Al-Furqan( الفرقان)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ تَبارَكَ الَّذى نَزَّلَ الفُرقانَ عَلىٰ عَبدِهِ لِيَكونَ لِلعٰلَمينَ نَذيرًا(1)
Бузург асту бузургвор он кас, ки ин фурқонро бар бандаи Худ нозил кард, то ҷаҳониёнро бимдиҳандае бошад.(1)
الَّذى لَهُ مُلكُ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ وَلَم يَتَّخِذ وَلَدًا وَلَم يَكُن لَهُ شَريكٌ فِى المُلكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَيءٍ فَقَدَّرَهُ تَقديرًا(2)
Он кас, ки аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде нагирифтааст ва Ӯро шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст ва онро ба миқдор офаридааст.(2)
وَاتَّخَذوا مِن دونِهِ ءالِهَةً لا يَخلُقونَ شَيـًٔا وَهُم يُخلَقونَ وَلا يَملِكونَ لِأَنفُسِهِم ضَرًّا وَلا نَفعًا وَلا يَملِكونَ مَوتًا وَلا حَيوٰةً وَلا نُشورًا(3)
Ғайри Ӯ худоёне дигар гирифтанд, ки ҳеҷ чиз намеофаринанд, ва худ махлуқанд. На молики зиёни худ ҳастанд ва на нафъи худ ва молики маргу зиндагӣ ва қиёмат нестанд.(3)
وَقالَ الَّذينَ كَفَروا إِن هٰذا إِلّا إِفكٌ افتَرىٰهُ وَأَعانَهُ عَلَيهِ قَومٌ ءاخَرونَ ۖ فَقَد جاءو ظُلمًا وَزورًا(4)
Ва кофирон гуфтанд, ки ин ҷуз дурӯғе, ки худ бофтааст ва гурӯҳе дигар ӯро бар он ёрӣ додаанд, ҳеҷ нест. Ҳаққо, он чӣ мегӯянд, ситаму ботил аст.(4)
وَقالوا أَسٰطيرُ الأَوَّلينَ اكتَتَبَها فَهِىَ تُملىٰ عَلَيهِ بُكرَةً وَأَصيلًا(5)
Ба гуфтанд: «Ин афсонаҳои пешиниён аст, ки ҳар субҳу шом бар ӯ хонда мешавад ва ӯ менависадаш».(5)
قُل أَنزَلَهُ الَّذى يَعلَمُ السِّرَّ فِى السَّمٰوٰتِ وَالأَرضِ ۚ إِنَّهُ كانَ غَفورًا رَحيمًا(6)
Бигӯ: «Ин китобро касе нозил кардааст, ки ниҳони осмонҳову заминро медонад ва бахшояндаву меҳрубон аст!»(6)
وَقالوا مالِ هٰذَا الرَّسولِ يَأكُلُ الطَّعامَ وَيَمشى فِى الأَسواقِ ۙ لَولا أُنزِلَ إِلَيهِ مَلَكٌ فَيَكونَ مَعَهُ نَذيرًا(7)
Гуфтанд: «Чаро ин паёмбар, ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро фариштае бар ӯ фурӯд намеояд то бо ӯ бимдиҳанда бошад?(7)
أَو يُلقىٰ إِلَيهِ كَنزٌ أَو تَكونُ لَهُ جَنَّةٌ يَأكُلُ مِنها ۚ وَقالَ الظّٰلِمونَ إِن تَتَّبِعونَ إِلّا رَجُلًا مَسحورًا(8)
Чаро аз осмон ганҷе барояш афканда нашавад? Чаро ӯро боғе нест, ки аз он бихӯрад?» Ва ситамкорон гуфтанд: «Шумо ба марди ҷодушудае пайравӣ мекунед!»(8)
انظُر كَيفَ ضَرَبوا لَكَ الأَمثٰلَ فَضَلّوا فَلا يَستَطيعونَ سَبيلًا(9)
Бингар, ки чӣ гуна бароят достонҳо меоваранд. Гумроҳ шудаанд ва тавони роҳ ёфтанашон нест!(9)
