِنَّةً أَن يَفقَهوهُ وَفى ءاذانِهِم وَقرًا ۚ وَإِذا ذَكَرتَ رَبَّكَ فِى القُرءانِ وَحدَهُ وَلَّوا عَلىٰ أَدبٰرِهِم نُفورًا(46)
Ва бар дилҳошон парда афканем, то онро дарнаёбанд ва гӯшҳошон сангин кунем. Ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба яктоӣ ёд кунӣ, бозмегарданду мераманд.(46)
نَحنُ أَعلَمُ بِما يَستَمِعونَ بِهِ إِذ يَستَمِعونَ إِلَيكَ وَإِذ هُم نَجوىٰ إِذ يَقولُ الظّٰلِمونَ إِن تَتَّبِعونَ إِلّا رَجُلًا مَسحورًا(47)
Мо беҳтар медонем, ки чун ба ту гӯш медиҳанд, чаро гӯш медиҳанд ё вақте ки бо ҳам наҷво мекунанд, чӣ мегӯянд. Кофирон мегӯянд: «Шумо дар паи марди ҷодушудае ба роҳ афтодаед».(47)
انظُر كَيفَ ضَرَبوا لَكَ الأَمثالَ فَضَلّوا فَلا يَستَطيعونَ سَبيلًا(48)
Бингар, ки чӣ гуна, барои ту, масалҳо задаанд. Гумроҳ шудаанд ва роҳ ба ҷое намебаранд.(48)
وَقالوا أَءِذا كُنّا عِظٰمًا وَرُفٰتًا أَءِنّا لَمَبعوثونَ خَلقًا جَديدًا(49)
Гуфтанд: «Оё агар аз мо устухоне бимонаду хоке, боз ҳам бо офаринише нав аз қабр бармехезем?»(49)
۞ قُل كونوا حِجارَةً أَو حَديدًا(50)
Бигӯ: «Санг бошед ё охан,(50)
أَو خَلقًا مِمّا يَكبُرُ فى صُدورِكُم ۚ فَسَيَقولونَ مَن يُعيدُنا ۖ قُلِ الَّذى فَطَرَكُم أَوَّلَ مَرَّةٍ ۚ فَسَيُنغِضونَ إِلَيكَ رُءوسَهُم وَيَقولونَ مَتىٰ هُوَ ۖ قُل عَسىٰ أَن يَكونَ قَريبًا(51)
ё махлуқе, ки дар хотиратон бузург менамояд». Хоҳанд гуфт: «Чӣ касе моро бозмегардонад?» Бигӯ: «Он кас, ки бори нахуст шуморо офарид». Он гоҳ дар баробари ту сар меҷунбонанд ва мегӯянд: «Чӣ вақт?» Бигӯ: «Мумкин аст, ки дар ҳамин наздикӣ».(51)
يَومَ يَدعوكُم فَتَستَجيبونَ بِحَمدِهِ وَتَظُنّونَ إِن لَبِثتُم إِلّا قَليلًا(52)
Рӯзе, ки шуморо даъват мекунад ва шумо ситоишгӯён посух медиҳед ва мепиндоред, ки андаке орамидаед.(52)
وَقُل لِعِبادى يَقولُوا الَّتى هِىَ أَحسَنُ ۚ إِنَّ الشَّيطٰنَ يَنزَغُ بَينَهُم ۚ إِنَّ الشَّيطٰنَ كانَ لِلإِنسٰنِ عَدُوًّا مُبينًا(53)
Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин тарз сухан бигӯянд, ки шайтон дар миёни онҳо ба фитнагарист, зеро шайтон одамиро душмане ошкор аст!(53)
رَبُّكُم أَعلَمُ بِكُم ۖ إِن يَشَأ يَرحَمكُم أَو إِن يَشَأ يُعَذِّبكُم ۚ وَما أَرسَلنٰكَ عَلَيهِم وَكيلًا(54)
Парвардигоратон ба шумо огоҳтар аст. Агар бихоҳад, бар шумо раҳмат меоварад ва агар бихоҳад, азобатон мекунад ва мо туро ба коргузорияшон нафиристодаем.(54)
