Al-Hajj( الحج)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ يٰأَيُّهَا النّاسُ اتَّقوا رَبَّكُم ۚ إِنَّ زَلزَلَةَ السّاعَةِ شَيءٌ عَظيمٌ(1)
Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест!(1)
يَومَ تَرَونَها تَذهَلُ كُلُّ مُرضِعَةٍ عَمّا أَرضَعَت وَتَضَعُ كُلُّ ذاتِ حَملٍ حَملَها وَتَرَى النّاسَ سُكٰرىٰ وَما هُم بِسُكٰرىٰ وَلٰكِنَّ عَذابَ اللَّهِ شَديدٌ(2)
Он рӯз, ки бубинедаш, ҳар ширдиҳанде ширхораашро аз ёд бибарад ва ҳар ҳомилае бори худро, бар замин гузорад ва мардумро чун мастон бинӣ, ҳол он ки маст нестанд, балки азоби Худо сахт аст.(2)
وَمِنَ النّاسِ مَن يُجٰدِلُ فِى اللَّهِ بِغَيرِ عِلمٍ وَيَتَّبِعُ كُلَّ شَيطٰنٍ مَريدٍ(3)
Баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише дар бораи Худо баҳс мекунанд ва ба дар шайтони саркаше пайравӣ мекунанд.(3)
كُتِبَ عَلَيهِ أَنَّهُ مَن تَوَلّاهُ فَأَنَّهُ يُضِلُّهُ وَيَهديهِ إِلىٰ عَذابِ السَّعيرِ(4)
Бар шайтон чунин муқаррар шуда, ки ҳар касро, ки дӯсташ бидорад, гумроҳ кунад ва ба азоби оташи сӯзонаш кашонад.(4)
يٰأَيُّهَا النّاسُ إِن كُنتُم فى رَيبٍ مِنَ البَعثِ فَإِنّا خَلَقنٰكُم مِن تُرابٍ ثُمَّ مِن نُطفَةٍ ثُمَّ مِن عَلَقَةٍ ثُمَّ مِن مُضغَةٍ مُخَلَّقَةٍ وَغَيرِ مُخَلَّقَةٍ لِنُبَيِّنَ لَكُم ۚ وَنُقِرُّ فِى الأَرحامِ ما نَشاءُ إِلىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ثُمَّ نُخرِجُكُم طِفلًا ثُمَّ لِتَبلُغوا أَشُدَّكُم ۖ وَمِنكُم مَن يُتَوَفّىٰ وَمِنكُم مَن يُرَدُّ إِلىٰ أَرذَلِ العُمُرِ لِكَيلا يَعلَمَ مِن بَعدِ عِلمٍ شَيـًٔا ۚ وَتَرَى الأَرضَ هامِدَةً فَإِذا أَنزَلنا عَلَيهَا الماءَ اهتَزَّت وَرَبَت وَأَنبَتَت مِن كُلِّ زَوجٍ بَهيجٍ(5)
Эй мардум, агар аз рӯзи қиёмат дар шубҳа ҳастед, Мо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа, он гоҳ аз лахтаи хуне ва сипас аз порагӯште гоҳ тамом офарида, гоҳ нотамом биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муъайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмхҳо нигаҳ медорем. Он гоҳ шуморо, ки кӯдаке ҳастед, берун меоварем, то ба ҳадди зӯрмандии худ расед. Баъзе аз шумо мемирандва баъзе ба солхӯрдагӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чӣ омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкида мебинӣ. Чун борон бар он бифирис- тем, дар ҷунбиш ояд ва нашъу намо кунад ва аз ҳар гуна гиёҳи боравнақ бирӯёнад.(5)
ذٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الحَقُّ وَأَنَّهُ يُحىِ المَوتىٰ وَأَنَّهُ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ(6)
Ва инҳо далел бар он аст, ки Худо ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва бар ҳар коре тавоност.(6)
وَأَنَّ السّاعَةَ ءاتِيَةٌ لا رَيبَ فيها وَأَنَّ اللَّهَ يَبعَثُ مَن فِى القُبورِ(7)
Ва низ қиёмат хоҳад омад, шаке дар он нест. Ва Худо ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад.(7)
وَمِنَ النّاسِ مَن يُجٰدِلُ فِى اللَّهِ بِغَيرِ عِلمٍ وَلا هُدًى وَلا كِتٰبٍ مُنيرٍ(8)
Аз мардум касест, ки бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше дар бораи Худо баҳс мекунад.(8)
