Al-Inshiqaq(الانشقاق)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ إِذَا السَّماءُ انشَقَّت(1)
Чун осмон шикофта шавад(1)
وَأَذِنَت لِرَبِّها وَحُقَّت(2)
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад(2)
وَإِذَا الأَرضُ مُدَّت(3)
ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад(3)
وَأَلقَت ما فيها وَتَخَلَّت(4)
ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад(4)
وَأَذِنَت لِرَبِّها وَحُقَّت(5)
ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.(5)
يٰأَيُّهَا الإِنسٰنُ إِنَّكَ كادِحٌ إِلىٰ رَبِّكَ كَدحًا فَمُلٰقيهِ(6)
Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид.(6)
فَأَمّا مَن أوتِىَ كِتٰبَهُ بِيَمينِهِ(7)
Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд,(7)
فَسَوفَ يُحاسَبُ حِسابًا يَسيرًا(8)
ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд(8)
وَيَنقَلِبُ إِلىٰ أَهلِهِ مَسرورًا(9)
ва шодмон назди касонаш бозгардад.(9)
وَأَمّا مَن أوتِىَ كِتٰبَهُ وَراءَ ظَهرِهِ(10)
Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад,(10)
فَسَوفَ يَدعوا ثُبورًا(11)
ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».(11)
وَيَصلىٰ سَعيرًا(12)
Ва ба оташи афрӯхта дарояд.(12)
إِنَّهُ كانَ فى أَهلِهِ مَسرورًا(13)
Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд.(13)
إِنَّهُ ظَنَّ أَن لَن يَحورَ(14)
Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт.(14)
بَلىٰ إِنَّ رَبَّهُ كانَ بِهِ بَصيرًا(15)
Оре, Парвардигораш ӯро медидааст.(15)
فَلا أُقسِمُ بِالشَّفَقِ(16)
Пас ба шафақ савганд мехӯрам(16)
وَالَّيلِ وَما وَسَقَ(17)
ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад(17)
وَالقَمَرِ إِذَا اتَّسَقَ(18)
ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад,(18)
لَتَركَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٍ(19)
ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.(19)
فَما لَهُم لا يُؤمِنونَ(20)
Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд?(20)
وَإِذا قُرِئَ عَلَيهِمُ القُرءانُ لا يَسجُدونَ ۩(21)
Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда).(21)
بَلِ الَّذينَ كَفَروا يُكَذِّبونَ(22)
Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд).(22)
وَاللَّهُ أَعلَمُ بِما يوعونَ(23)
Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст.(23)
فَبَشِّرهُم بِعَذابٍ أَليمٍ(24)
Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ(24)
إِلَّا الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ لَهُم أَجرٌ غَيرُ مَمنونٍ(25)
ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест.(25)