وَرَبُّكَ أَعلَمُ بِمَن فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ ۗ وَلَقَد فَضَّلنا بَعضَ النَّبِيّۦنَ عَلىٰ بَعضٍ ۖ وَءاتَينا داوۥدَ زَبورًا(55)
Ва Парвардигори ту ба он чӣ дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе аз паёмбаронро бар баъзе дигар беҳтарӣ додаем ва ба Довуд Забурро додем.(55)
قُلِ ادعُوا الَّذينَ زَعَمتُم مِن دونِهِ فَلا يَملِكونَ كَشفَ الضُّرِّ عَنكُم وَلا تَحويلًا(56)
Бигӯ: «Онҳоеро, ки ҷуз Ӯ худо мепиндоред, бихонед. Наметавонанд балоро аз шумо дур созанд ё онро насиби дигарон кунанд!»(56)
أُولٰئِكَ الَّذينَ يَدعونَ يَبتَغونَ إِلىٰ رَبِّهِمُ الوَسيلَةَ أَيُّهُم أَقرَبُ وَيَرجونَ رَحمَتَهُ وَيَخافونَ عَذابَهُ ۚ إِنَّ عَذابَ رَبِّكَ كانَ مَحذورًا(57)
Онҳое, ки кофирон ба худоӣ мехонанд, дар талаби онанд, ки худ ба даргоҳи Парвардигорашон василае биёбанд ва наздиктарин шаванд ва ба раҳмати Ӯ умед мебанданд ва аз азоби Ӯ метарсанд, зеро азоби Парвардигорат тарснок аст!(57)
وَإِن مِن قَريَةٍ إِلّا نَحنُ مُهلِكوها قَبلَ يَومِ القِيٰمَةِ أَو مُعَذِّبوها عَذابًا شَديدًا ۚ كانَ ذٰلِكَ فِى الكِتٰبِ مَسطورًا(58)
Ҳеҷ деҳае набошад, ки пеш аз фаро расидаии рӯзи қиёмат ҳалокаш накунем ё ба азобе сахт гирифтораш насозем. Ва ин дар он китоб навишта шудааст.(58)
وَما مَنَعَنا أَن نُرسِلَ بِالءايٰتِ إِلّا أَن كَذَّبَ بِهَا الأَوَّلونَ ۚ وَءاتَينا ثَمودَ النّاقَةَ مُبصِرَةً فَظَلَموا بِها ۚ وَما نُرسِلُ بِالءايٰتِ إِلّا تَخويفًا(59)
Моро аз фиристодани мӯъҷизот бознадошт. Фақат ин ки пешиниён дурӯғаш бароварданд. Ба қавми Самуд ба унвони мӯъҷизае равшангар модашутурро додем. Бар он ситам карданд ва Мо ин мӯъҷизаҳоро фақат барои тарсондан мефиристем.(59)
وَإِذ قُلنا لَكَ إِنَّ رَبَّكَ أَحاطَ بِالنّاسِ ۚ وَما جَعَلنَا الرُّءيَا الَّتى أَرَينٰكَ إِلّا فِتنَةً لِلنّاسِ وَالشَّجَرَةَ المَلعونَةَ فِى القُرءانِ ۚ وَنُخَوِّفُهُم فَما يَزيدُهُم إِلّا طُغيٰنًا كَبيرًا(60)
Ва он гоҳ ки туро гуфтем: «Парвардигорат бар ҳамаи мардум иҳота дорад». Ва он чӣ дар хоб ба ту нишон додем ва достони дарахти малъун, ки дар Қуръон омадааст, чизе ҷуз озмоиши мардум набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо ба куфру саркашияшон афзуда мешавад.(60)