تَبارَكَ الَّذى إِن شاءَ جَعَلَ لَكَ خَيرًا مِن ذٰلِكَ جَنّٰتٍ تَجرى مِن تَحتِهَا الأَنهٰرُ وَيَجعَل لَكَ قُصورًا(10)
Бузургу бузургвор аст он кас, ки агар хоҳад, беҳтар аз он ба ту медиҳад — боғҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорӣ бошад ва бароят қасрҳо биофаринад.(10)
بَل كَذَّبوا بِالسّاعَةِ ۖ وَأَعتَدنا لِمَن كَذَّبَ بِالسّاعَةِ سَعيرًا(11)
Балки инҳо қиёматро дурӯғ ҳисобанд. Ва Мо барои каноне, ки қиёматро дурӯғ ҳисобанд, оташи сӯзон омода кардаем,(11)
إِذا رَأَتهُم مِن مَكانٍ بَعيدٍ سَمِعوا لَها تَغَيُّظًا وَزَفيرًا(12)
ки чун аз роҳи дур бубинадашон, ҷӯшишу хурӯшашро бишнаванд.(12)
وَإِذا أُلقوا مِنها مَكانًا ضَيِّقًا مُقَرَّنينَ دَعَوا هُنالِكَ ثُبورًا(13)
Ва чун дастҳо бар гардан баста дар тангие аз он афтанд, ба дуъо марги худ мехоҳанд.(13)
لا تَدعُوا اليَومَ ثُبورًا وٰحِدًا وَادعوا ثُبورًا كَثيرًا(14)
Имрӯз на як бор марги худ хоҳед, марги худ фаровон хоҳед!(14)
قُل أَذٰلِكَ خَيرٌ أَم جَنَّةُ الخُلدِ الَّتى وُعِدَ المُتَّقونَ ۚ كانَت لَهُم جَزاءً وَمَصيرًا(15)
Бигӯ: «Оё ин беҳтар аст ё он биҳишти ҷовидон, ки ба парҳезгорон ваъда шудааст, ки мукофоту саранҷоми онон хоҳад буд?»(15)
لَهُم فيها ما يَشاءونَ خٰلِدينَ ۚ كانَ عَلىٰ رَبِّكَ وَعدًا مَسـٔولًا(16)
То абад ҳар чӣ бихоҳанд, дар он ҷо ҳаст. Ваъдаест, ки анҷом додани он аз Парвардигорат хоста шудааст.(16)
وَيَومَ يَحشُرُهُم وَما يَعبُدونَ مِن دونِ اللَّهِ فَيَقولُ ءَأَنتُم أَضلَلتُم عِبادى هٰؤُلاءِ أَم هُم ضَلُّوا السَّبيلَ(17)
Рӯзе, ки ононро бо чизҳое, ки ғайри Худои якто мепарастиданд, ба машҳар ҷамъ овард ва сипас пурсад: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ мекардед, ё онҳо худ роҳро гум карда буданд?»(17)
قالوا سُبحٰنَكَ ما كانَ يَنبَغى لَنا أَن نَتَّخِذَ مِن دونِكَ مِن أَولِياءَ وَلٰكِن مَتَّعتَهُم وَءاباءَهُم حَتّىٰ نَسُوا الذِّكرَ وَكانوا قَومًا بورًا(18)
Гӯянд: «Покӣ Ту! Моро сазовор набудааст, ки ҷуз ту касеро ба ёрӣ гирем. Ту худ онҳо ва падаронашонро бархурдор сохтӣ, чунон ки ёди Туро фаромӯш карданд ва мардуме шуданд ба ҳалокат афтода.(18)
فَقَد كَذَّبوكُم بِما تَقولونَ فَما تَستَطيعونَ صَرفًا وَلا نَصرًا ۚ وَمَن يَظلِم مِنكُم نُذِقهُ عَذابًا كَبيرًا(19)
Инҳо он чиро мегуфтед, дурӯғ хонданд ва акнун натавонед азоберо аз худ дур созед ё худро ёрӣ диҳед. Ва ҳар кас аз шумо, ки ситам кунад, азобе бузургаш мечашонем.(19)
