Al-A'la( الأعلى)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ سَبِّحِ اسمَ رَبِّكَ الأَعلَى(1)
Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун,(1)
الَّذى خَلَقَ فَسَوّىٰ(2)
он ки офарид ва дурустандом кард,(2)
وَالَّذى قَدَّرَ فَهَدىٰ(3)
Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд.(3)
وَالَّذى أَخرَجَ المَرعىٰ(4)
Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид,(4)
فَجَعَلَهُ غُثاءً أَحوىٰ(5)
сипас хушку сиёҳ гардонид.(5)
سَنُقرِئُكَ فَلا تَنسىٰ(6)
Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ.(6)
إِلّا ما شاءَ اللَّهُ ۚ إِنَّهُ يَعلَمُ الجَهرَ وَما يَخفىٰ(7)
ғайри он чи Худо бихоҳад. Ӯст, ки ошкорову ниҳонро медонад.(7)
وَنُيَسِّرُكَ لِليُسرىٰ(8)
Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем.(8)
فَذَكِّر إِن نَفَعَتِ الذِّكرىٰ(9)
Агар панд, доданат суд кунад, панд деҳ.(9)
سَيَذَّكَّرُ مَن يَخشىٰ(10)
Он ки метарсад, панд мегирад.(10)
وَيَتَجَنَّبُهَا الأَشقَى(11)
Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад,(11)
الَّذى يَصلَى النّارَ الكُبرىٰ(12)
он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад(12)
ثُمَّ لا يَموتُ فيها وَلا يَحيىٰ(13)
ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад.(13)
قَد أَفلَحَ مَن تَزَكّىٰ(14)
Албатта покон наҷот ёфтанд,(14)
وَذَكَرَ اسمَ رَبِّهِ فَصَلّىٰ(15)
онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд.(15)
بَل تُؤثِرونَ الحَيوٰةَ الدُّنيا(16)
Оре, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед,(16)
وَالءاخِرَةُ خَيرٌ وَأَبقىٰ(17)
ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.(17)
إِنَّ هٰذا لَفِى الصُّحُفِ الأولىٰ(18)
Ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст,(18)
صُحُفِ إِبرٰهيمَ وَموسىٰ(19)
саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо!(19)