وَإِذ قُلنا لِلمَلٰئِكَةِ اسجُدوا لِءادَمَ فَسَجَدوا إِلّا إِبليسَ قالَ ءَأَسجُدُ لِمَن خَلَقتَ طينًا(61)
Ва ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳамагон ғайри Иблис саҷда карданд. Гуфт: «Оё барои касе, ки аз гил офаридаӣ, саҷда кунам?»(61)
قالَ أَرَءَيتَكَ هٰذَا الَّذى كَرَّمتَ عَلَىَّ لَئِن أَخَّرتَنِ إِلىٰ يَومِ القِيٰمَةِ لَأَحتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُ إِلّا قَليلًا(62)
Ва гуфт: «Бо ман бигӯй, чаро инро бар ман бартарӣ ниҳодаӣ? Агар маро то рӯзи қиёмат мӯҳлат диҳӣ, фарзандонн ӯро ғайри андаке реша канам».(62)
قالَ اذهَب فَمَن تَبِعَكَ مِنهُم فَإِنَّ جَهَنَّمَ جَزاؤُكُم جَزاءً مَوفورًا(63)
Гуфт: «Бирав, ҷазои ту ва ҳар кас, ки пайрави ту гардада, ҷаҳаннам аст, ки ҷазое тамом аст!»(63)
وَاستَفزِز مَنِ استَطَعتَ مِنهُم بِصَوتِكَ وَأَجلِب عَلَيهِم بِخَيلِكَ وَرَجِلِكَ وَشارِكهُم فِى الأَموٰلِ وَالأَولٰدِ وَعِدهُم ۚ وَما يَعِدُهُمُ الشَّيطٰنُ إِلّا غُرورًا(64)
Бо фарёди худ ҳар киро тавонӣ, аз ҷой, бархезон ва ба ёрии саворону пиёдагонат бар онон битоз ва дар молу фарзанд бо онон шарики кун ва ба онхо ваъда бидеҳ. Ва ҳол он ки шайтон ҷуз ба фиребе ваъдаашон надиҳад!(64)
إِنَّ عِبادى لَيسَ لَكَ عَلَيهِم سُلطٰنٌ ۚ وَكَفىٰ بِرَبِّكَ وَكيلًا(65)
Туро бар бандагоди Ман ҳеҷ ғолибияте набошад ва Парвардигори ту барои нигаҳбониашон кофист!»(65)
رَبُّكُمُ الَّذى يُزجى لَكُمُ الفُلكَ فِى البَحرِ لِتَبتَغوا مِن فَضلِهِ ۚ إِنَّهُ كانَ بِكُم رَحيمًا(66)
Парвардигори шумост, ки киштиро дар дарё меронад то аз фазли Ӯ рӯзии худ ба даст оред. Зеро бо шумо меҳрубон аст.(66)
وَإِذا مَسَّكُمُ الضُّرُّ فِى البَحرِ ضَلَّ مَن تَدعونَ إِلّا إِيّاهُ ۖ فَلَمّا نَجّىٰكُم إِلَى البَرِّ أَعرَضتُم ۚ وَكانَ الإِنسٰنُ كَفورًا(67)
Чун дар дарё шуморо озоре расад, ҳамаи онҳое, ки мепарастед, аз назаратон нест шаванд, ғайри Ӯ. Ва чун шуморо ба соҳили наҷот бирасонад, аз Ӯ рӯйгардон шавед, зеро одамӣ ношукр аст!(67)
أَفَأَمِنتُم أَن يَخسِفَ بِكُم جانِبَ البَرِّ أَو يُرسِلَ عَلَيكُم حاصِبًا ثُمَّ لا تَجِدوا لَكُم وَكيلًا(68)
Оё бепарвоед аз ин, ки ногаҳон дар соҳили дарё шуморо дар замин фурӯ барад, ё тундбоде регбор бар шумо фнристад ва барои худ ҳеҷ нигаҳбоне наёбед?(68)