وَما أَرسَلنا قَبلَكَ مِنَ المُرسَلينَ إِلّا إِنَّهُم لَيَأكُلونَ الطَّعامَ وَيَمشونَ فِى الأَسواقِ ۗ وَجَعَلنا بَعضَكُم لِبَعضٍ فِتنَةً أَتَصبِرونَ ۗ وَكانَ رَبُّكَ بَصيرًا(20)
Пеш аз ту паёмбароне фиристодаем, ки таъом мехӯрданд ва дар бозорҳо роҳ мерафтанд. Ва шуморо василаи озмоиши якдигар қарор додем. Оё сабр тавонед кард? Ва Парвардигори ту биност.(20)
۞ وَقالَ الَّذينَ لا يَرجونَ لِقاءَنا لَولا أُنزِلَ عَلَينَا المَلٰئِكَةُ أَو نَرىٰ رَبَّنا ۗ لَقَدِ استَكبَروا فى أَنفُسِهِم وَعَتَو عُتُوًّا كَبيرًا(21)
Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо намефароянд? Ё чаро Парвардигори худро намебинем?» Ба ростӣ, ки худро бузург шумурданд ва саркашӣ карданд, саркашие бузург.(21)
يَومَ يَرَونَ المَلٰئِكَةَ لا بُشرىٰ يَومَئِذٍ لِلمُجرِمينَ وَيَقولونَ حِجرًا مَحجورًا(22)
Рӯзе, ки фариштагонро бубинанд, дар он рӯз гунаҳкоронро ҳеҷ хушхабаре надиҳанд ва ба инҳо гӯянд: «Хушхабар бар шумо ҳаром аст!»(22)
وَقَدِمنا إِلىٰ ما عَمِلوا مِن عَمَلٍ فَجَعَلنٰهُ هَباءً مَنثورًا(23)
З Ва ба аъмоле, ки кардаанд, қасд кунем ва ҳамаро чун зарроти хок барбод диҳем.(23)
أَصحٰبُ الجَنَّةِ يَومَئِذٍ خَيرٌ مُستَقَرًّا وَأَحسَنُ مَقيلًا(24)
Аҳли биҳишт дар ин рӯз дар беҳтарин ҷойгоҳ ва беҳтарин макон барои оромиш ҳастанд,(24)
وَيَومَ تَشَقَّقُ السَّماءُ بِالغَمٰمِ وَنُزِّلَ المَلٰئِكَةُ تَنزيلًا(25)
Рӯзе, ки осмон бо абрҳо мешикофад ва фариштагон бар замин поён фиристода шаванд,(25)
المُلكُ يَومَئِذٍ الحَقُّ لِلرَّحمٰنِ ۚ وَكانَ يَومًا عَلَى الكٰفِرينَ عَسيرًا(26)
фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Худои раҳмон аст. Ва барои кофирон рӯзе душвор хоҳад буд.(26)
وَيَومَ يَعَضُّ الظّالِمُ عَلىٰ يَدَيهِ يَقولُ يٰلَيتَنِى اتَّخَذتُ مَعَ الرَّسولِ سَبيلًا(27)
Рӯзе, ки кофир дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки расул дар пеш гирифта буд дар роҳ гирифта будам.(27)
يٰوَيلَتىٰ لَيتَنى لَم أَتَّخِذ فُلانًا خَليلًا(28)
Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам;(28)
لَقَد أَضَلَّنى عَنِ الذِّكرِ بَعدَ إِذ جاءَنى ۗ وَكانَ الشَّيطٰنُ لِلإِنسٰنِ خَذولًا(29)
бо он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, маро аз пайравиаш бозмедошт. Ва ин шайтон ҳамеша одамиро хору танҳо мегузорад.(29)
وَقالَ الرَّسولُ يٰرَبِّ إِنَّ قَومِى اتَّخَذوا هٰذَا القُرءانَ مَهجورًا(30)
Паёмбар гуфт: «Эй Парвардигори ман қавми ман тарки Қуръон гуфтанд!»(30)
وَكَذٰلِكَ جَعَلنا لِكُلِّ نَبِىٍّ عَدُوًّا مِنَ المُجرِمينَ ۗ وَكَفىٰ بِرَبِّكَ هادِيًا وَنَصيرًا(31)