ثانِىَ عِطفِهِ لِيُضِلَّ عَن سَبيلِ اللَّهِ ۖ لَهُ فِى الدُّنيا خِزىٌ ۖ وَنُذيقُهُ يَومَ القِيٰمَةِ عَذابَ الحَريقِ(9)
Гарданро ба такаббур ба як сӯ мепечонад, то мардумро аз роҳи Худо гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем.(9)
ذٰلِكَ بِما قَدَّمَت يَداكَ وَأَنَّ اللَّهَ لَيسَ بِظَلّٰمٍ لِلعَبيدِ(10)
Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Худо ба бандагонаш ситам намекунад.(10)
وَمِنَ النّاسِ مَن يَعبُدُ اللَّهَ عَلىٰ حَرفٍ ۖ فَإِن أَصابَهُ خَيرٌ اطمَأَنَّ بِهِ ۖ وَإِن أَصابَتهُ فِتنَةٌ انقَلَبَ عَلىٰ وَجهِهِ خَسِرَ الدُّنيا وَالءاخِرَةَ ۚ ذٰلِكَ هُوَ الخُسرانُ المُبينُ(11)
Ва аз миёни мардум касест, ки Худоро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он ором гирад ва агар озмоише пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёне ошкор аст.(11)
يَدعوا مِن دونِ اللَّهِ ما لا يَضُرُّهُ وَما لا يَنفَعُهُ ۚ ذٰلِكَ هُوَ الضَّلٰلُ البَعيدُ(12)
Ғайри Худо касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на нафъе ва ин гумроҳиест беохир.(12)
يَدعوا لَمَن ضَرُّهُ أَقرَبُ مِن نَفعِهِ ۚ لَبِئسَ المَولىٰ وَلَبِئسَ العَشيرُ(13)
Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз нафъи ӯст. Чӣ бад дӯстдорест ва чӣ бад ҳамсӯҳбат.(13)
إِنَّ اللَّهَ يُدخِلُ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ جَنّٰتٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَفعَلُ ما يُريدُ(14)
Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад ва Худо ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.(14)
مَن كانَ يَظُنُّ أَن لَن يَنصُرَهُ اللَّهُ فِى الدُّنيا وَالءاخِرَةِ فَليَمدُد بِسَبَبٍ إِلَى السَّماءِ ثُمَّ ليَقطَع فَليَنظُر هَل يُذهِبَنَّ كَيدُهُ ما يَغيظُ(15)
Касе, ки мепиндорад, ки Худо дар дунёву охират ёриаш нахоҳад кард, худашро бо ресмоне ба сақф биёвезад то худро хафа кунад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро аз миён хоҳад бурд.(15)
وَكَذٰلِكَ أَنزَلنٰهُ ءايٰتٍ بَيِّنٰتٍ وَأَنَّ اللَّهَ يَهدى مَن يُريدُ(16)
Ба ин тарз Қуръонро нозил кардем бо оёте равшангар. Ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад.(16)
إِنَّ الَّذينَ ءامَنوا وَالَّذينَ هادوا وَالصّٰبِـٔينَ وَالنَّصٰرىٰ وَالمَجوسَ وَالَّذينَ أَشرَكوا إِنَّ اللَّهَ يَفصِلُ بَينَهُم يَومَ القِيٰمَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ شَهيدٌ(17)
Худо миёни онон, ки имон овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собион ё насоро ё маҷус ихтиёр кардаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад. Зеро Ӯ бар дар коре шоҳид аст!(17)
أَلَم تَرَ أَنَّ اللَّهَ يَسجُدُ لَهُ مَن فِى السَّمٰوٰتِ وَمَن فِى الأَرضِ وَالشَّمسُ وَالقَمَرُ وَالنُّجومُ وَالجِبالُ وَالشَّجَرُ وَالدَّوابُّ وَكَثيرٌ مِنَ النّاسِ ۖ وَكَثيرٌ حَقَّ عَلَيهِ العَذابُ ۗ وَمَن يُهِنِ اللَّهُ فَما لَهُ مِن مُكرِمٍ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَفعَلُ ما يَشاءُ ۩(18)
Оё надидаӣ, ки ҳар кас дар осмонҳову ҳар кас, ки дар замин аст ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону ҷунбандагон ва бисёре аз мардум Худоро саҷда мекунанд? Ва бар бисёре азоб муқаррар шуда ва ҳар киро Худо хор созад, ҳеҷ кас гиромиаш намедорад. Зеро Худо ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад. (Сачда).(18)