أَم أَمِنتُم أَن يُعيدَكُم فيهِ تارَةً أُخرىٰ فَيُرسِلَ عَلَيكُم قاصِفًا مِنَ الرّيحِ فَيُغرِقَكُم بِما كَفَرتُم ۙ ثُمَّ لا تَجِدوا لَكُم عَلَينا بِهِ تَبيعًا(69)
Ё бепарвоанд аз ин ки, бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тӯфоне сахту киштишикан бифиристад ва ба хотири кофирие, ки намудаед ғарқатон созад ва касе, ки моро аз корамон бозхост кунад, наёбед?(69)
۞ وَلَقَد كَرَّمنا بَنى ءادَمَ وَحَمَلنٰهُم فِى البَرِّ وَالبَحرِ وَرَزَقنٰهُم مِنَ الطَّيِّبٰتِ وَفَضَّلنٰهُم عَلىٰ كَثيرٍ مِمَّن خَلَقنا تَفضيلًا(70)
Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва бар дарёву хушкӣ савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додаем ва бар бисёре аз махлуқоти худ беҳтариашон додем.(70)
يَومَ نَدعوا كُلَّ أُناسٍ بِإِمٰمِهِم ۖ فَمَن أوتِىَ كِتٰبَهُ بِيَمينِهِ فَأُولٰئِكَ يَقرَءونَ كِتٰبَهُم وَلا يُظلَمونَ فَتيلًا(71)
Рӯзе, ки ҳар гурӯҳ аз мардумро бо пешвоёнашон бихонем, номаи ҳар кӣ ба дасти росташ дода шавад чун бихонад, бинад, ки ба андозаи риштаи борике, ки даруни донаи хурмост, ба ӯ ситам нашудааст.(71)
وَمَن كانَ فى هٰذِهِ أَعمىٰ فَهُوَ فِى الءاخِرَةِ أَعمىٰ وَأَضَلُّ سَبيلًا(72)
Ва ҳар кӣ дар ин дунё нобино бошад, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.(72)
وَإِن كادوا لَيَفتِنونَكَ عَنِ الَّذى أَوحَينا إِلَيكَ لِتَفتَرِىَ عَلَينا غَيرَهُ ۖ وَإِذًا لَاتَّخَذوكَ خَليلًا(73)
Наздик буд туро аз он чӣ бар ту ваҳй карда будем, бероҳ созанд, то чизи дигаре ғайри онро ба дурӯғ ба мо нисбат кунӣ, он гоҳ бо ту дӯстӣ кунанд.(73)
وَلَولا أَن ثَبَّتنٰكَ لَقَد كِدتَ تَركَنُ إِلَيهِم شَيـًٔا قَليلًا(74)
Ва агар ба ту пойдорӣ намедодем, наздик буд, ки андаке ба онон майл кунӣ.(74)
إِذًا لَأَذَقنٰكَ ضِعفَ الحَيوٰةِ وَضِعفَ المَماتِ ثُمَّ لا تَجِدُ لَكَ عَلَينا نَصيرًا(75)
Он гоҳ туро дучандон дар дунё ва дучандон дар охират азоб мекардем ва барои худ дар баробари Мо ёридиҳандае намеёфтӣ.(75)
وَإِن كادوا لَيَستَفِزّونَكَ مِنَ الأَرضِ لِيُخرِجوكَ مِنها ۖ وَإِذًا لا يَلبَثونَ خِلٰفَكَ إِلّا قَليلًا(76)
Ва наздик буд, ки туро аз ин сарзамин бархезонанд, то аз он ҷо овораат созанд. Ва худ пас аз ту андак замоне мемонданду бас.(76)
سُنَّةَ مَن قَد أَرسَلنا قَبلَكَ مِن رُسُلِنا ۖ وَلا تَجِدُ لِسُنَّتِنا تَحويلًا(77)
