Al-Ahqaf( الأحقاف)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ حم(1)
Ҳо, мим.(1)
تَنزيلُ الكِتٰبِ مِنَ اللَّهِ العَزيزِ الحَكيمِ(2)
Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои ғолибу ҳаким аст.(2)
ما خَلَقنَا السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ وَما بَينَهُما إِلّا بِالحَقِّ وَأَجَلٍ مُسَمًّى ۚ وَالَّذينَ كَفَروا عَمّا أُنذِروا مُعرِضونَ(3)
Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он дӯст, ба ҳак, ва то муддате муъайян офаридаем. Ва кофирон аз он чӣ онҳоро метарсонанд, рӯй мегардонанд.(3)
قُل أَرَءَيتُم ما تَدعونَ مِن دونِ اللَّهِ أَرونى ماذا خَلَقوا مِنَ الأَرضِ أَم لَهُم شِركٌ فِى السَّمٰوٰتِ ۖ ائتونى بِكِتٰبٍ مِن قَبلِ هٰذا أَو أَثٰرَةٍ مِن عِلمٍ إِن كُنتُم صٰدِقينَ(4)
Бигӯ: «Аз онҳое, ки ғайри Оллоҳ ба худоӣ мехонед, хабар диҳед. Ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо ширкатдоштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред!(4)
وَمَن أَضَلُّ مِمَّن يَدعوا مِن دونِ اللَّهِ مَن لا يَستَجيبُ لَهُ إِلىٰ يَومِ القِيٰمَةِ وَهُم عَن دُعائِهِم غٰفِلونَ(5)
Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷои Оллоҳ чизеро ба худои мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, ва бутон аз дуъои бутпарастон бехабаранд.(5)
وَإِذا حُشِرَ النّاسُ كانوا لَهُم أَعداءً وَكانوا بِعِبادَتِهِم كٰفِرينَ(6)
Ва чун дар қиёмат мардумро ҷамъ оранд, бутон бо парастандагони худ душман бошанд ва аз ибодаташон мункиранд.(6)
وَإِذا تُتلىٰ عَلَيهِم ءايٰتُنا بَيِّنٰتٍ قالَ الَّذينَ كَفَروا لِلحَقِّ لَمّا جاءَهُم هٰذا سِحرٌ مُبينٌ(7)
Чун оёти Мо ба равшанӣ ба онон хонда шавад, кофирон ҳақиқатеро, ки барояшон нозил шудааст, гӯянд: «Ҷодуии ошкор аст».(7)
أَم يَقولونَ افتَرىٰهُ ۖ قُل إِنِ افتَرَيتُهُ فَلا تَملِكونَ لى مِنَ اللَّهِ شَيـًٔا ۖ هُوَ أَعلَمُ بِما تُفيضونَ فيهِ ۖ كَفىٰ بِهِ شَهيدًا بَينى وَبَينَكُم ۖ وَهُوَ الغَفورُ الرَّحيمُ(8)
Ё мегӯянд: «Ин китоб дурӯғест, ки худ бофтааст!» Бигӯ: «Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Худоро аз ман боздоред. Худо аз он таънаҳо, ки ба он мезанед, огоҳтар аст. Ва шоҳидии Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст бахшояндаву меҳрубон!»(8)
قُل ما كُنتُ بِدعًا مِنَ الرُّسُلِ وَما أَدرى ما يُفعَلُ بى وَلا بِكُم ۖ إِن أَتَّبِعُ إِلّا ما يوحىٰ إِلَىَّ وَما أَنا۠ إِلّا نَذيرٌ مُبينٌ(9)
Бигӯ: «Ман аз миёни дигар паёмбарон навомада (аввалин) нестам ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо чӣ хоҳад шуд. Ман ба чизе ғайри он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравӣ намекунам ва ман фақат бимдиҳандае ошкор ҳастам».(9)
قُل أَرَءَيتُم إِن كانَ مِن عِندِ اللَّهِ وَكَفَرتُم بِهِ وَشَهِدَ شاهِدٌ مِن بَنى إِسرٰءيلَ عَلىٰ مِثلِهِ فَـٔامَنَ وَاستَكبَرتُم ۖ إِنَّ اللَّهَ لا يَهدِى القَومَ الظّٰلِمينَ(10)
Бигӯ: «Чӣ мекунед, агар Қуръон аз ҷониби Худо бошад ва шумо ба он имон наёваред? Яке аз банӣ-Исроил ба он шоҳидӣ дод ва имон овард. Вале шумо гарданкашӣ мекунед. Худо мардуми ситамкорро ҳидоят намекунад!»(10)