۞ هٰذانِ خَصمانِ اختَصَموا فى رَبِّهِم ۖ فَالَّذينَ كَفَروا قُطِّعَت لَهُم ثِيابٌ مِن نارٍ يُصَبُّ مِن فَوقِ رُءوسِهِمُ الحَميمُ(19)
Ин ду гурӯҳ дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Барои онон, ки кофиранд, ҷомаҳое аз оташ буридаанд ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.(19)
يُصهَرُ بِهِ ما فى بُطونِهِم وَالجُلودُ(20)
Бо он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.(20)
وَلَهُم مَقٰمِعُ مِن حَديدٍ(21)
Ва низ барои онҳост гурзҳое оҳанин.(21)
كُلَّما أَرادوا أَن يَخرُجوا مِنها مِن غَمٍّ أُعيدوا فيها وَذوقوا عَذابَ الحَريقِ(22)
Ҳар гоҳ, ки хоҳанд, аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонанд, ки бичашед азоби оташи сӯзандаро.(22)
إِنَّ اللَّهَ يُدخِلُ الَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ جَنّٰتٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ يُحَلَّونَ فيها مِن أَساوِرَ مِن ذَهَبٍ وَلُؤلُؤًا ۖ وَلِباسُهُم فيها حَريرٌ(23)
Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд ва либосашон аз ҳарир аст.(23)
وَهُدوا إِلَى الطَّيِّبِ مِنَ القَولِ وَهُدوا إِلىٰ صِرٰطِ الحَميدِ(24)
Онҳо ба он сухани пок ва ба роҳи Худованди сутуданӣ роҳнамоӣ шудаанд.(24)
إِنَّ الَّذينَ كَفَروا وَيَصُدّونَ عَن سَبيلِ اللَّهِ وَالمَسجِدِ الحَرامِ الَّذى جَعَلنٰهُ لِلنّاسِ سَواءً العٰكِفُ فيهِ وَالبادِ ۚ وَمَن يُرِد فيهِ بِإِلحادٍ بِظُلمٍ نُذِقهُ مِن عَذابٍ أَليمٍ(25)
Онҳое, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо ва масҷидулҳаром, ки барои мардуми чӣ муқиму чӣ ғариб яксон аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, азоби дардовар мечашонем.(25)
وَإِذ بَوَّأنا لِإِبرٰهيمَ مَكانَ البَيتِ أَن لا تُشرِك بى شَيـًٔا وَطَهِّر بَيتِىَ لِلطّائِفينَ وَالقائِمينَ وَالرُّكَّعِ السُّجودِ(26)
Ва макони хонаро барои Иброҳим ошкор кардем ва гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рокеъону соҷидон покиза бидор».(26)
وَأَذِّن فِى النّاسِ بِالحَجِّ يَأتوكَ رِجالًا وَعَلىٰ كُلِّ ضامِرٍ يَأتينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَميقٍ(27)
Ва мардумро ба ҳаҷ даъват кун то пиёда ё савор бар шутурони лоғар аз роҳҳои дур назди ту биёянд.(27)
لِيَشهَدوا مَنٰفِعَ لَهُم وَيَذكُرُوا اسمَ اللَّهِ فى أَيّامٍ مَعلومٰتٍ عَلىٰ ما رَزَقَهُم مِن بَهيمَةِ الأَنعٰمِ ۖ فَكُلوا مِنها وَأَطعِمُوا البائِسَ الفَقيرَ(28)
То нафъҳоеро, ки аз они онҳост, бубинанд ва номи Худоро дар рӯзҳое муъайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне, ки Худо ризқи онҳо сохта, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёнӣ фақирро низ таъом диҳед.(28)
ثُمَّ ليَقضوا تَفَثَهُم وَليوفوا نُذورَهُم وَليَطَّوَّفوا بِالبَيتِ العَتيقِ(29)
Сипас чирк аз худ дур кунанд ва назрҳои худро адо кунанд ва бар он хонаи кӯҳансол тавоф кунанд.(29)
ذٰلِكَ وَمَن يُعَظِّم حُرُمٰتِ اللَّهِ فَهُوَ خَيرٌ لَهُ عِندَ رَبِّهِ ۗ وَأُحِلَّت لَكُمُ الأَنعٰمُ إِلّا ما يُتلىٰ عَلَيكُم ۖ فَاجتَنِبُوا الرِّجسَ مِنَ الأَوثٰنِ وَاجتَنِبوا قَولَ الزّورِ(30)