Суннати Худо дар бораи паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодаем, чунин аст ва суннати моро тағйирпазир наёбӣ.(77)
أَقِمِ الصَّلوٰةَ لِدُلوكِ الشَّمسِ إِلىٰ غَسَقِ الَّيلِ وَقُرءانَ الفَجرِ ۖ إِنَّ قُرءانَ الفَجرِ كانَ مَشهودًا(78)
Аз ҳангоми заволи хуршед то он гоҳ ки шаб фаро мерасад, намозро барпой дор ва низ намози субҳгоҳро. Ва намози субҳгоҳро ҳамагон ҳозир шаванд.(78)
وَمِنَ الَّيلِ فَتَهَجَّد بِهِ نافِلَةً لَكَ عَسىٰ أَن يَبعَثَكَ رَبُّكَ مَقامًا مَحمودًا(79)
Порае аз шабро ба намоз хондан зинда бидор. Ин нофила (ибодат) хоси ту аст. Бошад, ки Парвардигорат туро ба мақоме писандида бирасонад.(79)
وَقُل رَبِّ أَدخِلنى مُدخَلَ صِدقٍ وَأَخرِجنى مُخرَجَ صِدقٍ وَاجعَل لى مِن لَدُنكَ سُلطٰنًا نَصيرًا(80)
Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро ба ростиву некӯӣ дохил кун ва ба ростиву некӯӣ берун бар ва маро аз ҷониби худ пирӯзиву ёрӣ ато кун!(80)
وَقُل جاءَ الحَقُّ وَزَهَقَ البٰطِلُ ۚ إِنَّ البٰطِلَ كانَ زَهوقًا(81)
Бигӯ: «Ҳак омад ва ботил нобуд шуд. Ҳаққо, ки ботил нобуд шуданӣ буд».(81)
وَنُنَزِّلُ مِنَ القُرءانِ ما هُوَ شِفاءٌ وَرَحمَةٌ لِلمُؤمِنينَ ۙ وَلا يَزيدُ الظّٰلِمينَ إِلّا خَسارًا(82)
Ва ин Қуръонро, ки барои мӯъминон шифову раҳмат аст, нозил мекунем, вале кофиронро ҷуз зиён наяфзояд.(82)
وَإِذا أَنعَمنا عَلَى الإِنسٰنِ أَعرَضَ وَنَـٔا بِجانِبِهِ ۖ وَإِذا مَسَّهُ الشَّرُّ كانَ يَـٔوسًا(83)
Чун ба инсон неъмат додем, рӯй гардонд ва худро ба як сӯ кашид ва чун зараре ба ӯ расид, ноумед гардид.(83)
قُل كُلٌّ يَعمَلُ عَلىٰ شاكِلَتِهِ فَرَبُّكُم أَعلَمُ بِمَن هُوَ أَهدىٰ سَبيلًا(84)
Бигӯ: «Ҳар кас ба тарикаи худ амал мекунад ва Парвардигори ту беҳтар медонад, ки кадом як ба ҳидоят наздиктар аст».(84)
وَيَسـَٔلونَكَ عَنِ الرّوحِ ۖ قُلِ الرّوحُ مِن أَمرِ رَبّى وَما أوتيتُم مِنَ العِلمِ إِلّا قَليلًا(85)
Туро аз рӯҳ мепурсанд. Бигӯ: «Рӯҳ ҷузъе аз фармони Парвардигори ман аст ва шуморо ҷуз андак донише надодаанд».(85)
وَلَئِن شِئنا لَنَذهَبَنَّ بِالَّذى أَوحَينا إِلَيكَ ثُمَّ لا تَجِدُ لَكَ بِهِ عَلَينا وَكيلًا(86)
Агар бихоҳем ҳамаи он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем, бозмеситонем ва ту барои худ дар баробари Мо мададкоре намеёбӣ.(86)
إِلّا رَحمَةً مِن رَبِّكَ ۚ إِنَّ فَضلَهُ كانَ عَلَيكَ كَبيرًا(87)
