Abasa( عبس)
Original,King Fahad Quran Complex(الأصلي,مجمع الملك فهد القرآن)
show/hide
AbdolMohammad Ayati(Оятӣ)
show/hide
بِسمِ اللَّهِ الرَّحمٰنِ الرَّحيمِ عَبَسَ وَتَوَلّىٰ(1)
Рӯйро турш кард ва сар баргардонид,(1)
أَن جاءَهُ الأَعمىٰ(2)
чун он нобино ба наздаш омад,(2)
وَما يُدريكَ لَعَلَّهُ يَزَّكّىٰ(3)
Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад,(3)
أَو يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ الذِّكرىٰ(4)
ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.(4)
أَمّا مَنِ استَغنىٰ(5)
Аммо он ки ӯ тавонгар аст,(5)
فَأَنتَ لَهُ تَصَدّىٰ(6)
ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ(6)
وَما عَلَيكَ أَلّا يَزَّكّىٰ(7)
ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.(7)
وَأَمّا مَن جاءَكَ يَسعىٰ(8)
Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд(8)
وَهُوَ يَخشىٰ(9)
ва метарсад, (аз худо).(9)
فَأَنتَ عَنهُ تَلَهّىٰ(10)
ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ.(10)
كَلّا إِنَّها تَذكِرَةٌ(11)
Оре, ин Қуръон пандест,(11)
فَمَن شاءَ ذَكَرَهُ(12)
пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.(12)
فى صُحُفٍ مُكَرَّمَةٍ(13)
Дар саҳифаҳое гиромӣ.(13)
مَرفوعَةٍ مُطَهَّرَةٍ(14)
баландқадру покиза,(14)
بِأَيدى سَفَرَةٍ(15)
ба дасти котибоне,(15)
كِرامٍ بَرَرَةٍ(16)
бузургвору некӯкор.(16)
قُتِلَ الإِنسٰنُ ما أَكفَرَهُ(17)
Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст!(17)
مِن أَىِّ شَيءٍ خَلَقَهُ(18)
Ӯро аз чӣ офаридааст?(18)
مِن نُطفَةٍ خَلَقَهُ فَقَدَّرَهُ(19)
Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард,(19)
ثُمَّ السَّبيلَ يَسَّرَهُ(20)
сипас роҳашро осон сохт.(20)
ثُمَّ أَماتَهُ فَأَقبَرَهُ(21)
Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард.(21)
ثُمَّ إِذا شاءَ أَنشَرَهُ(22)
Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад.(22)
كَلّا لَمّا يَقضِ ما أَمَرَهُ(23)
На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст.(23)
فَليَنظُرِ الإِنسٰنُ إِلىٰ طَعامِهِ(24)
Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад(24)
أَنّا صَبَبنَا الماءَ صَبًّا(25)
Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ(25)
ثُمَّ شَقَقنَا الأَرضَ شَقًّا(26)
ва заминро шикофтем, шикофтанӣ(26)
فَأَنبَتنا فيها حَبًّا(27)
ва дар он донаҳо рӯёнидем(27)
وَعِنَبًا وَقَضبًا(28)
ва току сабзавот(28)
وَزَيتونًا وَنَخلًا(29)
ва зайтуну нахл (дарахти хурмо)(29)
وَحَدائِقَ غُلبًا(30)
ва боғҳои пурдарахт(30)
وَفٰكِهَةً وَأَبًّا(31)
ва меваву алаф,(31)
مَتٰعًا لَكُم وَلِأَنعٰمِكُم(32)
то шумову чорпоёнатон баҳра баред,(32)
فَإِذا جاءَتِ الصّاخَّةُ(33)
Чун бонги қиёмат барояд,(33)
يَومَ يَفِرُّ المَرءُ مِن أَخيهِ(34)
рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад(34)
وَأُمِّهِ وَأَبيهِ(35)
ва аз модарашу падараш(35)
وَصٰحِبَتِهِ وَبَنيهِ(36)
ва аз занашу фарзандонаш.(36)
لِكُلِّ امرِئٍ مِنهُم يَومَئِذٍ شَأنٌ يُغنيهِ(37)
Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад.(37)
وُجوهٌ يَومَئِذٍ مُسفِرَةٌ(38)
Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд,(38)
ضاحِكَةٌ مُستَبشِرَةٌ(39)
хандонанду шодонанд.(39)
وَوُجوهٌ يَومَئِذٍ عَلَيها غَبَرَةٌ(40)
Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд,(40)
تَرهَقُها قَتَرَةٌ(41)
дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд.(41)
أُولٰئِكَ هُمُ الكَفَرَةُ الفَجَرَةُ(42)
Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон).(42)