Ҳамчунин ҳар кас даст аз ҳаром бидорад, дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, ғайри онҳое, ки бароятон хонда шуда. Пас аз бутҳои палиду сухани ботилу дурӯғ парҳез кунед.(30)
حُنَفاءَ لِلَّهِ غَيرَ مُشرِكينَ بِهِ ۚ وَمَن يُشرِك بِاللَّهِ فَكَأَنَّما خَرَّ مِنَ السَّماءِ فَتَخطَفُهُ الطَّيرُ أَو تَهوى بِهِ الرّيحُ فى مَكانٍ سَحيقٍ(31)
Рӯйовардагон ба Худо бошед ва ширкнаёвардагон ба Ӯ; ва ҳар кас, ки ба Худо ширк оварад, чун он касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва мурғ ӯро бирабояд ё бодаш ба маконе дур андозад.(31)
ذٰلِكَ وَمَن يُعَظِّم شَعٰئِرَ اللَّهِ فَإِنَّها مِن تَقوَى القُلوبِ(32)
Оре, касоне, ки шиъорҳои Худоро бузург мешуморанд, корашон нишони парҳезгории дилҳояшон бошад.(32)
لَكُم فيها مَنٰفِعُ إِلىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ثُمَّ مَحِلُّها إِلَى البَيتِ العَتيقِ(33)
Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муъайян бароятон судҳост, сипас ҷои қурбониашон дар он хокаи кӯҳансол аст.(33)
وَلِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلنا مَنسَكًا لِيَذكُرُوا اسمَ اللَّهِ عَلىٰ ما رَزَقَهُم مِن بَهيمَةِ الأَنعٰمِ ۗ فَإِلٰهُكُم إِلٰهٌ وٰحِدٌ فَلَهُ أَسلِموا ۗ وَبَشِّرِ المُخبِتينَ(34)
Барои ҳар уммате расми қурбонӣ кардане ниҳодем, то ба он сабаб, ки Худо аз чорпоён рӯзиашон додааст, номи Ӯро бар забон ронанд. Пас Худои шумо Худои яктост, дар баробари Ӯ таслим шавед. Ва ибодаткунандагонро хушхабар деҳ(34)
الَّذينَ إِذا ذُكِرَ اللَّهُ وَجِلَت قُلوبُهُم وَالصّٰبِرينَ عَلىٰ ما أَصابَهُم وَالمُقيمِى الصَّلوٰةِ وَمِمّا رَزَقنٰهُم يُنفِقونَ(35)
онон, ки чун номи Худо бурда шавад, дар дил битарсанд ва ба он ҳангом, ки ба онҳо мусибате расад, собиранд ва намозгузоронанд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.(35)
وَالبُدنَ جَعَلنٰها لَكُم مِن شَعٰئِرِ اللَّهِ لَكُم فيها خَيرٌ ۖ فَاذكُرُوا اسمَ اللَّهِ عَلَيها صَوافَّ ۖ فَإِذا وَجَبَت جُنوبُها فَكُلوا مِنها وَأَطعِمُوا القانِعَ وَالمُعتَرَّ ۚ كَذٰلِكَ سَخَّرنٰها لَكُم لَعَلَّكُم تَشكُرونَ(36)
Шутурони қурбониро барои шумо аз шиорҳои Худо қарор додем. Шуморо дар он хайрест. Ва ҳамчунон ки бар пой истодаанд, номи Худоро бар онҳо бихонед ва чун паҳлӯяшон бар замин расид, аз онҳо бихӯред ва фақиронро қонеъу гадоёнро таъом диҳед. Инҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шукргузорӣ кунед!(36)
لَن يَنالَ اللَّهَ لُحومُها وَلا دِماؤُها وَلٰكِن يَنالُهُ التَّقوىٰ مِنكُم ۚ كَذٰلِكَ سَخَّرَها لَكُم لِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلىٰ ما هَدىٰكُم ۗ وَبَشِّرِ المُحسِنينَ(37)
Гӯшту хуни ин шутурон ба Худо намерасад. Он чӣ ба Ӯ мерасад, парҳезгории шумост. Ҳамчунин онҳоро роми шумо сохт то Худоро ба шукронаи он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро хушхабар деҳ!(37)
۞ إِنَّ اللَّهَ يُدٰفِعُ عَنِ الَّذينَ ءامَنوا ۗ إِنَّ اللَّهَ لا يُحِبُّ كُلَّ خَوّانٍ كَفورٍ(38)
Худо аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад ва Худо хиёнаткорони носипосро дӯст надорад!(38)