Магар Парвардигорат раҳмат кард, ки инъоми Ӯ дар бораи ту бисёр аст.(87)
قُل لَئِنِ اجتَمَعَتِ الإِنسُ وَالجِنُّ عَلىٰ أَن يَأتوا بِمِثلِ هٰذَا القُرءانِ لا يَأتونَ بِمِثلِهِ وَلَو كانَ بَعضُهُم لِبَعضٍ ظَهيرًا(88)
Бигӯ; «Агар ҷину инс гирд оянд, то монанди ин Қуръон биёваранд, наметавонанд монанди онро биёваранд, ҳарчанд, ки якдигарро ёрӣ диҳанд».(88)
وَلَقَد صَرَّفنا لِلنّاسِ فى هٰذَا القُرءانِ مِن كُلِّ مَثَلٍ فَأَبىٰ أَكثَرُ النّاسِ إِلّا كُفورًا(89)
Мо дар ин Куръон барои мардум ҳар мисолсро гуногун баён кардем, вале бештари мардум ҷуз ношукрӣ ҳеҷ коре накарданд.(89)
وَقالوا لَن نُؤمِنَ لَكَ حَتّىٰ تَفجُرَ لَنا مِنَ الأَرضِ يَنبوعًا(90)
Гуфтанд: «Ба ту имон намеоварем, то барои мо аз замин чашмае равон созӣ,(90)
أَو تَكونَ لَكَ جَنَّةٌ مِن نَخيلٍ وَعِنَبٍ فَتُفَجِّرَ الأَنهٰرَ خِلٰلَها تَفجيرًا(91)
ё туро бӯстоне бошад аз дарахтони хурмову ангур, ки дар мобайнаш нахрҳо ҷорӣ гардонӣ,(91)
أَو تُسقِطَ السَّماءَ كَما زَعَمتَ عَلَينا كِسَفًا أَو تَأتِىَ بِاللَّهِ وَالمَلٰئِكَةِ قَبيلًا(92)
ё чунон ки гуфтаӣ, осмонро пора-пора бар сари мо афканӣ ё Худову фариштагонро пеши мо ҳозир оварӣ,(92)
أَو يَكونَ لَكَ بَيتٌ مِن زُخرُفٍ أَو تَرقىٰ فِى السَّماءِ وَلَن نُؤمِنَ لِرُقِيِّكَ حَتّىٰ تُنَزِّلَ عَلَينا كِتٰبًا نَقرَؤُهُ ۗ قُل سُبحانَ رَبّى هَل كُنتُ إِلّا بَشَرًا رَسولًا(93)
ё туро хонае аз тилло бошад, ё ба осмон боло раВӣ. Ва мо ба осмон рафтанатро бовар накунем, то барои мо китобе, ки аз он бихонем, биёварӣ». Бигӯ: «Парвардигори ман пок аст. Оё на ин аст, ки ман инсоне ҳастам, ки ба пайғамбарӣ омадаам?».(93)
وَما مَنَعَ النّاسَ أَن يُؤمِنوا إِذ جاءَهُمُ الهُدىٰ إِلّا أَن قالوا أَبَعَثَ اللَّهُ بَشَرًا رَسولًا(94)
Ҳеҷ чиз мардумро аз имон овардан он гоҳ ки ҳидояташон мекарданд, бознадошт, ғайри инки мегуфтанд: «Оё Худо инсонеро ба рисолат (пайғамбарӣ) мефиристад?»(94)
قُل لَو كانَ فِى الأَرضِ مَلٰئِكَةٌ يَمشونَ مُطمَئِنّينَ لَنَزَّلنا عَلَيهِم مِنَ السَّماءِ مَلَكًا رَسولًا(95)
Бигӯ: «Агар дар рӯи замин фариштагон ба оромӣ роҳ мерафтанд, барояшон ба паёмбарӣ фариштае аз осмон нозил мекардем».(95)
قُل كَفىٰ بِاللَّهِ شَهيدًا بَينى وَبَينَكُم ۚ إِنَّهُ كانَ بِعِبادِهِ خَبيرًا بَصيرًا(96)