وَقالَ الَّذينَ كَفَروا لِلَّذينَ ءامَنوا لَو كانَ خَيرًا ما سَبَقونا إِلَيهِ ۚ وَإِذ لَم يَهتَدوا بِهِ فَسَيَقولونَ هٰذا إِفكٌ قَديمٌ(11)
Кофирон мӯъминонро гуфтанд: «Агар дар он хайре мебуд, инҳо аз мо пештар қабул намекарданд». Ва чун ба он роҳ наёфтанд, хоҳанд гуфт, ки ин дурӯғе дерина аст.(11)
وَمِن قَبلِهِ كِتٰبُ موسىٰ إِمامًا وَرَحمَةً ۚ وَهٰذا كِتٰبٌ مُصَدِّقٌ لِسانًا عَرَبِيًّا لِيُنذِرَ الَّذينَ ظَلَموا وَبُشرىٰ لِلمُحسِنينَ(12)
Ва пеш аз он китоби Мӯсо роҳнамову раҳмат буд. Ва ин китобест тасдиқкунандаи он ба забони арабӣ то ситамкоронро биме ва некӯкоронро хушхабаре бошад.(12)
إِنَّ الَّذينَ قالوا رَبُّنَا اللَّهُ ثُمَّ استَقٰموا فَلا خَوفٌ عَلَيهِم وَلا هُم يَحزَنونَ(13)
Албатта онон, ки гуфтанд, ки Парвардигори мо Оллоҳ аст, ва сипас пойдорӣ карданд, биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд.(13)
أُولٰئِكَ أَصحٰبُ الجَنَّةِ خٰلِدينَ فيها جَزاءً بِما كانوا يَعمَلونَ(14)
Инҳо ба мукофоти амалҳояшон аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонаанд.(14)
وَوَصَّينَا الإِنسٰنَ بِوٰلِدَيهِ إِحسٰنًا ۖ حَمَلَتهُ أُمُّهُ كُرهًا وَوَضَعَتهُ كُرهًا ۖ وَحَملُهُ وَفِصٰلُهُ ثَلٰثونَ شَهرًا ۚ حَتّىٰ إِذا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَبَلَغَ أَربَعينَ سَنَةً قالَ رَبِّ أَوزِعنى أَن أَشكُرَ نِعمَتَكَ الَّتى أَنعَمتَ عَلَىَّ وَعَلىٰ وٰلِدَىَّ وَأَن أَعمَلَ صٰلِحًا تَرضىٰهُ وَأَصلِح لى فى ذُرِّيَّتى ۖ إِنّى تُبتُ إِلَيكَ وَإِنّى مِنَ المُسلِمينَ(15)
Одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ супориш кардем. Модараш бори ӯро ба душворӣ бардошт ва ба душворӣ бар замин ниҳод. Ва муддати ҳамл то аз шир бозгирифтанаш сӣ моҳ аст то чун ба синни ҷавонӣ расад ва ба чиҳилсолагӣ дарояд, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман биёмӯз то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам ато кардаӣ, ба он ҷой орам. Коре шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ кун. Ман ба Ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам».(15)
أُولٰئِكَ الَّذينَ نَتَقَبَّلُ عَنهُم أَحسَنَ ما عَمِلوا وَنَتَجاوَزُ عَن سَيِّـٔاتِهِم فى أَصحٰبِ الجَنَّةِ ۖ وَعدَ الصِّدقِ الَّذى كانوا يوعَدونَ(16)
Инҳо касоне ҳастанд, ки корҳои некашонро мепазирем ва аз гуноҳашон дармегузарем. Дар зумраи аҳли биҳиштанд. Ҳар ваъдае, ки ба онҳо дода шуда, рост аст.(16)
وَالَّذى قالَ لِوٰلِدَيهِ أُفٍّ لَكُما أَتَعِدانِنى أَن أُخرَجَ وَقَد خَلَتِ القُرونُ مِن قَبلى وَهُما يَستَغيثانِ اللَّهَ وَيلَكَ ءامِن إِنَّ وَعدَ اللَّهِ حَقٌّ فَيَقولُ ما هٰذا إِلّا أَسٰطيرُ الأَوَّلينَ(17)
Ва он ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам бархезонанд ва ҳол он ки мардуме пеш аз ман будаанд, ки барнахостаанд? Ва он ду ба даргоҳи Худо истиғоса (додхоҳӣ) мекунанд ва, гӯянд: «Вой бар ту, имон биёвар, ки ваъдаи Худо ҳақ аст!» Мегӯяд: «Инҳо чизе ҷуз ҳамон афсонаи пешиниён нест!»(17)
أُولٰئِكَ الَّذينَ حَقَّ عَلَيهِمُ القَولُ فى أُمَمٍ قَد خَلَت مِن قَبلِهِم مِنَ الجِنِّ وَالإِنسِ ۖ إِنَّهُم كانوا خٰسِرينَ(18)