أُذِنَ لِلَّذينَ يُقٰتَلونَ بِأَنَّهُم ظُلِموا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ عَلىٰ نَصرِهِم لَقَديرٌ(39)
Ба касоне, ки ба ҷанг ба сарашон тохт овардаанд ва мавриди ситам қарор гирифтаанд, рухсат дода шуд ва Худо бар пирӯз гардониданашон тавоност.(39)
الَّذينَ أُخرِجوا مِن دِيٰرِهِم بِغَيرِ حَقٍّ إِلّا أَن يَقولوا رَبُّنَا اللَّهُ ۗ وَلَولا دَفعُ اللَّهِ النّاسَ بَعضَهُم بِبَعضٍ لَهُدِّمَت صَوٰمِعُ وَبِيَعٌ وَصَلَوٰتٌ وَمَسٰجِدُ يُذكَرُ فيهَا اسمُ اللَّهِ كَثيرًا ۗ وَلَيَنصُرَنَّ اللَّهُ مَن يَنصُرُهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِىٌّ عَزيزٌ(40)
Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, фақат ин буд, ки мегуфтанд; «Парвардигори мо Худои яктост?» Ва агар Худо баъзеро ба василаи баъзе дигар дафъ накарда буд, дайрҳову калисоҳо ва куништҳову масҷидҳое, ки номи Худо ба фаровонӣ дар он бурда мешавад, вайрон мегардид. Ва Худо ҳар касро, ки ёриаш кунад, ёрӣ мекунад ва Худо тавонову пирӯзманд аст!(40)
الَّذينَ إِن مَكَّنّٰهُم فِى الأَرضِ أَقامُوا الصَّلوٰةَ وَءاتَوُا الزَّكوٰةَ وَأَمَروا بِالمَعروفِ وَنَهَوا عَنِ المُنكَرِ ۗ وَلِلَّهِ عٰقِبَةُ الأُمورِ(41)
Ҳамон касон, ки агар дар замин қудраташон диҳем, намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо бо Худост!(41)
وَإِن يُكَذِّبوكَ فَقَد كَذَّبَت قَبلَهُم قَومُ نوحٍ وَعادٌ وَثَمودُ(42)
Агар инҳо туро дурӯғ баровардаанд, пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд низ дурӯғ баровардаанд,(42)
وَقَومُ إِبرٰهيمَ وَقَومُ لوطٍ(43)
ва низ қавми Иброҳим ва қавми Лут,(43)
وَأَصحٰبُ مَديَنَ ۖ وَكُذِّبَ موسىٰ فَأَملَيتُ لِلكٰفِرينَ ثُمَّ أَخَذتُهُم ۖ فَكَيفَ كانَ نَكيرِ(44)
ва мардуми Мадян. Ва Мӯсо низ такзиб гардвд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, он гоҳ онҳоро фурӯ гирифтам. Ва уқубати Ман чӣ гуна буд?(44)
فَكَأَيِّن مِن قَريَةٍ أَهلَكنٰها وَهِىَ ظالِمَةٌ فَهِىَ خاوِيَةٌ عَلىٰ عُروشِها وَبِئرٍ مُعَطَّلَةٍ وَقَصرٍ مَشيدٍ(45)
Чӣ бисёр деҳаҳои золимро ҳалок кардем ва сақфҳояшон фурӯ рехт ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекора монд ва қасрҳои баланди гаҷкоришуда бесоҳиб монд.(45)
أَفَلَم يَسيروا فِى الأَرضِ فَتَكونَ لَهُم قُلوبٌ يَعقِلونَ بِها أَو ءاذانٌ يَسمَعونَ بِها ۖ فَإِنَّها لا تَعمَى الأَبصٰرُ وَلٰكِن تَعمَى القُلوبُ الَّتى فِى الصُّدورِ(46)
Оё дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба он ақл кунанд ва гӯшҳое, ки бо он бишнаванд? Зеро чашмҳо нестанд, ки кӯр мешаванд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, кӯр шаванд.(46)
وَيَستَعجِلونَكَ بِالعَذابِ وَلَن يُخلِفَ اللَّهُ وَعدَهُ ۚ وَإِنَّ يَومًا عِندَ رَبِّكَ كَأَلفِ سَنَةٍ مِمّا تَعُدّونَ(47)
Аз ту ба шитоб азоб металабанд ва Худо ҳаргиз ваъдаи худро хилоф намекунад. Ва як рӯз аз рӯзҳои Парвардигори ту баробар бо ҳазор сол аст, аз он солҳое, ки мешумуред.(47)
وَكَأَيِّن مِن قَريَةٍ أَملَيتُ لَها وَهِىَ ظالِمَةٌ ثُمَّ أَخَذتُها وَإِلَىَّ المَصيرُ(48)
Чӣ бисёр деҳаҳое, ки золим буданд ва Ман мӯҳлаташон додам, он гоҳ онҳоро фурӯ гирифтам. Ва бозгашти ҳама назди Ман аст!(48)