Инчунин ҳар паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист!(31)
وَقالَ الَّذينَ كَفَروا لَولا نُزِّلَ عَلَيهِ القُرءانُ جُملَةً وٰحِدَةً ۚ كَذٰلِكَ لِنُثَبِّتَ بِهِ فُؤادَكَ ۖ وَرَتَّلنٰهُ تَرتيلًا(32)
Кофирон гуфтанд: «Чаро ин Қуръон ба якбора бар ӯ нозил намешавад?» Барои он аст, ки дили туро ба он устуворӣ диҳем ва онро ба оҳистагиву тартиб хонем.(32)
وَلا يَأتونَكَ بِمَثَلٍ إِلّا جِئنٰكَ بِالحَقِّ وَأَحسَنَ تَفسيرًا(33)
Ҳар мисоле барои ту биёваранд, албатта ҷавобашро ба ростӣ ва некӯтарин баён биёварем.(33)
الَّذينَ يُحشَرونَ عَلىٰ وُجوهِهِم إِلىٰ جَهَنَّمَ أُولٰئِكَ شَرٌّ مَكانًا وَأَضَلُّ سَبيلًا(34)
Касонеро, ки аз рӯй мекашанду дар ҷаҳаннам ҷамъ меоваранд, ба ҷойгоҳ бадтару ба роҳ гумгаштатаранд.(34)
وَلَقَد ءاتَينا موسَى الكِتٰبَ وَجَعَلنا مَعَهُ أَخاهُ هٰرونَ وَزيرًا(35)
Ба Мӯсо китоб додем ва бародараш Ҳорунро мададгораш сохтем.(35)
فَقُلنَا اذهَبا إِلَى القَومِ الَّذينَ كَذَّبوا بِـٔايٰتِنا فَدَمَّرنٰهُم تَدميرًا(36)
Ва гуфтем: «Назди мардуме, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд, биравед». Ва он қавмро ба сахтӣ ҳалок кардем.(36)
وَقَومَ نوحٍ لَمّا كَذَّبُوا الرُّسُلَ أَغرَقنٰهُم وَجَعَلنٰهُم لِلنّاسِ ءايَةً ۖ وَأَعتَدنا لِلظّٰلِمينَ عَذابًا أَليمًا(37)
Қавми Нӯҳро, чун паёмбаронро дурӯғ бароварданд, ғарк кардем ва онҳоро барои мардум ибрате сохтем. Ва барои ситамкорон азобе дардовар омода кардаем(37)
وَعادًا وَثَمودَا۟ وَأَصحٰبَ الرَّسِّ وَقُرونًا بَينَ ذٰلِكَ كَثيرًا(38)
ва Одро ва Самудро ва асҳоби Рассро ва наслҳои бисёреро, ки миёни онҳо буданд, ҳалок кардем.(38)
وَكُلًّا ضَرَبنا لَهُ الأَمثٰلَ ۖ وَكُلًّا تَبَّرنا تَتبيرًا(39)
Ва барои ҳама мисолҳое овардем ва ҳамаро несту нобуд сохтем.(39)
وَلَقَد أَتَوا عَلَى القَريَةِ الَّتى أُمطِرَت مَطَرَ السَّوءِ ۚ أَفَلَم يَكونوا يَرَونَها ۚ بَل كانوا لا يَرجونَ نُشورًا(40)
Ва бар деҳае, ки бар он борони азоб борида будем, гузар мекарданд. Оё онро намедиданд? Оре, ба қиёмат умед надоштанд.(40)
وَإِذا رَأَوكَ إِن يَتَّخِذونَكَ إِلّا هُزُوًا أَهٰذَا الَّذى بَعَثَ اللَّهُ رَسولًا(41)
Чун туро диданд, масхараат карданд, ки оё ин аст он паёмбаре, ки Худо бар мо фиристода аст?(41)
إِن كادَ لَيُضِلُّنا عَن ءالِهَتِنا لَولا أَن صَبَرنا عَلَيها ۚ وَسَوفَ يَعلَمونَ حينَ يَرَونَ العَذابَ مَن أَضَلُّ سَبيلًا(42)
Агар бар худоёнамон устувор намеистодем, наздиқ буд, ки моро аз парастишашон гумроҳ кунад. Чун азобро бубинанд, хоҳанд донист чӣ касе гумроҳтар будааст.(42)
أَرَءَيتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلٰهَهُ هَوىٰهُ أَفَأَنتَ تَكونُ عَلَيهِ وَكيلًا(43)
Оё он касро, ки ҳавои нафсро ба худоӣ гирифта буд, дидӣ? Оё ту зомини ӯ ҳастӣ?(43)
أَم تَحسَبُ أَنَّ أَكثَرَهُم يَسمَعونَ أَو يَعقِلونَ ۚ إِن هُم إِلّا كَالأَنعٰمِ ۖ بَل هُم أَضَلُّ سَبيلًا(44)
Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд? Инҳо чун чорпоёне ҳастанд, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд.(44)
أَلَم تَرَ إِلىٰ رَبِّكَ كَيفَ مَدَّ الظِّلَّ وَلَو شاءَ لَجَعَلَهُ ساكِنًا ثُمَّ جَعَلنَا الشَّمسَ عَلَيهِ دَليلًا(45)
Надидаӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро мекашад? Агар мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Он гоҳ офтобро бар ӯ далел гардонидем.(45)
ثُمَّ قَبَضنٰهُ إِلَينا قَبضًا يَسيرًا(46)
Сипас баргиркфтемаш, гирифтане андак-андак.(46)
وَهُوَ الَّذى جَعَلَ لَكُمُ الَّيلَ لِباسًا وَالنَّومَ سُباتًا وَجَعَلَ النَّهارَ نُشورًا(47)
Ӯст, ки шабро пӯшиши шумо кард ва хобро оромишатон ва рӯзро замони бархостанатон.(47)
وَهُوَ الَّذى أَرسَلَ الرِّيٰحَ بُشرًا بَينَ يَدَى رَحمَتِهِ ۚ وَأَنزَلنا مِنَ السَّماءِ ماءً طَهورًا(48)
Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ бодҳоро ба мужда додан фиристод. Ва аз осмон обе пок нозил кардем,(48)
لِنُحۦِىَ بِهِ بَلدَةً مَيتًا وَنُسقِيَهُ مِمّا خَلَقنا أَنعٰمًا وَأَناسِىَّ كَثيرًا(49)
то сарзамини мурдаро ба он ҳаёт бахшем ва чорпоён ва мардуми бисёреро, ки офаридаем, аз он об диҳем.(49)
وَلَقَد صَرَّفنٰهُ بَينَهُم لِيَذَّكَّروا فَأَبىٰ أَكثَرُ النّاسِ إِلّا كُفورًا(50)
Ва то ба тафаккур пардозанд, боронро миёнашон тақсим кардем. Вале бештари мардум носипосӣ карданд!(50)
وَلَو شِئنا لَبَعَثنا فى كُلِّ قَريَةٍ نَذيرًا(51)
Агар мехостем, ба ҳар деҳае бимдиҳандае мефиристодем.(51)
فَلا تُطِعِ الكٰفِرينَ وَجٰهِدهُم بِهِ جِهادًا كَبيرًا(52)
Ба кофирон итоъат макун ва ба ҳукми Худо бо онҳо чиҳод кун, чиҳоде бузург!(52)
۞ وَهُوَ الَّذى مَرَجَ البَحرَينِ هٰذا عَذبٌ فُراتٌ وَهٰذا مِلحٌ أُجاجٌ وَجَعَلَ بَينَهُما بَرزَخًا وَحِجرًا مَحجورًا(53)
Ӯст, ки ду дарё ба ҳам биёмехт — яке ширину гуворо ва дигаре шӯробе сахт газанда. Ва миёни он ду мрнеъае ва садде устувор қарор дод.(53)
وَهُوَ الَّذى خَلَقَ مِنَ الماءِ بَشَرًا فَجَعَلَهُ نَسَبًا وَصِهرًا ۗ وَكانَ رَبُّكَ قَديرًا(54)
Ӯст, ки одамиро аз об биёфарид ва ӯро насабу пайванд сохт ва Парвардигори ту ба ин корҳо тавоност!(54)