Дар бораи инҳо ҳамон сухан, ки дар бораи умматҳои пешин аз ҷинну инс гуфта шуда буд, ба ҳақиқат мепайвандад. Инҳо зиёнкунандагонанд.(18)
وَلِكُلٍّ دَرَجٰتٌ مِمّا عَمِلوا ۖ وَلِيُوَفِّيَهُم أَعمٰلَهُم وَهُم لا يُظلَمونَ(19)
Ва ҳар якро нисбат ба коре, ки кардааст, дараҷаҳост, то Худо ҷазои корҳояшонро ба тамомӣ бидиҳад ва ба он он ситам намешавад.(19)
وَيَومَ يُعرَضُ الَّذينَ كَفَروا عَلَى النّارِ أَذهَبتُم طَيِّبٰتِكُم فى حَياتِكُمُ الدُّنيا وَاستَمتَعتُم بِها فَاليَومَ تُجزَونَ عَذابَ الهونِ بِما كُنتُم تَستَكبِرونَ فِى الأَرضِ بِغَيرِ الحَقِّ وَبِما كُنتُم تَفسُقونَ(20)
Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ арза кунанд: дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед, имрӯз ба азоби хори ҷазоятон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе такаббурӣ мекардед ва бадкорӣ пеш гирифта будед,(20)
۞ وَاذكُر أَخا عادٍ إِذ أَنذَرَ قَومَهُ بِالأَحقافِ وَقَد خَلَتِ النُّذُرُ مِن بَينِ يَدَيهِ وَمِن خَلفِهِ أَلّا تَعبُدوا إِلَّا اللَّهَ إِنّى أَخافُ عَلَيكُم عَذابَ يَومٍ عَظيمٍ(21)
Бародари қавми Одро ба ёд биёвар, ки чун қавми худро дар Аҳқоф бим дод — ва пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, — ки ғайри Худои якторо напарастед, ки ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо метарсам.(21)
قالوا أَجِئتَنا لِتَأفِكَنا عَن ءالِهَتِنا فَأتِنا بِما تَعِدُنا إِن كُنتَ مِنَ الصّٰدِقينَ(22)
Гуфтанд: «Оё омадаӣ, то моро аз худоёнамон рӯйгардон созӣ? Агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда додаӣ, биёвар».(22)
قالَ إِنَّمَا العِلمُ عِندَ اللَّهِ وَأُبَلِّغُكُم ما أُرسِلتُ بِهِ وَلٰكِنّى أَرىٰكُم قَومًا تَجهَلونَ(23)
Гуфт: «Инро Худо медонад ва ман он чиро ба он фиристода шудаам, ба шумо мерасонам. Вале мебинам, ки мардуме нодон ҳастед».(23)
فَلَمّا رَأَوهُ عارِضًا مُستَقبِلَ أَودِيَتِهِم قالوا هٰذا عارِضٌ مُمطِرُنا ۚ بَل هُوَ مَا استَعجَلتُم بِهِ ۖ ريحٌ فيها عَذابٌ أَليمٌ(24)
Чун абре диданд, ки аз ҷониби рӯдхонаҳошон меояд, гуфтанд: «Ин абре боронзост». На ин ҳамон чизест, ки онро ба шитоб металабидед. Бод аст ва дар он бод азобе дардовар,(24)
تُدَمِّرُ كُلَّ شَيءٍ بِأَمرِ رَبِّها فَأَصبَحوا لا يُرىٰ إِلّا مَسٰكِنُهُم ۚ كَذٰلِكَ نَجزِى القَومَ المُجرِمينَ(25)
ба фармони Парвардигораш ҳама чизро ҳалок мекунад. Чунон шуданд, ки акнун фақат хонаҳояшонро бинӣ. Ва Мо муҷримонро (гунаҳгоронро) ин тавр ҷазо медиҳем.(25)
وَلَقَد مَكَّنّٰهُم فيما إِن مَكَّنّٰكُم فيهِ وَجَعَلنا لَهُم سَمعًا وَأَبصٰرًا وَأَفـِٔدَةً فَما أَغنىٰ عَنهُم سَمعُهُم وَلا أَبصٰرُهُم وَلا أَفـِٔدَتُهُم مِن شَيءٍ إِذ كانوا يَجحَدونَ بِـٔايٰتِ اللَّهِ وَحاقَ بِهِم ما كانوا بِهِ يَستَهزِءونَ(26)
Ва онҳо чунон тавону қудрат дода будем, ки ба шумо надидаем. Барояшон гӯшу чашму дил қарор додем. Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ фоида накард, зеро оёти Худоро инкор мекарданд, то он азобе, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фурӯ шрифт.(26)