Бигӯ; «Худо миёни ману шумо шоҳидиро кофист, зеро Ӯ ба бандагонаш огоҳу биност!»(96)
وَمَن يَهدِ اللَّهُ فَهُوَ المُهتَدِ ۖ وَمَن يُضلِل فَلَن تَجِدَ لَهُم أَولِياءَ مِن دونِهِ ۖ وَنَحشُرُهُم يَومَ القِيٰمَةِ عَلىٰ وُجوهِهِم عُميًا وَبُكمًا وَصُمًّا ۖ مَأوىٰهُم جَهَنَّمُ ۖ كُلَّما خَبَت زِدنٰهُم سَعيرًا(97)
Ва ҳар киро Худо ҳидоят кунад, хидоятшуда аст. Ва ҳар киро гумроҳ созад, ғайри Худо барои Ӯ сарпарасте наёбӣ ва дар рӯзи қиёмат, дар ҳоле ки чеҳраҳояшон рӯ ба замин аст, кӯру гунгу кар зинда ва ҷамъашон мекунем ва ҷаҳаннам ҷойгохи онҳост, ки ҳар чӣ шӯълаи он фурӯ нишинад, бештараш меафрӯзем.(97)
ذٰلِكَ جَزاؤُهُم بِأَنَّهُم كَفَروا بِـٔايٰتِنا وَقالوا أَءِذا كُنّا عِظٰمًا وَرُفٰتًا أَءِنّا لَمَبعوثونَ خَلقًا جَديدًا(98)
Ин ҷазои онҳост, зеро ба оёти Мо имон наёварданд ва гуфтанд: «Оё чун мо устухон шудему хокӣ, моро ба сурати тозае зинда мекунанд?(98)
۞ أَوَلَم يَرَوا أَنَّ اللَّهَ الَّذى خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ قادِرٌ عَلىٰ أَن يَخلُقَ مِثلَهُم وَجَعَلَ لَهُم أَجَلًا لا رَيبَ فيهِ فَأَبَى الظّٰلِمونَ إِلّا كُفورًا(99)
Оё намедонанд, ки Худое, ки осмонҳову заминро офаридааст, қодир аст, ки монанди онҳоро биёфаринад ва барояшон муддати умре ниҳода, ки дар он шаке нест? Аммо золимон фақат инкор кунанд.(99)
قُل لَو أَنتُم تَملِكونَ خَزائِنَ رَحمَةِ رَبّى إِذًا لَأَمسَكتُم خَشيَةَ الإِنفاقِ ۚ وَكانَ الإِنسٰنُ قَتورًا(100)
Бигӯ: «Агар шумо молики ҳамаи хазоини Парвардигори ман мебудед, аз бими дарвешӣ бахилӣ пеша мекардед, зеро одамӣ бахил аст!(100)
وَلَقَد ءاتَينا موسىٰ تِسعَ ءايٰتٍ بَيِّنٰتٍ ۖ فَسـَٔل بَنى إِسرٰءيلَ إِذ جاءَهُم فَقالَ لَهُ فِرعَونُ إِنّى لَأَظُنُّكَ يٰموسىٰ مَسحورًا(101)
Аз банӣ-Исроил бипурс, ки чун Мӯсо назди онон омад, ба ӯ нӯҳ нишонаи ошкоро дода будем. Ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо пиндорам, ки туро ҷоду карда бошанд».(101)
قالَ لَقَد عَلِمتَ ما أَنزَلَ هٰؤُلاءِ إِلّا رَبُّ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ بَصائِرَ وَإِنّى لَأَظُنُّكَ يٰفِرعَونُ مَثبورًا(102)
Гуфт: «Ба ҳақиқат медонӣ, ин нишонаҳои ошкорро ҷуз Парвардигори осмонҳову замин нафиристода аст. Ва ман, эй Фиръавн, туро ба яқин ҳалокшуда мебинам».(102)