قُل يٰأَيُّهَا النّاسُ إِنَّما أَنا۠ لَكُم نَذيرٌ مُبينٌ(49)
Бигӯ: «Эй мардум, ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам».(49)
فَالَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ لَهُم مَغفِرَةٌ وَرِزقٌ كَريمٌ(50)
Пас ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, бахшоишу ризқе бузург аст.(50)
وَالَّذينَ سَعَوا فى ءايٰتِنا مُعٰجِزينَ أُولٰئِكَ أَصحٰبُ الجَحيمِ(51)
Ва онон, ки дар радди оёти Мо мекӯшанд ва мехоҳанд Моро очиз кунанд, аҳли ҷаҳаннаманд.(51)
وَما أَرسَلنا مِن قَبلِكَ مِن رَسولٍ وَلا نَبِىٍّ إِلّا إِذا تَمَنّىٰ أَلقَى الشَّيطٰنُ فى أُمنِيَّتِهِ فَيَنسَخُ اللَّهُ ما يُلقِى الشَّيطٰنُ ثُمَّ يُحكِمُ اللَّهُ ءايٰتِهِ ۗ وَاللَّهُ عَليمٌ حَكيمٌ(52)
Мо пеш аз ту ҳар як расул ё набиеро фиристодабошем, чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе афканд. Ва Худо он чиро, ки шайтон афканда буд насх (рад) кард, сипас оёти худро устоворӣ бахшид ва Худо донову ҳаким аст!(52)
لِيَجعَلَ ما يُلقِى الشَّيطٰنُ فِتنَةً لِلَّذينَ فى قُلوبِهِم مَرَضٌ وَالقاسِيَةِ قُلوبُهُم ۗ وَإِنَّ الظّٰلِمينَ لَفى شِقاقٍ بَعيدٍ(53)
То ки он чӣ шайтон дар сухани ӯ афканда, барои касоне, ки дар қалбҳояшон беморист ва низ сахтдилон озмоише бошад ва ситамкорон дар душмание бузурганд!(53)
وَلِيَعلَمَ الَّذينَ أوتُوا العِلمَ أَنَّهُ الحَقُّ مِن رَبِّكَ فَيُؤمِنوا بِهِ فَتُخبِتَ لَهُ قُلوبُهُم ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَهادِ الَّذينَ ءامَنوا إِلىٰ صِرٰطٍ مُستَقيمٍ(54)
Ва то донишёфтагон бидонанд, ки Қуръон ба ростӣ аз ҷониби Парвардигори туст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон ба он ором гирад. Ва Худо касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.(54)
وَلا يَزالُ الَّذينَ كَفَروا فى مِريَةٍ مِنهُ حَتّىٰ تَأتِيَهُمُ السّاعَةُ بَغتَةً أَو يَأتِيَهُم عَذابُ يَومٍ عَقيمٍ(55)
Ҳамеша кофирон дар он шак мекунанд, то он гоҳ, ки қиёмат ногаҳон бар сарашон фаро расад ё ба азоби рӯзи бешодмонӣ гирифтор оянд.(55)
المُلكُ يَومَئِذٍ لِلَّهِ يَحكُمُ بَينَهُم ۚ فَالَّذينَ ءامَنوا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ فى جَنّٰتِ النَّعيمِ(56)
Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Худост. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар биҳиштҳои пурнеъматанд.(56)
وَالَّذينَ كَفَروا وَكَذَّبوا بِـٔايٰتِنا فَأُولٰئِكَ لَهُم عَذابٌ مُهينٌ(57)
Ва касоне, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азобест хоркунанда!(57)
وَالَّذينَ هاجَروا فى سَبيلِ اللَّهِ ثُمَّ قُتِلوا أَو ماتوا لَيَرزُقَنَّهُمُ اللَّهُ رِزقًا حَسَنًا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ لَهُوَ خَيرُ الرّٰزِقينَ(58)
Ва касонеро, ки дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, сипас кушта шуданд ё худ мурданд, Худо ба ризқе некӯ рӯзӣ медиҳад. Зеро Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст.(58)
لَيُدخِلَنَّهُم مُدخَلًا يَرضَونَهُ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَعَليمٌ حَليمٌ(59)
Ононро ба ҷое дароварад, ки аз он хушнуд бошанд. Ва албатта Худо донову собирает!(59)
