Al-Alaq( العلق)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ اقرَأ بِاسمِ رَبِّكَ الَّذى خَلَقَ(1)
Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид,(1)
خَلَقَ الإِنسٰنَ مِن عَلَقٍ(2)
одамиро аз лахтаи хуне биёфарид.(2)
اقرَأ وَرَبُّكَ الأَكرَمُ(3)
Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.(3)
الَّذى عَلَّمَ بِالقَلَمِ(4)
Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод,(4)
عَلَّمَ الإِنسٰنَ ما لَم يَعلَم(5)
ба одами он чиро, ки намедонист, биёмухт.(5)
كَلّا إِنَّ الإِنسٰنَ لَيَطغىٰ(6)
Ҳаққо, ки одами аз ҳад мегузарад,(6)
أَن رَءاهُ استَغنىٰ(7)
ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.(7)
إِنَّ إِلىٰ رَبِّكَ الرُّجعىٰ(8)
Албатта бозгашт ба сӯи Парвардигори туст.(8)
أَرَءَيتَ الَّذى يَنهىٰ(9)
Оё дидӣ он касро, ки, манъ мекунад,(9)
عَبدًا إِذا صَلّىٰ(10)
бандаеро, ки намоз мехонад?(10)
أَرَءَيتَ إِن كانَ عَلَى الهُدىٰ(11)
Канӣ бигӯ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад?(11)
أَو أَمَرَ بِالتَّقوىٰ(12)
Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад?(12)
أَرَءَيتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلّىٰ(13)
Канӣ бигӯ, агар дурӯғ барорад ва рӯйгардон шавад?(13)
أَلَم يَعلَم بِأَنَّ اللَّهَ يَرىٰ(14)
Оё надонистааст, ки Худо мебинад?(14)
كَلّا لَئِن لَم يَنتَهِ لَنَسفَعًا بِالنّاصِيَةِ(15)
Ҳаққо, ки агар бознаистад, аз мӯи пеши сараш мегирему мекашем,(15)
ناصِيَةٍ كٰذِبَةٍ خاطِئَةٍ(16)
мӯи пеши сари дурӯғгӯи хатокорро.(16)
فَليَدعُ نادِيَهُ(17)
Пас ҳамдамони худро даъват кунад.(17)
سَنَدعُ الزَّبانِيَةَ(18)
Мо низ коргузоронидӯзахро даъват мекунем!(18)
كَلّا لا تُطِعهُ وَاسجُد وَاقتَرِب ۩(19)
На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав! (Саҷда).(19)