فَأَرادَ أَن يَستَفِزَّهُم مِنَ الأَرضِ فَأَغرَقنٰهُ وَمَن مَعَهُ جَميعًا(103)
Фиръавн қасди он дошт, кн онҳоро аз он сарзамин барканад, вале Мо ӯ ва ҳамаи ҳамроҳонашро ғарқ сохтем.(103)
وَقُلنا مِن بَعدِهِ لِبَنى إِسرٰءيلَ اسكُنُوا الأَرضَ فَإِذا جاءَ وَعدُ الءاخِرَةِ جِئنا بِكُم لَفيفًا(104)
Ва пас аз ӯ ба банӣ-Исроил гуфтем: «Дар он сарзамин сокин шавед ва чун ваъдаи охират расад, ҳамаи шуморо бо ҳам зиндаву ҷамъ мекунем»,(104)
وَبِالحَقِّ أَنزَلنٰهُ وَبِالحَقِّ نَزَلَ ۗ وَما أَرسَلنٰكَ إِلّا مُبَشِّرًا وَنَذيرًا(105)
Ин Қуръонро ба ҳақ нозил кардаем ва ба ҳак нозил шудааст ва туро нафиристодем, магар он ки хушхабар диҳӣ ва битарсони.(105)
وَقُرءانًا فَرَقنٰهُ لِتَقرَأَهُ عَلَى النّاسِ عَلىٰ مُكثٍ وَنَزَّلنٰهُ تَنزيلًا(106)
Ва Қуръонро ба тафориқ (ҷудо-ҷудо) нозил кардем, то ту онро оҳиста-оҳиста ва андак-андак бар мардум бихонӣ ва нозилаш кардем, нозил кардане ба камол.(106)
قُل ءامِنوا بِهِ أَو لا تُؤمِنوا ۚ إِنَّ الَّذينَ أوتُوا العِلمَ مِن قَبلِهِ إِذا يُتلىٰ عَلَيهِم يَخِرّونَ لِلأَذقانِ سُجَّدًا(107)
Бигӯ; «Хоҳ ба он имон биёваред ё имон наёваред, онон, ки аз ин пеш дониш омӯхтаанд, чун Қуръон барояшон тиловат шавад, саҷдакунон бар рӯй дармеафтанд (Саҷда)(107)
وَيَقولونَ سُبحٰنَ رَبِّنا إِن كانَ وَعدُ رَبِّنا لَمَفعولًا(108)
ва мегӯянд: «Пок аст Парвардигори мо. Ваъдаи Парвардигори мо анҷом ёфтанист».(108)
وَيَخِرّونَ لِلأَذقانِ يَبكونَ وَيَزيدُهُم خُشوعًا ۩(109)
Ва ба рӯ дармеафтаид ва мегирянд ва бар хушӯъашон (шикастагиашон) афзуда мешавад.(109)
قُلِ ادعُوا اللَّهَ أَوِ ادعُوا الرَّحمٰنَ ۖ أَيًّا ما تَدعوا فَلَهُ الأَسماءُ الحُسنىٰ ۚ وَلا تَجهَر بِصَلاتِكَ وَلا تُخافِت بِها وَابتَغِ بَينَ ذٰلِكَ سَبيلًا(110)
Бигӯ: «Чӣ Оллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед, ҳар кадомро, ки бихонед, номҳои некӯ аз они Ӯст». Садоятро ба намоз баланд макун ва низ садоятро ба он паст макун ва миёни ин ду роҳе интихоб кун.(110)
وَقُلِ الحَمدُ لِلَّهِ الَّذى لَم يَتَّخِذ وَلَدًا وَلَم يَكُن لَهُ شَريكٌ فِى المُلكِ وَلَم يَكُن لَهُ وَلِىٌّ مِنَ الذُّلِّ ۖ وَكَبِّرهُ تَكبيرًا(111)
Бигӯ; «Шукр Худоро, ки фарзанде надорад ва Ӯро шарике дар мулк нест ва ба нотавонӣ наяфтад, то ба ёрӣ мӯҳтоҷ шавад. Пас Ӯро такбир гӯй, такбире шоиста!(111)