وَيَعبُدونَ مِن دونِ اللَّهِ ما لا يَنفَعُهُم وَلا يَضُرُّهُم ۗ وَكانَ الكافِرُ عَلىٰ رَبِّهِ ظَهيرًا(55)
Ғайри Худои якто чизҳоеро мепарастанд, ки ба онҳо на нафъ медиҳад ва на зиён. Ва кофир ҳамеша ёрирасони мухолифони Парвардигори худ. аст.(55)
وَما أَرسَلنٰكَ إِلّا مُبَشِّرًا وَنَذيرًا(56)
Мо туро фиристодем, барои он ки хушхабар диҳӣ ва битарсонӣ.(56)
قُل ما أَسـَٔلُكُم عَلَيهِ مِن أَجرٍ إِلّا مَن شاءَ أَن يَتَّخِذَ إِلىٰ رَبِّهِ سَبيلًا(57)
Бигӯ: «Ман аз шумо ҳеҷ музде наметалабам лекин ҳарки хоҳад, ба суй Парвардигораш роҳе биёбад».(57)
وَتَوَكَّل عَلَى الحَىِّ الَّذى لا يَموتُ وَسَبِّح بِحَمدِهِ ۚ وَكَفىٰ بِهِ بِذُنوبِ عِبادِهِ خَبيرًا(58)
Ва бар Он зиндае, ки намемирад, таваккал кун ва ба ситоиши Ӯ тасбеҳ гӯй ва Ӯ худ барои огоҳӣ аз гуноҳони бандагонаш кофист,(58)
الَّذى خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ وَما بَينَهُما فى سِتَّةِ أَيّامٍ ثُمَّ استَوىٰ عَلَى العَرشِ ۚ الرَّحمٰنُ فَسـَٔل بِهِ خَبيرًا(59)
он, ки осмонҳову замин ва ҳар чиро дар миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид, он гоҳ ба арш пардохт. Ӯст Худои раҳмон ва дар бораи Ӯ аз касе бипурс, ки огоҳ бошад.(59)
وَإِذا قيلَ لَهُمُ اسجُدوا لِلرَّحمٰنِ قالوا وَمَا الرَّحمٰنُ أَنَسجُدُ لِما تَأمُرُنا وَزادَهُم نُفورًا ۩(60)
Ва чун ба онон гуфта шуд, ки Раҳмонро саҷда кунед, гуфтанд: «Раҳмон кист? Оё бар ҳар кас, ки ту фармон медиҳӣ, саҷда кунем?» Ва бар нафраташон афзуда шуд. (Саҷда).(60)
تَبارَكَ الَّذى جَعَلَ فِى السَّماءِ بُروجًا وَجَعَلَ فيها سِرٰجًا وَقَمَرًا مُنيرًا(61)
Бузургу бузургвор аст он касе, ки дар осмон бурҷҳо биёфарид ва дар онҳо чароғеву моҳе тобон падид овард.(61)
وَهُوَ الَّذى جَعَلَ الَّيلَ وَالنَّهارَ خِلفَةً لِمَن أَرادَ أَن يَذَّكَّرَ أَو أَرادَ شُكورًا(62)
Ва Ӯст, ки шабу рӯзро барои касоне, ки мехоҳанд ибрат гиранд, ё шукргузорӣ кунанд, аз паи ҳам қарор дод.(62)
وَعِبادُ الرَّحمٰنِ الَّذينَ يَمشونَ عَلَى الأَرضِ هَونًا وَإِذا خاطَبَهُمُ الجٰهِلونَ قالوا سَلٰمًا(63)
Бандагони Худои раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, ба мулоимӣ сухан гӯянд.(63)
وَالَّذينَ يَبيتونَ لِرَبِّهِم سُجَّدًا وَقِيٰمًا(64)
Ва онон, ки шабро дар саҷда ё дар қиём барои Парвардигорашон рӯз мекунанд.(64)
وَالَّذينَ يَقولونَ رَبَّنَا اصرِف عَنّا عَذابَ جَهَنَّمَ ۖ إِنَّ عَذابَها كانَ غَرامًا(65)
Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, азоби ҷаҳаннамро аз мо бигардон, зеро азоби ҷаҳаннам азобест доим!(65)