وَلَقَد أَهلَكنا ما حَولَكُم مِنَ القُرىٰ وَصَرَّفنَا الءايٰتِ لَعَلَّهُم يَرجِعونَ(27)
Мо ҳамаи қарияҳоеро (деҳаҳоеро), ки атрофи шумо будаанд, ҳалок кардаем ва оётро гуногун баён кардем, шояд, ки бозгарданд.(27)
فَلَولا نَصَرَهُمُ الَّذينَ اتَّخَذوا مِن دونِ اللَّهِ قُربانًا ءالِهَةً ۖ بَل ضَلّوا عَنهُم ۚ وَذٰلِكَ إِفكُهُم وَما كانوا يَفتَرونَ(28)
Пас чаро он худоёне, ки ғайри Оллоҳ барои наздикӣ ба худоӣ гирифта буданд, ёрияшон накарданд, балки аз назарашон гум шуданд? Ия аст дурӯғу бофтаҳояшон!(28)
وَإِذ صَرَفنا إِلَيكَ نَفَرًا مِنَ الجِنِّ يَستَمِعونَ القُرءانَ فَلَمّا حَضَروهُ قالوا أَنصِتوا ۖ فَلَمّا قُضِىَ وَلَّوا إِلىٰ قَومِهِم مُنذِرينَ(29)
Ва гурӯҳе аз ҷинро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба ҳазраташ (наздаш) расиданд, гуфтанд: «Гӯш андозед! Чун ба поён омад, монанди бимдиҳандагоне назди қавми худ бозгаштанд,(29)
قالوا يٰقَومَنا إِنّا سَمِعنا كِتٰبًا أُنزِلَ مِن بَعدِ موسىٰ مُصَدِّقًا لِما بَينَ يَدَيهِ يَهدى إِلَى الحَقِّ وَإِلىٰ طَريقٍ مُستَقيمٍ(30)
Гуфтанд: «Эй қавми мо, мо китобе шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд,(30)
يٰقَومَنا أَجيبوا داعِىَ اللَّهِ وَءامِنوا بِهِ يَغفِر لَكُم مِن ذُنوبِكُم وَيُجِركُم مِن عَذابٍ أَليمٍ(31)
Эй қавми мо, ин даъваткунанда ба Худоро қабул кунед ва ба ӯ имон биёваред, то Худо гуноҳонатонро бибахшояд ва шуморо аз азобе дардовар дар амон дорад.(31)
وَمَن لا يُجِب داعِىَ اللَّهِ فَلَيسَ بِمُعجِزٍ فِى الأَرضِ وَلَيسَ لَهُ مِن دونِهِ أَولِياءُ ۚ أُولٰئِكَ فى ضَلٰلٍ مُبينٍ(32)
Ва ҳар касе, ки ба ин даъваткунанда ҷавоб нагӯяд, наметавонад, дар рӯи замин аз Худо бигурезад ва ӯро ғайри Худо ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!»(32)
أَوَلَم يَرَوا أَنَّ اللَّهَ الَّذى خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالأَرضَ وَلَم يَعىَ بِخَلقِهِنَّ بِقٰدِرٍ عَلىٰ أَن يُحۦِىَ المَوتىٰ ۚ بَلىٰ إِنَّهُ عَلىٰ كُلِّ شَيءٍ قَديرٌ(33)
Оё намебинанд, ки Худо яктост, он ки осмонҳову заминро биёфарид ва дар офаридани онҳо дарнамонд. Ӯ метавонад мурдагонро зинда кунад. Бале, Ӯ бар ҳар коре тавоност!(33)
وَيَومَ يُعرَضُ الَّذينَ كَفَروا عَلَى النّارِ أَلَيسَ هٰذا بِالحَقِّ ۖ قالوا بَلىٰ وَرَبِّنا ۚ قالَ فَذوقُوا العَذابَ بِما كُنتُم تَكفُرونَ(34)
Рӯзе, ки кофирон ба оташ арза шаванд... Оё ин ҳақиқат нест? Гӯянд: «Бале, ба Парвардигорамон савганд!» Гӯяд: «Ба хотири он ки кофир будед, инак азобро бичашед!»(34)
فَاصبِر كَما صَبَرَ أُولُوا العَزمِ مِنَ الرُّسُلِ وَلا تَستَعجِل لَهُم ۚ كَأَنَّهُم يَومَ يَرَونَ ما يوعَدونَ لَم يَلبَثوا إِلّا ساعَةً مِن نَهارٍ ۚ بَلٰغٌ ۚ فَهَل يُهلَكُ إِلَّا القَومُ الفٰسِقونَ(35)
Пас пойдорӣ кун, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм (боазм) пойдорӣ карда буданд, Ва дар уқубаташон шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шуда, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз ба қадри соъате аз рӯз дар гӯр намонда буданд. Ин расонидани пайғом аст. Оё ҷуз нофармонон ба ҳалокат мерасанд?(35)