۞ ذٰلِكَ وَمَن عاقَبَ بِمِثلِ ما عوقِبَ بِهِ ثُمَّ بُغِىَ عَلَيهِ لَيَنصُرَنَّهُ اللَّهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفورٌ(60)
Ҳар кас уқубат кунад, ҳамчунон ки ӯро уқубат кардаанд, он гоҳ бар ӯ дубора ситам кунанд, Худо ёриаш хоҳад кард. Зеро Худо авфкунанда ва омурзанда аст.(60)
ذٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ يولِجُ الَّيلَ فِى النَّهارِ وَيولِجُ النَّهارَ فِى الَّيلِ وَأَنَّ اللَّهَ سَميعٌ بَصيرٌ(61)
Ин ба он сабаб аст, ки Худо аз шаб кам мекунад ва ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунад ва ба шаб меафзояд. Ва Худо шунавову биност.(61)
ذٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الحَقُّ وَأَنَّ ما يَدعونَ مِن دونِهِ هُوَ البٰطِلُ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ العَلِىُّ الكَبيرُ(62)
Ин ба он сабаб аст, ки Худо ҳақ аст ва он чӣ ба ҷои Ӯ ба худоӣ мехонанд, ботил аст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст.(62)
أَلَم تَرَ أَنَّ اللَّهَ أَنزَلَ مِنَ السَّماءِ ماءً فَتُصبِحُ الأَرضُ مُخضَرَّةً ۗ إِنَّ اللَّهَ لَطيفٌ خَبيرٌ(63)
Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва замин пурсабза гардид? Албатта Худо борикбину огоҳ аст!(63)
لَهُ ما فِى السَّمٰوٰتِ وَما فِى الأَرضِ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَهُوَ الغَنِىُّ الحَميدُ(64)
Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст. Ӯст бениёз (бе эҳтиёҷ) ва сазовори ситоиш!(64)
أَلَم تَرَ أَنَّ اللَّهَ سَخَّرَ لَكُم ما فِى الأَرضِ وَالفُلكَ تَجرى فِى البَحرِ بِأَمرِهِ وَيُمسِكُ السَّماءَ أَن تَقَعَ عَلَى الأَرضِ إِلّا بِإِذنِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ بِالنّاسِ لَرَءوفٌ رَحيمٌ(65)
Оё надидаӣ, ки Худо ҳар чиро дар рӯи замин аст, роми шумо кардааст ва киштиҳоро, ки дар дарё ба фармони Ӯ мераванд? Ва осмонро нигоҳ дошта, ки ҷуз ба фармони Ӯ бар замин наафтад. Зеро Худоро бар мардум раъфату (шафқату) меҳрубонист.(65)
وَهُوَ الَّذى أَحياكُم ثُمَّ يُميتُكُم ثُمَّ يُحييكُم ۗ إِنَّ الإِنسٰنَ لَكَفورٌ(66)
Ӯст он кӣ шуморо зиндагӣ бахшид ва сипас бимиронд ва боз зинда месозад. Ва одамӣ ношукр аст.(66)
لِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلنا مَنسَكًا هُم ناسِكوهُ ۖ فَلا يُنٰزِعُنَّكَ فِى الأَمرِ ۚ وَادعُ إِلىٰ رَبِّكَ ۖ إِنَّكَ لَعَلىٰ هُدًى مُستَقيمٍ(67)
Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дин бошад. Пас дар ин кор бо ту муҷодала накунанд ва мардумро ба Парвардигори худ даъват кун, зеро ту ба ростӣ бар роҳи рост қадам мениҳӣ.(67)
وَإِن جٰدَلوكَ فَقُلِ اللَّهُ أَعلَمُ بِما تَعمَلونَ(68)
Ва агар бо ту муҷодала карданд, бигӯ: «Худо бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст.(68)
اللَّهُ يَحكُمُ بَينَكُم يَومَ القِيٰمَةِ فيما كُنتُم فيهِ تَختَلِفونَ(69)
Дар он чӣ мавриди ихтилофи шумост, Худо дар рӯзи қиёмат ҳукм хоҳад кард».(69)
أَلَم تَعلَم أَنَّ اللَّهَ يَعلَمُ ما فِى السَّماءِ وَالأَرضِ ۗ إِنَّ ذٰلِكَ فى كِتٰبٍ ۚ إِنَّ ذٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسيرٌ(70)
Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Ва ин дар китобе навиштааст ва корест бар Худо осон.(70)
وَيَعبُدونَ مِن دونِ اللَّهِ ما لَم يُنَزِّل بِهِ سُلطٰنًا وَما لَيسَ لَهُم بِهِ عِلمٌ ۗ وَما لِلظّٰلِمينَ مِن نَصيرٍ(71)
Ва ғайри Оллоҳ чизеро мепарастанд, ки хеҷ далеле бар вуҷудаш нозил нашудааст ва ҳеҷ донише бад-он надоранд. Ва ситамкорон ёваре надоранд.(71)
وَإِذا تُتلىٰ عَلَيهِم ءايٰتُنا بَيِّنٰتٍ تَعرِفُ فى وُجوهِ الَّذينَ كَفَرُوا المُنكَرَ ۖ يَكادونَ يَسطونَ بِالَّذينَ يَتلونَ عَلَيهِم ءايٰتِنا ۗ قُل أَفَأُنَبِّئُكُم بِشَرٍّ مِن ذٰلِكُمُ ۗ النّارُ وَعَدَهَا اللَّهُ الَّذينَ كَفَروا ۖ وَبِئسَ المَصيرُ(72)
Чун оёти равшангари Мо бар онон хонда шавад, нишони инкорро бар чеҳраи кофирон мешиносӣ чунон ки наздик бошад бар онон, ки оётро мехонанд, ҳамлавар шаванд. Бигӯ: «Оё шуморо ба чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Оташ. Худо онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ бад саранҷомест!»(72)
يٰأَيُّهَا النّاسُ ضُرِبَ مَثَلٌ فَاستَمِعوا لَهُ ۚ إِنَّ الَّذينَ تَدعونَ مِن دونِ اللَّهِ لَن يَخلُقوا ذُبابًا وَلَوِ اجتَمَعوا لَهُ ۖ وَإِن يَسلُبهُمُ الذُّبابُ شَيـًٔا لا يَستَنقِذوهُ مِنهُ ۚ ضَعُفَ الطّالِبُ وَالمَطلوبُ(73)
Эй мардум, мисоле ова; рда шуд. Бад-он гӯш диҳед. Касоне, ки онҳоро ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонед, агар ҳама гирд оянд, магасеро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, бозситонданашро натавонанд. Толибу матлуб ҳар ду нотавонанд!(73)
ما قَدَرُوا اللَّهَ حَقَّ قَدرِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِىٌّ عَزيزٌ(74)
Худоро, чунон ки лоиқи Ӯст, нашинохтанд. Ҳар оина Худо нерӯманду пирӯз аст!(74)
اللَّهُ يَصطَفى مِنَ المَلٰئِكَةِ رُسُلًا وَمِنَ النّاسِ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَميعٌ بَصيرٌ(75)
Худо аз миёни фариштагону мардумон расулоне ихтиёр мекунад. Албатта Худо шунавову биност!(75)
يَعلَمُ ما بَينَ أَيديهِم وَما خَلفَهُم ۗ وَإِلَى اللَّهِ تُرجَعُ الأُمورُ(76)
Он чиро, ки дар пеши рӯяшон аст ва он чиро, ки пӯшти сарашон аст, медонад. Ва ҳамаи корҳо бад-Ӯ бозмегардад.(76)
يٰأَيُّهَا الَّذينَ ءامَنُوا اركَعوا وَاسجُدوا وَاعبُدوا رَبَّكُم وَافعَلُوا الخَيرَ لَعَلَّكُم تُفلِحونَ ۩(77)
Эй касоне, ки имон овардаед, руқӯъ кунед ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, бошад, ки наҷот ёбед.(77)
وَجٰهِدوا فِى اللَّهِ حَقَّ جِهادِهِ ۚ هُوَ اجتَبىٰكُم وَما جَعَلَ عَلَيكُم فِى الدّينِ مِن حَرَجٍ ۚ مِلَّةَ أَبيكُم إِبرٰهيمَ ۚ هُوَ سَمّىٰكُمُ المُسلِمينَ مِن قَبلُ وَفى هٰذا لِيَكونَ الرَّسولُ شَهيدًا عَلَيكُم وَتَكونوا شُهَداءَ عَلَى النّاسِ ۚ فَأَقيمُوا الصَّلوٰةَ وَءاتُوا الزَّكوٰةَ وَاعتَصِموا بِاللَّهِ هُوَ مَولىٰكُم ۖ فَنِعمَ المَولىٰ وَنِعمَ النَّصيرُ(78)
Дар роҳи Худованд, чунон ки бояд ҷиҳод кунед. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ тангное падид наёвард. Дини падаратон Иброҳим аст. Ӯ пеш аз ин ва дар ин шуморо мусалмон номид. То паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худо ибодат кунед! Ӯст мавлои шумо. Чӣ мавлое неку ва чӣ ёваре некӯ!(78)