إِنَّها ساءَت مُستَقَرًّا وَمُقامًا(66)
"Ҷаҳаннам бад кароргоҳу бад маконест».(66)
وَالَّذينَ إِذا أَنفَقوا لَم يُسرِفوا وَلَم يَقتُروا وَكانَ بَينَ ذٰلِكَ قَوامًا(67)
Ва онон, ки чун нафақа мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намекунанд, балки миёни ин ду роҳи миёнаро мегиранд.(67)
وَالَّذينَ لا يَدعونَ مَعَ اللَّهِ إِلٰهًا ءاخَرَ وَلا يَقتُلونَ النَّفسَ الَّتى حَرَّمَ اللَّهُ إِلّا بِالحَقِّ وَلا يَزنونَ ۚ وَمَن يَفعَل ذٰلِكَ يَلقَ أَثامًا(68)
Ва онон, ки бо Худои якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад.(68)
يُضٰعَف لَهُ العَذابُ يَومَ القِيٰمَةِ وَيَخلُد فيهِ مُهانًا(69)
Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хори дар он азоб хоҳад буд,(69)
إِلّا مَن تابَ وَءامَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صٰلِحًا فَأُولٰئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّـٔاتِهِم حَسَنٰتٍ ۗ وَكانَ اللَّهُ غَفورًا رَحيمًا(70)
ғайри он касон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо мубаддал мекунад ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!(70)
وَمَن تابَ وَعَمِلَ صٰلِحًا فَإِنَّهُ يَتوبُ إِلَى اللَّهِ مَتابًا(71)
Ва ҳар кӣ тавба кунад ва кори шоиста кунад, ба шоистагӣ назди Худо бозгардад.(71)
وَالَّذينَ لا يَشهَدونَ الزّورَ وَإِذا مَرّوا بِاللَّغوِ مَرّوا كِرامًا(72)
Ва онон, ки ба дурӯғ шоҳидӣ намедиҳанд ва чун бар нописандӣ бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд.(72)
وَالَّذينَ إِذا ذُكِّروا بِـٔايٰتِ رَبِّهِم لَم يَخِرّوا عَلَيها صُمًّا وَعُميانًا(73)
Ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд.(73)
وَالَّذينَ يَقولونَ رَبَّنا هَب لَنا مِن أَزوٰجِنا وَذُرِّيّٰتِنا قُرَّةَ أَعيُنٍ وَاجعَلنا لِلمُتَّقينَ إِمامًا(74)
Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвон! парҳезгорон гардон!»(74)
أُولٰئِكَ يُجزَونَ الغُرفَةَ بِما صَبَروا وَيُلَقَّونَ فيها تَحِيَّةً وَسَلٰمًا(75)
Инҳо ҳамон касонанд, ки ба хотири сабре, ки таҳаммул кардаанд, ғурфаҳои биҳиштро музд ёбанд ва дар он ҷо ба дуруду саломашон бинавозанд.(75)
خٰلِدينَ فيها ۚ حَسُنَت مُستَقَرًّا وَمُقامًا(76)
Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест!(76)
قُل ما يَعبَؤُا۟ بِكُم رَبّى لَولا دُعاؤُكُم ۖ فَقَد كَذَّبتُم فَسَوفَ يَكونُ لِزامًا(77)
Бигӯ: «Агар дуъо (ву илтиҷо)-и шумо намебуд, Парвардигори ман ба шумо қадрдоние намекард. Дар ҳақиқат шумо дурӯғ кардаед ва ҷазоатон ҳамроҳатон хоҳад буд».(77)