Al-Balad( البلد)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ لا أُقسِمُ بِهٰذَا البَلَدِ(1)
Қасам ба ин шаҳр! (Макка)(1)
وَأَنتَ حِلٌّ بِهٰذَا البَلَدِ(2)
Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд.(2)
وَوالِدٍ وَما وَلَدَ(3)
Ва қасам ба падару фарзандони ӯ,(3)
لَقَد خَلَقنَا الإِنسٰنَ فى كَبَدٍ(4)
ки одамиро, дар ранҷу меҳнат биёфаридаем.(4)
أَيَحسَبُ أَن لَن يَقدِرَ عَلَيهِ أَحَدٌ(5)
Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад?(5)
يَقولُ أَهلَكتُ مالًا لُبَدًا(6)
Мегӯяд: «Моле фаровонро харҷ кардам!»(6)
أَيَحسَبُ أَن لَم يَرَهُ أَحَدٌ(7)
Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст?(7)
أَلَم نَجعَل لَهُ عَينَينِ(8)
Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем?(8)
وَلِسانًا وَشَفَتَينِ(9)
Ва як забону ду лаб?(9)
وَهَدَينٰهُ النَّجدَينِ(10)
Ва ду роҳ ба ӯ далолат накардем?(10)
فَلَا اقتَحَمَ العَقَبَةَ(11)
Ва ӯ дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод.(11)
وَما أَدرىٰكَ مَا العَقَبَةُ(12)
Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист?(12)
فَكُّ رَقَبَةٍ(13)
Озод кардани банда аст,(13)
أَو إِطعٰمٌ فى يَومٍ ذى مَسغَبَةٍ(14)
ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ,(14)
يَتيمًا ذا مَقرَبَةٍ(15)
хоса ба ятиме, ки хешованд бошад,(15)
أَو مِسكينًا ذا مَترَبَةٍ(16)
ё ба мискине хокнишин (мӯҳтоҷ).(16)
ثُمَّ كانَ مِنَ الَّذينَ ءامَنوا وَتَواصَوا بِالصَّبرِ وَتَواصَوا بِالمَرحَمَةِ(17)
Баъд, аз он аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр васият кардаанду ба шафқат.(17)
أُولٰئِكَ أَصحٰبُ المَيمَنَةِ(18)
Инҳо аҳли саъодатанд.(18)
وَالَّذينَ كَفَروا بِـٔايٰتِنا هُم أَصحٰبُ المَشـَٔمَةِ(19)
Ва касоне, ки ба оёти Мо кофиранд, аҳли шақоватанд (бадбахтиянд).(19)
عَلَيهِم نارٌ مُؤصَدَةٌ(20)
Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст.(20)